Why Pay for Entertainment? Access Thousands of Free Downloads Now!

Омӯзиши илм | 𝙯𝙖𝙫𝙟𝙖𝙝

Description
Ин ша Аллоҳ ин канал барои занони мусалмон аҳкоми Аллоҳ ва расулашﷺ ба нашр гузошта мешавад.
Advertising
We recommend to visit

PRIKOL VIDEOLARNI DODASI

Admin @REKLAM_UZPRIKOL

Last updated 1 year, 7 months ago

☎️ Реклама 👉 @Koshona

🎭 Топ приколлар фотолар ва қизиқарли видеолар. Кун давомида, энг саралари сизлар учун.

Last updated 2 weeks ago

✅ Бирор бир маҳсулотга буюртма бермоқчи бўлсангиз @SOTUVCHll га ёзинг!

Last updated 9 months, 2 weeks ago

1 month, 3 weeks ago

**ФАЗИЛАТИ РӮЗА ВА МОҲИ РАМАЗОН

(شَهْرُ رَمَضَانَ الَّذِي أُنْزِلَ فِيهِ الْقُرْآنُ هُدًى لِلنَّاسِ وَبَيِّنَاتٍ مِنَ الْهُدَىٰ وَالْفُرْقَانِ ۚ فَمَنْ شَهِدَ مِنْكُمُ الشَّهْرَ فَلْيَصُمْه)

🎙 Моҳи Рамазон, моҳе, ки Қуръон барои роҳнамоӣ ва ҳидоят ва ҷудокунанда миёни ҳаққу ботил дар он нозил шудааст. Пас касе, ки дар моҳи Рамазон ҳозир бошад, бояд рӯза бигирад.
🕋Сураи Бақара, ояти:185.

✍🏻 Моҳи Рамазон, моҳи ибодат ва тоъат аст, моҳи нузули Қуръони карим аст дар бораи ин моҳи пурбаракат фазоили бисёре омадааст мо дар инҷо ба зикри гушаҳое(1) аз ин фазоил мепардозем.
———————————————————
(1) Гушаҳо-яъне баъзе, ё чанде.
———————————————————
✍🏻 1-Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу мефармояд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуд:Касе, ки бар асоси имони ба Худо ва умеди аҷру подош аз Ӯ моҳи Рамазон-ро рӯза бигирад, гуноҳони гузаштааш бахшида мешавад.(2)
———————————————————
(2) Имом Бухорӣ (1901) ва Муслим (760) ривоят кардаанд.

———————————————————
✍🏻 2-Ва аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам фар-муд:Худованди азза ва ҷалла мефармояд:Ҳамаи аъмоли фарзандони Одам барои худаш аст, магар рӯза, ки ба рости барои Ман аст. Ва Ман худам подоши онро медиҳ-ам. Рӯза сипар аст, пас ҳаргоҳ рӯзи разадорӣ яке аз шумо буд, сухани зишт ва носазо нагӯяд ва фарёд назанад ва ҳаргоҳ касе ба ӯ носазо гуфт, ё бо ӯ даргир шуд, бигӯяд: Ман рӯзаам(3). Қасам ба Худованде, ки ҷони Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар дасти Ӯст, тағйири бӯи даҳони шахси рӯзадор назди Худованд аз бӯи мушк хушбутар аст. Ва барои шахси рӯзадор ду хушҳолӣ аст, ки бо он хушҳол мегардад:Ҳангоме ки ифтор мекунад, ба ифтораш хушҳол мешавад ва ҳангоме ки Парвардигораш-ро мулоқот мекунад, ба рӯзааш хушҳол мешавад.(4)
———————————————————
(3) Рӯзаам-рӯзадорам.

(4) Имом Бухорӣ (1904) ва Муслим (1151) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 3-Аз Саҳл ибни Саъд разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расулуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам фар-муд:Ҳамоно дар Биҳишт дарвозае аст, ки ба он Райён гуфта мешавад. Дар рӯзи қиёмат танҳо рӯзадорон аз он ворид мешаванд, нидо дода мешавад:Рӯзадорон куҷо ҳастанд? Онгоҳ бармехезанд ва аз он дарвоза ворид мешаванд, пас аз он ки ворид шуданд, дарвоза баста мешавад ва каси дигар аз он ворид намешавад.(5)
———————————————————
(5) Имом Бухорӣ (1896) ва Муслим (1152) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 4-Аз Абӯҳурайра разияллоҳу анҳу ривоят аст, ки мегӯяд, Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам ме-фармояд:Ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои Биҳишт гушуда(6) мешавад ва дарҳои Дӯзах баста мегардад ва шаётин(7) дар банд ва занҷир мешаванд.(8)
———————————————————
(6) Кушода.

