Infinite Entertainment, Zero Cost: Get Your Free Books, Music, and Videos Today!

Пандҳои бузургон 🅿️

Description
Хирад чашми ҷон аст, чун бингарӣ,
Ту бе чашм, шодон ҷаҳон наспарӣ!

#Фирдавсӣ.
Advertising
We recommend to visit

✅ Бирор бир маҳсулотга буюртма бермоқчи бўлсангиз @SOTUVCHll га ёзинг!

Last updated 9 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 4 weeks ago

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

🧑‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama👉 @activus_reclama

Last updated 1 day, 6 hours ago

2 weeks, 3 days ago

Яке бечораву танҳо,
Яке лабташна дар саҳро,
Яке бедард, бепарво,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке чун моҳие дар шаст,
Яке бепул, яке пулмаст,
Яке бепо, яке бедаст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке бо лаъли хандон аст,
Яке бо чашми гирëн аст,
Яке бо ҷони ларзон аст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке ëри вафодор аст,
Яке бераҳму ҷаллод аст,
Яке муштоқи дидор аст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке аз одамӣ дур аст,
Зи сарват масту маъмур аст,
Ба фикраш, аз Худо зӯр аст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке дар қайди зиндон аст,
Зи аъмолаш пушаймон аст,
Дилаш лабрези армон аст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке аз бачча безор аст,
Яке бар нохунаш зор аст,
Ба ëди бачча бемор аст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке дур аз Ватан бошад,
Чу гул дур аз чаман бошад,
Чу ҷони дур зи тан бошад,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке дар кудакӣ мирад,
Яке аз гушнагӣ мирад,
Зи ҷабрӣ зиндагӣ мирад,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке бе дину имон аст,
Ва хизматгори шайтон аст,
Паи озори инсон аст,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке аз ишқ девона,
Миëни мардум афсона,
Яке бе кӯю бе хона,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

Яке бечораву танҳо,
Яке лабташна дар саҳро,
Яке бедард, бепарво,
Аҷаб дунëст, ин дунë!

@pandhoi_buzurgon
T.me/pandhoi_buzurgon

2 weeks, 3 days ago
***🍃******🍃******🍃******🍃******🍃******🌼******🍃******🍃******🍃******🍃******🍃***

🍃🍃🍃🍃🍃🌼🍃🍃🍃🍃🍃

Ҳамсари нағз номи мард боло кунад,
Ҳамсари бад умри мард расво кунад.

Ҳамсари нагз мешавад болои сар,
Ҳамсари бад мекунад хуни ҷигар.

Ҳамсари нагз мегӯяд: боло нишин,
Ҳамсари бад мегӯяд ту калтабин.

Ҳамсари нағз мекунад андешаҳо,
Ҳамсари бад дур кунад аз хешҳо.

Ҳамсари нағз мекунад ёд аз Худо,
Ҳамсари бад мекунад шайтониҳо.

Ҳамсари нағз мекунонад некном
Ҳамсари бад мекунад умрат хазон.

@pandhoi_buzurgon

2 weeks, 3 days ago

ҚИССА💚

Салоҳ ё фасоди зан, дар ахлоқ ва имони шавҳараш таъсиргузор аст!

Имом Ҳасани Басрӣ мегуяд: Дар Макка назди марди матоъфурӯше таваққуф карда, хостам матоъе аз ӯ харидорӣ намоям, аммо ҳангоме, ки дидам барои васфи молаш савганд мехӯрад, бо худ гуфтам: Харид аз чунин касе раво нест. Ӯро тарк карда аз дигаре харид намудам.

Ду сол баъд аз он ҳодиса ба нияти адои ҳаҷ боз ба Макка рафтам ва боз ҳам ҳамон марди матоъфурӯшро, ки ҳангоми муомила бисёр савганд мехӯрд, дидам. Дар наздаш таваққуф кардам. Аммо ин бор аз ӯ нашунидам, ки молашро васф кунаду савганд хӯрад.

