Dive into the Ultimate Free Library: Your One-Stop Hub for Entertainment!

Рᴏҳи ʍуᴄᴛᴀқиʍ ©️

Description
ба дӯстонатон бифиристед  📩

🔹 Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Аз ман ба дигарон бирасонед, ҳатто агар як оят ҳам бошад ...” 📖 Муттафақун алайҳ
Advertising
We recommend to visit

Reklam : https://t.me/+ZNMYRg1fiYBjYmZk

Last updated 10 months, 3 weeks ago

Owner : @iftiano

Last updated 4 weeks ago

hace 3 meses, 1 semana
***📌*** Китоби намоз

📌 Китоби намоз

📜 Абубарза разияллоҳу анҳу мегӯяд:

أَنَّ رَسُولَ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — كَانَ يَكْرَهُ النَّوْمَ قَبْلَ الْعِشَاءِ وَالْحَدِيثَ بَعْدَهَا .

Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам хобидан қабл аз намози ишо ва бедор мондан ва достонсарои баъд аз намози ишоро нописанд медонист.

(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 541)

📲 T.me/hadisTaj

hace 3 meses, 1 semana
***📌*** Китоби намоз

📌 Китоби намоз

📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд:

أَنَّ النَّبِىَّ — صلى الله عليه وسلم — صَلَّى بِالْمَدِينَةِ سَبْعًا وَثَمَانِيًّا الظهْرَ وَالْعَصْرَ وَالْمَغْرِبَ وَالْعِشَاءَ

Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар Мадинаи мунаввара, ҳашт ракъати зуҳр ва аср ва ҳафт ракъати мағриб ва ишоро ба суръат ҷамъ хонд.

(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 543)

📲 T.me/hadisTaj

hace 3 meses, 1 semana
***📌*** Китоби намоз

📌 Китоби намоз

📜 Абу Зарри Ғиффари разияллоҳу анҳу мегӯяд:

كُنَّا مَعَ النَّبي في سَفَرٍ ، فَأَرَادَ الْمُؤَذِّنُ أَنْ يُؤَدِّنَ للظهر ، فَقَالَ النَّبِيُّ صلى الله عليه وسلم: «أَبْرِدْ». ثمَّ أَرَادَ أَنْ يُؤَدِّنَ ، فَقَالَ لَهُ: «أَبْرِدْ". حَتَّى رَأَيْنَا فَيْءَ الثلول.

Дар сафар бо расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам ҳамроҳ будам. Муаззин хост барои намози зуҳр, азон гӯяд, расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Андак сабр кун то ҳаво сардтар шавад". Пас аз чанд лаҳза, бори дигар, муаззин қасди азон намуд. Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд: "Сабр кун то ҳаво сардтар шавад". Ва ин гуна, азони зуҳр то зоҳир шудан сояи теппаҳо, ба таъхир афтод.

(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 539)

📲 T.me/hadisTaj

hace 5 meses
***📌*** Китоби илм

📌 Китоби илм

📜 Ибни Аббос разияллоҳу анҳума мегӯяд:

ضَمَّنِى رَسُولُ اللَّهِ — صلى الله عليه وسلم — وَقَالَ: « اللَّهُمَّ عَلِّمْهُ الْكِتَابَ ».

"Расули Аллоҳ саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам маро дар оғӯш гирифт ва фармуд: "Парвардигоро! ӯро фаҳм ва дарки Қуръонро, иноят фармо".

(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 75)

📲 T.me/hadisTaj

hace 5 meses
***📌*** Китоби илм

📌 Китоби илм

📜 Аз Абдуллоҳ ибни Масъуд разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:

« لاَ حَسَدَ إِلاَّ فِى اثْنَتَيْنِ رَجُلٌ آتَاهُ اللَّهُ مَالاً فَسُلِّطَ عَلَى هَلَكَتِهِ فِى الْحَقِّ ، وَرَجُلٌ آتَاهُ اللَّهُ الْحِكْمَةَ ، فَهْوَ يَقْضِى بِهَا وَيُعَلِّمُهَا ».