(7) Шаётин-шайтонҳо.

(8) Имом Бухорӣ (1898) ва Муслим (1079) ривоят кардаанд.
———————————————————
✍🏻 5-Ва дар ривояти дигар омада (аст):Ҳаргоҳ моҳи Рамазон фаро расад дарҳои раҳмат боз мешавад ва дарҳои Дӯзах баста мегардад ва шаётин ба занҷир кашида мешаванд.(9)
———————————————————
(9)Саҳеҳи Муслим 2\1079.
———————————————————
✍🏻 6-Ва дар ривояти имом Тирмизӣ дар дунболаи ҳадис чунин омадааст:Ва нидокунандае нидо медиҳад. Эй касе, ки хоҳони хайру хуби ҳастӣ ҷилав(10) биё ва эй касе, ки хоҳони шарру бадӣ ҳастӣ даст бардор ва Худованд бандагонеро аз оташ озод мекунад ва ин дар ҳамаи шабҳои Рамазон аст.(11)
———————————————————
(10) Ҷилав-пеш, наздик.

(11) Сунани Тирмизӣ (682).
———————————————————
✍🏻 Ҳамчунон ки гуфтем аҳодиси(12) бисёре дар бораи фазилати рӯза ва моҳи мубораки Рамазон омадааст, ки мо дар инҷо ба ҳамин қадар иктифо мекунем.
———————————————————
(12) Аҳодис-ҳадисҳо.
———————————————————
🌷 Умед аст, ки Аллоҳ тавфиқ диҳад, то ба ин аҳодис амал намоем.***

1 month, 3 weeks ago

☑️БО ҲАМСАРАТОН ДАР КОРҲОИ ХОНА ШАРИК ШАВЕД. 🌷Оиша رضی الله عنها мефармояд: паёмбар ﷺ кафшҳояшро худ таъмир мекард ва либосҳояшро медӯхт; дар хона монанди як нафари одди кор мекард. Монанди ҳамаи инсонҳо, либосҳояшро васила мезад ва гусфаедонашро медушид…

1 month, 3 weeks ago

☑️БО ҲАМСАРАТОН ДАР КОРҲОИ ХОНА ШАРИК ШАВЕД.
🌷Оиша رضی الله عنها мефармояд: паёмбар ﷺ кафшҳояшро худ таъмир мекард ва либосҳояшро медӯхт; дар хона монанди як нафари одди кор мекард. Монанди ҳамаи инсонҳо, либосҳояшро васила мезад ва гусфаедонашро медушид худаш ходими
Худаш буд!
(مشکاه المصابیح (2/520)).

🌷Аиша رضي‏ الله‏ عنها мегуяд: аз ман дар бораи умуре, ки расул Аллоҳ ﷺ дар хона анҷом медод, савол намуданд. Ҷавоб додам: расул Аллоҳ ﷺ дар корҳои хона, ҳамсарони худро кӯмак мекард. Аммо маҳзн ин ки вақти намоз мерасид, барои намоз, берун мерафт.
🔸 عَنْ عَائِشَةَ رَضِيَ الله عَنْهَا أَنَّهَا سُئِلَتْ: مَا كَانَ النَّبِيُّ ﷺ يَصْنَعُ فِي بَيْتِهِ؟ قَالَتْ: كَانَ يَكُونُ فِي مِهْنَةِ أَهْلِهِ، تَعْنِي خِدْمَةَ أَهْلِهِ، فَإِذَا حَضَرَتِ الصَّلاةُ خَرَجَ إِلَى الصَّلاةِ.
(Бухорӣ:676) .