Гуфтам: Оё ту ҳамон касе нестӣ, ки чанд сол пеш дар наздат будам?
Гуфт: Бале
Гуфтам: Чи чиз боис шуд, ки ин гуна тағйир кунӣ ва намебинам, ки барои таъриф аз молат савганд ёд кунӣ?
Гуфт: Зане доштам, ки агар бо андак пулу мол ба хона боз мегаштам, онро кам пиндошта таҳқираш мекард. Ва агар пулу моли кофӣ ҳам мебурдам, боз ҳам норозӣ буд. Аммо он зан вафот кард ва ман зани дигар гирифтам. Ҳоло ҳар гоҳ аз хона берун шавам, занам гӯшаи либосамро гирифта ба ман мегуяд: Фалонӣ, аз Худо битарс ва ҷуз моли поку ҳалол чизе ба хона наёвар. Агар бо пули андак ҳам ба хона баргардӣ, онро зиёд медонам. Ва агар чизе ҳам наорӣ, туро бо пулу даромади ресандагии худ ёрӣ медиҳам, аммо пул ва моли ҳаромро аз ту намепазирам.

3 weeks, 3 days ago

ВАҚТЕ КИ ОШИҚ МЕШАВӢ, БИСЁР ЗЕБО МЕШАВӢ...

Вақте ки ошиқ мешавӣ, бисёр зебо мешавӣ,
Чун шеърҳои Мавлавӣ бисёр зебо мешавӣ.

Шаҳбонуи Шаҳномаӣ, парвардаи афсонаӣ,
Бо фарру ишқи хусравӣ бисёр зебо мешавӣ.

Мисли баҳорон мерасӣ, бо лутфи борон мерасӣ,
Дар зери борон медавӣ, бисёр зебо мешавӣ.

Як лаҳза бо нозам кушӣ, як лаҳза мебахшӣ хушӣ,
Атри нафасҳо исавӣ, бисёр зебо мешавӣ.

Аз дидани пайдарпайат ҳаҷри ту ширинтар гаҳе
Вақте ба хилват меравӣ, бисёр зебо мешавӣ.

Аз куҳнагиҳои ҷаҳон бигрехта ҷўям туро,
Ту дигарӣ, ҷони навӣ, бисёр зебо мешавӣ.

Бо нақши рўи бебадал дар лавҳи ёдам аз азал
Чун нақшҳои монавӣ бисёр зебо мешавӣ.

Аз рўзи аввал будаӣ зебову нотакрор, лек
Вақте ки ошиқ мешавӣ, бисёр зебо мешавӣ.

Бознашр аз "Садои Шарқ", √7, 2022
Бузургмеҳри Баҳодур

3 weeks, 3 days ago

БАЪДИ МАН ТИРА НЕСТ ИН ДУНЁ...

Чашмҳоям пуроб мемонад,
Дилам аз ғам кабоб мемонад.

Мисли ҳоли дили пур аз хунам
Вазни шеърам хароб мемонад.

Номаҳои зиёд бинвиштам,
Гар равам, беҷавоб мемонад.

Ишқи ман бо тамоми сӯзишҳо
Дар миёни китоб мемонад.

Ёр агар аз барам равад шоме,
Раҳнамо моҳтоб мемонад.

Баъди ман тира нест ин дунё,
Нурбор офтоб мемонад.

Меравам, шеърҳои ногуфта
Дар дилам беҳисоб мемонад.

21.06.2022

КӮҲЗОД ФАТҲУЛЛО

3 weeks, 3 days ago

Бархез то ба аҳди амонат вафо кунем,

Тақсирҳои рафта ба хидмат қазо кунем!

Бе мағз буд сар, ки ниҳодем пеши халқ,

Акнун фурӯтанӣ ба дари кибриё кунем!

Дорулфано кирои марамат намекунад,

Биштоб то иморати дорулбақо кунем!

Шайх Саъдӣ.

1 month ago
Пандҳои бузургон 🅿️
1 month ago
Пандҳои бузургон 🅿️
1 month ago
Пандҳои бузургон 🅿️
3 months ago
Пандҳои бузургон 🅿️
We recommend to visit

✅ Бирор бир маҳсулотга буюртма бермоқчи бўлсангиз @SOTUVCHll га ёзинг!

Last updated 9 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 4 weeks ago

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

🧑‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama👉 @activus_reclama

Last updated 1 day, 6 hours ago