"Ҳасад ҷоиз нест ғайр аз ду маврид. Яке, шахсе ки Аллоҳ ба ӯ мол ва сарват дод ва ба ӯ ҳиммат бахшидааст то онро дар роҳи Аллоҳ харҷ кунад. Дувум, шахсе ки Аллоҳ ба ӯ илм ва маърифати шаръи иноят фармуд, ва ӯ аз илми худ дигаронро баҳраманд месозад ва ӯ бо адолат, қазоват мекунад".

(📚 Саҳеҳи Бухорӣ, 73)

📲 T.me/hadisTaj

hace 5 meses
hace 6 meses, 3 semanas

🔷️ Аз Абуҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки Пайғамбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: "Ду калимае ҳастанд, ки маҳбубанд назди Раҳмон, сабуканд гуфтанашон бар забон ва  вазнинанд дар тарозуи рӯзи қиёмат: (Субҳоналлоҳи ва биҳамдиҳи субҳоналлоҳил азим.)  {Ба покӣ ёд мекунам Аллоҳро ва меситоям Ӯро, ба покӣ ёд мекунам Аллоҳи бузургро.}
📖 Саҳеҳи Бухорӣ, 7563
════•❃✿❃• ════
ба дӯстонатон бифиристед  📩

🔹 Паёмбари акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармудаанд: “Аз ман ба дигарон бирасонед, ҳатто агар як оят ҳам бошад ...” 📖 Муттафақун алайҳ
🔗  t.me/hadisTaj

hace 6 meses, 3 semanas

https://telegra.ph/Ba-nomi-Allo%D2%B3i-beni%D2%B3oyat-bahshandai-me%D2%B3rubon-10-18

📲 t.me/hadisTaj

Telegraph

Ба номи Аллоҳи бениҳоят бахшандаи меҳрубон

Ба номи Аллоҳи бениҳоят бахшандаи меҳрубон Сураи Каҳф 18-ҳумин сураи Қуръон буда, макки ва дорои 12- рукӯъ ва 110-оят аст, ин сура ҳамчунин дорои 1201-калима ва 6620- ҳарф ва 630- нуқта мебошад.Номгузории сураБарои ин сура ду ном собит шудааст:1- сураи каҳф:…

***📲*** [t.me/hadisTaj](http://t.me/hadisTaj)
hace 6 meses, 4 semanas

📌 Расулуллоҳ салаллоҳу алайҳи васаллам фармудаанд:

"Ҳар касе аз шумо ба субҳ расид, дар ҳоле, ки дар маконаш амн ва оромист, тансиҳат аз бемориҳост ва хӯрокаи ҳамонрӯзааш мавҷуд аст, пас монанди касонест, ки тамоми "моли дунё"- ро додашудааст".

📖 [Саҳеҳи Ҷомеъ, 6042]

📝 Фоидаҳои ҳадис:

1️⃣. Амн ва оромии ҷомеъа беҳтарин неъмат баъди неъмати Ислом аст.
2️⃣. Тансиҳатӣ, ин беҳтарин бойигарист.
3️⃣. Сабр ва шукр неъматҳоеанд, ки шахсро ба хушбахтӣ мерасонанд. 🖋
📲** @hadisTaj

hace 6 meses, 4 semanas
***📌*** Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам …

📌 Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

"Ман барои шумо аз фақру камбағали нигарон нестам; балки аз он метарсам ки дарвозаи дунё ба рӯи шумо кушода шавад ва монанди гузаштагоне ки барои дунё бо ҳам рақобат карданд, шумо ҳам бо якдигар рақобат кунед ва дунё ҳамон гунае ки онҳоро бо ҳалокат кашид, шуморо ҳам ба ҳалокат бирасонад"

📖 Ривояти Бухорӣ ва Муслим
T.me/hadisTaj

We recommend to visit

Reklam : https://t.me/+ZNMYRg1fiYBjYmZk

Last updated 10 months, 3 weeks ago

Owner : @iftiano

Last updated 4 weeks ago