Паёмбарﷺ аз ҳама мардум дар аҳд ва паймон бо вафотар буд ва дар риояти силаи раҳм ҳасостар буд. Дар меҳрубони ва шафақат назар надошт. Дар муошират ва риояти одоб аз ҳама некутар ва беҳтар буд ва нисбат ба умум мардум аз ҳама хушрутар ва хушахлоқтар буд

📚جامع الاحادیث الصحیحالصحیح

•┈┈┈┈┈•✿🌸✿•┈┈┈┈┈•
Ба канали телеграм 𝙕𝘼𝙑𝙅𝘼𝙃 дохил шуда ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед.

3 months, 4 weeks ago

ДИФОИ РАСУЛИ АЛЛОҲﷺ АЗ ЗАНОН.

🌸🌸🌸🌸

ПӮШИДАНИ ЛИБОСИ АБРЕШИМ ВА ТИЛЛО БАРОИ ЗАНОН ҲАЛОЛ ВА БАРОИ МАРДОН ҲАРОМ АСТ.

Расули Аллоҳ ﷺ мефармояд:

Аз Абумусои Ашъари ривоят аст ки Паёмбар салаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд:

« حرم لباس الحریر و الذهب علی ذکور أمتی، و أحل لإناثهم »

Тарҷума: "Пӯшидани либоси ҳарир ва тилло барои мардони уммати ман ҳаром шудааст ва барои занон ҳалол аст"

[سنن الترمذی: ۱۷۲۰]

📚[аз китоби: 100 ҳадис дар бораи ҷойгоҳи зан дар Ислом].

•┈┈┈┈┈•✿🌸✿•┈┈┈┈┈•

Ба канали телеграм ‌
< 𝙕𝘼𝙑𝙅𝘼𝙃 > дохил шуда ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед.

​​​

3 months, 4 weeks ago

بسم الله الرحمن الرحيم 🌸*🌸 🌸*🌸

БО ЗАНОНАТОН ДАР УМУРИ ЗИНДАГИ МАШВАРАТ КУНЕД.

- Аз ҷумла машварат паёмбар ﷺ бо ҳамсаронаш ин буд ки баъд аз қарордоди حديبيه бо асҳобаш фармуд: (قوموا فانحروا ثم احلقوا). (баланд шавед забҳ кунед ва сипас сарҳоятонро битарошед). Ба Аллоҳ қасам! То се бор ин ҷумларо такрор кард, касе аз занон баланд нашуд вақте дид, ки ҳиҷ кас баланд нашуд, Паёмбар ﷺ назди Умми Салама رضي الله عنها рафт ва рафтореро, ки аз мардум сарзада буд барояш таъриф кард, Умми Салама гуфт: Эй паёмбари Аллоҳ! Агар ин корро (забҳ ва сартарошидани сарро) дӯст дори берун бирав ва то шутури худро забҳ накардаи ва ороишгаратро садо назадаи ки саратро битарошад бо ҳиҷ касе ҳатто як калима ҳарф назан, Паёмбар ﷺ берун рафт ва то ин амалро анҷом надод бо ҳиҷ кас аз онҳо суҳбат накард. Вақте, ки асҳоб ин вазъиятро диданд, баланд шуданд ва забҳ карданд ва сари ҳамдигарро тарошиданд, ба тавре, ки аз руйи нороҳати (суръати кор) наздик буд ҳамдигарро бикушанд.

📌Ба ин сурат Аллоҳ назари Умми Салама ҳамсари Паёмбар ﷺ- ро барои мояи хайр қарор дода, бархилофи ضرب المثلهاى золимонаҳое, ки дар миёни мардум ривоҷ дорад ва онҳоро аз машварат бо занон барҳазар медоранд ва мегӯянд: машварат агар бо занон суд дошта бошад ба вайронии яксол ва агар суд надошта бошад ба вайронаи тамоми умр мунҷар мешавад.

📚[صحيح البخاري(٤٠٤٢)

📚[аз китоби: 100 ҳадис дар бораи ҷойгоҳи зан дар Ислом].**

4 months ago

بسم الله الرحمن الرحيم🌸

→ → < 𝙕𝙖𝙫𝙟𝙖𝙝 > ← ←

Чигуна_як_духтар_ва_зани афиф_покдоман бошем ?

🌸хело аз хоҳарони мо идаои афиф буданро мекунанд, аммо воқеан як духтар афиф кист?

