Parviz Tech

Description
Хабарҳо ва баррасиҳои технологӣ! Дар ин ҷо шумо навгониҳои охирини гаҷетҳо, маслиҳатҳои нармафзор, хабарҳо аз ҷаҳони IT ва ғайраҳоро хоҳед ёфт.

Admin: @parviztursunov
Advertising
We recommend to visit

🔞КАТТАЛАР УЧУН!

🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 2 weeks, 5 days ago

🕵🏻‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

🔞 КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot

💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻‍💻 Админ: @XokimBuva_ads

Last updated 4 days, 17 hours ago

🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!

🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 5 days, 11 hours ago

2 months, 2 weeks ago
Parviz Tech
2 months, 2 weeks ago
Parviz Tech
2 months, 2 weeks ago
Parviz Tech
5 months ago
**Nvidia арзишмандтарин ширкат дар ҷаҳон гардид**

Nvidia арзишмандтарин ширкат дар ҷаҳон гардид

Арзиши бозории ширкати амрикоӣ аз 3,34 триллион доллар гузашта, бори аввал аз Microsoft ва Apple пеш гузашт.

@parvzitech

5 months, 1 week ago
Дар интернет ба як факти аҷоиб …

Дар интернет ба як факти аҷоиб во хӯрадам.

Дар олами криптовалюта одатан бозигарони бетаҷриба, воҳимачиву зудбовар, ки ба фишори равонӣ осебпазиранд ва ба овозаҳо бовар мекунанд, ё дороиҳои худро ба созмонҳои тасдиқнашуда бовар мекунанд, то фоидаи хуб ба даст оранд, медонед чунин одамонро чи мегуфтиянд? Хамякҳо ё Хамстерҳо))

Маҳз хамстерҳо дороиро дар авҷи нарх мехаранд ва дар вақти паст шудани нарх мефурушанд.

@parviztech

5 months, 1 week ago

Мана мактаб ҳам тамом шуд, ҳама хатмкунандагон аз пайи интихоби касб.

Аз таҷрибаи худ мегӯям, шояд барои касе кор мекунад, шояд барои касе умуман дуруст намегирад, шояд барои касе ин гапо просто пӯчоқи семечка.

Медонам ҳамсинфат прокурор шудан мехоҳад, ту ҳам ба онҷо рафтанат шарт нест. Оо медонам хонангиҳот духтур шав гуфта истодаанд, аммо ту химияву биология иловагӣ меравам гуфта контур зада меомадӣ, аммо зиқ наваш ҷӯра, ин ҳам муҳим нест. Аммо дурусташро аз худат пурс, пул дар ҳама соҳа ҳаст, муҳим меҳнат кардан ва беҳтарин шудан аст.

Ин маслиҳатҳоро мардак барин гӯш кун, кам намешавӣ.

- Забони аглисиро хуб омӯз, дар кадом соҳае, ки наравӣ.
Ҳа, ба кадом як маркази омӯзиши рафтаву 3 моҳ хонда ба ғайри вери гуду хау олд а ю, дигар чизро надонистан ҳисоб не дӯстам.

- Худро бо дигарон муқоиса накун.
Бигзор кадом Баха дар Инстаграм бо Прадо сурат партод, бо вай корат набошад, шояд вай падари бой дорад, шояд аз кадом рентака як ду соата мошин гирифта бошад, ин муҳим нест. Муҳимаш ту, ояндаи ту.

— Дӯстони беҳтаринатро зиёд кун.
Дӯстони контурстрайк мезадагит туро пеш намебарад, дӯстоне пайдо кун, ки серҳаракат меҳнатдӯст, кордон, бизнесмен бошанд.

— Барои оила барпо кардан саросема нашав. Мон ҳамон ҳамсинфат Наргизаро, аз фикри вай рӯзҳои наздик бомж шуда монданат мумкин, ояндата бен, илм омӯз, кор омӯз, пулдор шав ва интихобҳоят васеъ мешавад.

— Бо варзиш машғул шудан ва хӯроки солим. Бас будагист "Аз рузи душанбе сар мекунам" гуфта садҳо рӯзи душанберо беҳуда гузарондан, мардак барин аз рӯзи якшанбе сар кун.

— Болои худ кор кун, то ки ба дасти дигарон кор накунӣ. Яҳудиҳо як дуои хело бад доранд агар касе сахт хафа кунад мегуфтиянд, ки "Рӯзат ба маош монад". Барои ҳамин ҳама вақт болои худат кор кун, то рӯзат ба маош намонад.

