صدای دل САДОИ ДИЛ

Description
دل مرنجان که ز هر دل به خدا راهی هست...

Дил маранҷон, ки зи ҳар дил ба Худо роҳе ҳаст...

Мудираи торгоҳ:
@Asheghe_tanhaee
We recommend to visit

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

?‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama? @activus_reclama

Last updated 1 year, 8 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 1 year, 8 months ago

1 year, 6 months ago
1 year, 6 months ago
Зиндагӣ даргузар аст ва одамӣ раҳгузар...

Зиндагӣ даргузар аст ва одамӣ раҳгузар...

@sedoye_del

1 year, 6 months ago
**То Худо банданавоз аст ба халқаш …

**То Худо банданавоз аст ба халқаш чӣ ниёз..?

Қайсар Аминпур**@sedoye_del

1 year, 8 months ago

Дӯст дорам раҳраву деворҳои деҳаро,
Хорҳои деҳаро, озорҳои деҳаро.

Меситоям рӯду ҳавзу чашмаи покизааш,
Хоку сангу чангу ҳам гулзорҳои деҳаро.

Мекунам омода чанголӣ, ки то созам зи худ,
Гулҳунарҳои ба зан даркорҳои деҳаро.

Гоҳ-гоҳе аз баландиҳо тамошо мекунам,
Пахтазору мактабу шудгорҳои деҳаро.

Ростӣ, бар шаҳр даъват мекунандам дӯстон,
Бар кӣ, охир, вогузорам корҳои деҳаро?

Гуфтиям, рӯмолакат, Руъё, набошад мӯди нав,
Аз чи рӯ ман бишканам меъёрҳои деҳаро?

✍️Руъё

@sedoye_del

1 year, 9 months ago

ОХИРИН БАРГ

Ман туро беш аз худам,
беш аз ҳаётам… дўст медорам!
Дар намои ашкҳоям
дар сафои хандаҳоям,
дар ғуруби дарду андўҳам,
дар тулўи зарҳалини орзуи пуршукўҳам,
дар таманнои нишотам
дўст медорам.

Ман туро ҳар лаҳзаву ҳар сония,
Хоб ё бедор,
Маст ё ҳушёр,
Бардаму афтодаву абгор,
Андар умқи чоҳи бетаҳ,
Дар баландии канори дор
Дўст медорам.

Ман туро чун бўстони сабз
дар канори сарзамини умр,
Ман туро дар лаҳзаҳои вопасини
вопасини
вопасини умр
Дўст медорам!

Ман туро мисли дарахти сарфароз
То бувад дар шохсори тирамоҳам
охирин баргам,
Ман туро дар ларзаҳои ҷон,
Ман туро дар лаҳзаҳои марг,
Ман туро ҳам баъди маргам, баъди маргам,
баъди маргам…
Дўст медорам!

Ман дар ин дунё, дар он дунё
туро ҳар лаҳза пазмон интизорам,
Интизорам, интизорам,
эй фари ҷон,
интизорам…

Ман туро механдаму мегиряму
ҳамчун нафас дар хеш меорам,
Ман ба ёди атрогину ба номи ишқозинат
Ҷони ноарзандаи худро
ба сад арзиш, ҳазор уммеди вопас
Дар димоғи хеш медорам,
То ки дар поят супорам.

Гўши ман мисли садаф аз дур
пур аз овои туст,
Чашми ман чун осмон аз ахтарон
пур аз намои туст,
Ҷони ман чун зиндагӣ аз файзи қудсӣ
аз ҳавои туст.

Байни мову ту ягон сеҳру бало нест,
Ҳам агар бошад, ба ҷуз барги хазони
бодпаймо нест,
Байни мову ту ба ҷуз ин дил-дили ман,
Ин дили чун чашма саршори фурўғи
ишқи зебо нест,
Байни мову ту ба ҷуз файзи сафобахши
таъоло нест..!

Ишқи ман монад ҳамеша посбони ҷони ту,
Ёди ман дар ёди ту монад
чу тўмори балогардони ту.

Дар дилу ҷонат мабод аз ман ғубори
носазо ҳаргиз.
Ҷони ширинам!
Худо ҳофиз!
Худо ҳофиз!
Худо ҳофиз!

Камол Насрулло

@sedoye_del

1 year, 9 months ago
Гоҳе зиндагӣ тамоми зебоияшро дар қолаби …

Гоҳе зиндагӣ тамоми зебоияшро дар қолаби як шахс ба ту ҳадя медиҳад...

@sedoye_del

1 year, 11 months ago

Баҳри ҷаннат зоҳидонро ҷустуҷуст,
Дар дили ошиқ нағунҷад ғайри дӯст.
(Асирии Лоҳиҷӣ)

@sedoye_del

1 year, 11 months ago
2 years, 2 months ago
گر هزارم جفا و جور کنی،

گر هزارم جفا و جور کنی،
دوست دارم هزار چندانت...

Гар ҳазорам ҷафову ҷавр кунӣ,
Дӯст дорам ҳазор чандонат...

#Саъдӣ

@sedoye_del

We recommend to visit

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

?‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama? @activus_reclama

Last updated 1 year, 8 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 1 year, 8 months ago