🌸Иффат аз муҳимтарин сифати як зани муъмина ва солеҳа аст. Як бону афиф ҳам нафаси худро маъсум нигоҳ медорад ва ҳам дигаронро аз афтодан ба фитна ҳифз мекунад. Ӯ фарзандонашро ба беҳтарин шакл тарбият мекунад ва худаш барои онҳо улгуи як шахси солеҳ мешавад.

🌸Аллоҳ عزوجل "Иффати" Марям Бинти Имронро сутуда ва фармудааст:
{وَمَرْيَمَ ابْنَتَ عِمْرَانَ الَّتِي أَحْصَنَتْ فَرْجَهَا فَنَفَخْنَا فِيهِ مِن رُّوحِنَا وَصَدَّقَتْ بِكَلِمَاتِ رَبِّهَا وَكُتُبِهِ وَكَانَتْ مِنَ الْقَانِتِين}
(Таҳрим :12).

Тарҷума:«Ҳамчунин Аллоҳ (аз миёни мӯъминон, дувумин улгӯй) Марям духтари Имронро мисол задааст ки доман ба гуноҳ наёлуда ва худро пок нигоҳ дошт, ва мо аз руҳ мутаълиқ ба худ дар ӯ дамидам, ва ӯ суханони парвардигораш ва китобҳояшро тасдиқ кард, ва аз зумраи мутиъон ва фармондорони Аллоҳ буд.
Барои касби ин сифат наметавонем танҳо бар одатҳои фитри ё омузишҳо ва тарбияти даврони кудаки иктифо кунем балки дар ин роҳ бояд ба ҷиҳод бо нафс ва тазкияи руҳ бипардозем ва аз корҳои бад даст бикашем. Хушо ба ҳоли касе ки ба ин ахлоқи бузург ва сифати шариф даст ёфта аст.

🌸Асбобе ки дар роҳи касби иффат моро ёри медиҳад иборатанд аз:
🌸Тарбияти духтарбачаҳо бар асоси ҳаё ва пушидаги ва ахлоқи ҳамида.

🌸Тазкияи ҳамешагии нафс ва рӯй овардан ба тоат.
🌸 Ҳамнишини бо солеҳон.
🌸Дури аз ҳар чизе ки қалбро аз тоъати Аллоҳ عزوجل мунҳариф мекунад.

🌸 худдори аз тамошои аксҳои ғайри ахлоқи ва шунидани таронаҳои фосид.
🌸Иктифо ба сухани маъруф ва мутаъриф байни мард ва зан ва аз ҳад нагузаронидани суҳбат ба шакле ки маҳбуб дустиҳои ҳаром шавад.

🌸Пайрави накардан аз гомҳои шайтон.

🌸Пойбанд ба иффат ба хотири даст овардани ба ризоияти Аллоҳ бошем на фақат барои раҳои аз сухани мардум ва ҳифзи обуруйй ва некноми.

🌸Ёри хостан аз Аллоҳ барои субот ва. Пойдори бар имон ва зиёд дуо кардан барои касби он.

🌸ҳифзи неъмати иффат бо ба ҷо овардани шукри он.

🌸Таваҷҷӯҳ ба ин ки афиф будан тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва шоиста нест ки зане онро ба қудрати азим ва иродаи худ нисбат диҳад ва фазли Аллоҳро дар ин неъмат фаромӯш кунад.

🌸Аз занони солеҳ ва покдоман пайравӣ кунед, ки ҳамсарони Паёмбар ва духтарони ӯ ва ононеро, ки Аллоҳ таъоло дар китоби худ васф кардааст.

🌸Сабр бар фитнаҳо ва пойбанд ба таҳорат ва покдомани дар замоне, ки доъиёни шаҳват мешуморанд ва дастёби ба шаҳватҳо бисёр осон аст. Сабр дар чунин замон кори бузургест ки савоби фаровоне назди Аллоҳи мутаъол дорад.

🌸Пойбанди иффат ва ҳаё дар зоҳир ва ботин. Шоиста нест зане бо зоҳири афиф ва бо ҳашамат мудом ба чап ва рост чашм бигардонад, аммо дар ҷалби назар мардум бошад ё назди номаҳрамон сухани нарм ва нозук бигӯяд ва ё бо ҳаракоти худ дигарон ба фитна биандозад ва ба наҳве ки бар ӯ ҳаром аст сабаби таҳрики қалбҳо шавад.