— Бо негативҳо наздик нашав. (илоҷаш бошад фейсбукатро удалит кун, агар надошта боши хело хуб)
— Ба худ боварӣ дошта бош.
— Ҳамеша омӯз.
Гап ҳамин ҷӯра.

@parviztursunov_blog

6 months, 3 weeks ago
***?*** Олимон ҳафт оташфишонии пурқуввати офтобиро …

? Олимон ҳафт оташфишонии пурқуввати офтобиро сабт карданд, ки дутои онҳо синфи X мебошанд.

☀️ Одатан бо партовҳои плазмаи офтобӣ, ки абрҳои онҳо ба Замин расида, тӯфонҳои магнитиро ба вуҷуд меоранд.

6 months, 3 weeks ago
Чизҳое, ки ман дар 34-солагиам фаҳмидам!

Чизҳое, ки ман дар 34-солагиам фаҳмидам!

Дар мактаб бо баҳои 5-4 ё 2-3 хонданат дар зиндагӣ ягон аҳмият надорад, чун баҳои зидагӣ дигар аст.

Омӯхтани забони англисӣ бароям дарҳои зиёдеро боз кард.

Бо дигарон муқоиса кардани худ ҳамеша маро ба қафо мебурд, худро бо як соли пеши худ муқоиса кардан аҷоиб аст.

Хостам дӯстони беҳтаринамро зиёд кунам, аммо нашуд, дӯстони ҷонӣ як ё максимум дуто мешавад.

Танҳо ба падару модарам бовар дорам.

Қисми зиёди муваффақияти мард аз ҳамсари интихобкардаи ӯ вобаста аст.

Дар зиндагӣ фикри ҳама чизро осон, муфт ба даст овардан хатост.

Бо варзиш машғул шудан ва хӯроки солим, пиёда ҳаррӯз 5k -10k қадам роҳ рафтан — гарави саломатӣ аст.

Хондан, аммо ҳама китобро аз як лаб хондан ин беақлист, барои ин УМРИ инсон камӣ мекунад, ба мақсад наздик китобҳоро хондан лозим.

Бо негативҳо наздик шудан, дунёро ба назарат торик мекунад.

Атрофиёнат беҳтар бошанд ту ҳам яке аз онҳоӣ.

Ба худ боварӣ доштан, ҳаракати беохир, даст напартофтан асоси муваффақият аст.

@parviztursunov

6 months, 3 weeks ago

Барои дақиқ ҷойи телефони шуморо донистан 4 спутник лозим мешавад.

Ҳар як моҳвора пайваста сигналҳоеро интиқол медиҳад, ки дар бораи ҷойгиршавӣ ва вақти интиқоли он маълумот доранд. вай ин корро на бо дархости касе иҷро мекунад. аз ин рӯ, ҳар дастгоҳи дорои қабулкунаки GPS метавонад ин маълумотро аз он дар дилхоҳ вақт қабул кунад.

GPS маъмултарин системаи навигатсионии моҳвораӣ мебошад, ки аллакай барои ҳама системаҳои шабеҳ номи маъмулӣ шудааст. вале вай ягона нест.

ГЛОНАСС — системаи навигатсионии Россия
beidou — системаи навигатсионии Чин
Galileo — системаи навигатсионии Аврупо
Quasi-Zenith — системаи навигатсионии Ҷопон
IRNSS — системаи навигатсионии Ҳиндустон

@parviztech

6 months, 4 weeks ago
Хулосаҳои таҳқиқот.

Хулосаҳои таҳқиқот.
Одамоне, ки дар рӯзҳои истироҳатӣ соатҳои тӯлонӣ хоб мекунанд, эҳтимолан камтар аз депрессия азоб мекашанд.

Якчанд соат хоби иловагӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ нишонаҳои депрессияро 38-46% коҳиш медиҳад, махсусан ба онҳое, ки дар рӯзҳои корӣ кам хоб мекунанд.

@parviztech

We recommend to visit

🔞КАТТАЛАР УЧУН!

🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 2 weeks, 5 days ago

🕵🏻‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

🔞 КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot

💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻‍💻 Админ: @XokimBuva_ads

Last updated 4 days, 17 hours ago

🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!

🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 5 days, 11 hours ago