🌸Зани муъмина ва афифа ганҷигарнбаҳо аст, гавҳари сарбаста аст, ва рукни муҳиме барои саодати ҷомеаи исломи аст. Ӯ барои ҳамсараш асбоби осон ва оромиш ва барои фарзандонаш тарбияи саҳеҳ ва барои волидайнаш хушноми ва сарбаландиро фароҳам мекунад.

📚баргирифта шуд аз китоби«‌ ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!».

Дар канали телеграм ‌«ончи ки ҳама занони мусалмон бояд бидонанд!‌» аъзо шуда,ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед

4 months ago

. 𝗭𝗔𝗩𝗝𝗔𝗛 .

Ин ша Аллоҳ дар ин канал барои занони мусалмон аҳкоми Аллоҳ ва расулашﷺ ба нашр гузошта мешавад.

`Ин шаа Аллоҳ кушиши мо барои бедории он занон ва хоҳароне, ки то ҳол дар ғафлат умр ба сар мебаранд, ва дониста ё надониста дар бархе аз масоил муртакиби куфр мешаванд.

ВА ЁДОВАРӢ ДАР МАВРИДИ ҲУҚУҚИ ЗАН ВА МАРД АЗ РУЙИ ШАРИАТ.

🌸`**Оила дар ислом

🌸Муносибатҳо дар оила

🌸Ҳуқуқҳои зану шавҳар

🌸Маҳрумият дар Ислом

🌸Насиҳат барои зану шавҳар** Ва занҳои салафи солеҳ чи гуна будандбуданд ин шаа Аллоҳ ҳамроҳ меомузем :)

Ва боз кӯшиш мекунем ҳадисҳоро низ нашр кунем ин ша Аллоҳ

Саҳифаро фи СабилилЛаҳ паҳн созед @parhezgor_taj

4 months ago
4 months ago

)

`اَلسَّلَامُ عَلَيْكُمْ وَرَحْمَةُ ٱللَّٰهِ وَبَرَكَاتُهُ

Ҳамаги 26 нафар овоз додаанд ва 5 нафар рози нестанд канали мо боқи бимонад пас оне ки намехоҳад марҳамад маҷбури нест монданатон :)
ин ша Аллоҳ саҳифаро беҳтар хоҳем соҳт ва худ интихоб кунед эй аҳли гурӯҳ каналро тағир диҳем? :)`

4 months, 1 week ago

21:25

وَمَآ أَرۡسَلۡنَا مِن قَبۡلِكَ مِن رَّسُولٍ إِلَّا نُوحِىٓ إِلَيۡهِ أَنَّهُۥ لَآ إِلَـٰهَ إِلَّآ أَنَا۟ فَٱعۡبُدُونِ

ВА МО ПЕШ АЗ ТУ ҲЕҶ ПАЙҒАМБАРЕ НАФИРИСТОДЕМ, МАГАР ОН, КИ БА СӮИ Ӯ ВАҲЙ МЕФИРИСТОДЕМ, КИ ҒАЙРИ МАН ҲЕҶ МАЪБУДИ БАРҲАҚ НЕСТ; ПАС (ЯГОНА) МАРО ИБОДАТ КУНЕД.

Ал-Анбиё‘  : оят 25 

Пас даъвати тамоми паёмбарон ба суи Тавҳид (яктопарастӣ) буд.
Ва Аллоҳ тамоми паёмбаронашро фиристод то умматашонро ба суи
لا اله الا الله
даъват намоянд

We recommend to visit

PRIKOL VIDEOLARNI DODASI

Admin @REKLAM_UZPRIKOL

Last updated 1 year, 7 months ago

☎️ Реклама 👉 @Koshona

🎭 Топ приколлар фотолар ва қизиқарли видеолар. Кун давомида, энг саралари сизлар учун.

Last updated 2 weeks ago

✅ Бирор бир маҳсулотга буюртма бермоқчи бўлсангиз @SOTUVCHll га ёзинг!

Last updated 9 months, 2 weeks ago