Омӯзиши илм | 𝙯𝙖𝙫𝙟𝙖𝙝

Description
Ин ша Аллоҳ ин канал барои занони мусалмон аҳкоми Аллоҳ ва расулашﷺ ба нашр гузошта мешавад.
We recommend to visit

PRIKOL VIDEOLARNI DODASI

Admin @REKLAM_UZPRIKOL

Last updated 2 years, 5 months ago

✅ Бирор бир маҳсулотга буюртма бермоқчи бўлсангиз @SOTUVCHll га ёзинг!

Last updated 1 year, 7 months ago

Мехрингиз сиғмас оламу жаҳон,
Сизни яхши кўраман Онажон.. ♥️

Барча Ота-Онасини яхши ку́радиганлар ва инсонларни бир-бирига мехр уйғотувчи канал 💯

Реклама учун 👉 @Baxtimsiz_admini

Last updated 2 weeks, 3 days ago

9 months ago

Хоҳарам улгуят Сафия аммаи паёмбар ﷺ аст, касе ки дар ғазваи уҳуд бушкаи обро бардошта ба мусалмонон об медод, вале вақте мутаваҷҷеҳ шуд ки душманони ислом тасмим доранд бар паёмбар ﷺ ҳамла намоянд ва ӯро ба шаҳодат бирасонанд, фавран силоҳро гирифт ва сарсахтона аз паёмбари ислом дифоъ кард, ва дар ъайни ҳол ки мусалмонон саросема шуда буданд, ба майдони мубориза даъват намуда ташвиқ менамуд.

9 months ago

ОЁ МЕДОНЕД БЕҲТАРИН ЗАН КИСТ **❔**

**❤️*БЕҲТАРИН ЗАН МИЁНИ ЗАНОН

ИБНИ РАҶАБ ҲАНБАЛИ МЕГӮЯД:

«Беҳтарин зан аз занҳо— ин нарм мулоим (яъне оне, ки бо ӯ осон аст), ҳалим, покиза (нафс ва бадани худро пок нигоҳ медорад), парҳезгор (анҷом медиҳад фароизро ва аз ҳаром парҳез мекунад) , оне, ки кӯмак мекунад шавҳари худро дар сахтиҳо, на ин ки баръакс, сахтар кунад ба шавҳараш, замоне, ки ӯ дар сахти қарор дорад».

См. «Латоиф» (1/164).
`Ба канали телеграм ‌«Омӯзиши илм |zavjah» дохил шуда ва аз аҳкомоти дини Аллоҳ عزوجل огоҳи ҳосил кунед.
?***

?` https://t.me/parhezgor_taj

9 months ago
9 months ago

ДИФОЪ АЗ ҲИҶОБ!!

?Ҳиҷоб либоси занони Мӯъмина аст!

АЛЛОҲ ﷻ АЗ ҲАФТ ТАБАҚ ОСМОН БАРОИ ЗАНОНИ МУСАЛМОН АМР НАМУД, КИ !!

يَـٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِىُّ قُل لِّأَزۡوَٰجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَآءِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ يُدۡنِينَ عَلَيۡهِنَّ مِن جَلَـٰبِيبِهِنَّۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن يُعۡرَفۡنَ فَلَا يُؤۡذَيۡنَۗ

[Аҳзоб ояти 59]

Тарҷума: "Эй Паёмбар, ба занон ва духтарони худ ва занони мӯъмин бигӯ: рӯйпушҳои худро ба хуби бар худ бипӯшонанд. Бо ин пушиш беҳтар иффат ва покдомании онҳо шинохта мешавад, дар натиҷа аз тарафи афроди мариз ва ифлос мавриди озор қарор намегиранд

9 months, 1 week ago

?????

ЪАЙБИ БЕҲИҶОБИ!!

Шейх Абдул Азиз Ат Торифи мефармояд: Аллоҳ عزوجل занонро ба ҳиҷоб амр намуда сипас ба намоз фармон додааст то бидонед ҳиҷоб ибодат аст на одат, ҳамонанди намоз:
"وَلَا تَبَرَّجۡنَ تَبَرُّجَ ٱلۡجَـٰهِلِيَّةِ ٱلۡأُولَىٰۖ وَأَقِمۡنَ ٱلصَّلَوٰةَ"

?[Аҳзоб:33]

Тарҷума: " Ва монанди рӯзгори ҷоҳилияти қадим зинаҳои худро ошкор накунед ва намозро барпо доред".

?Хоҳарам
‼️*Беҳиҷоби нофармони Аллоҳи عزوجل ва Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم аст. Касе, ки аз Аллоҳ عزوجل ваПаёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) нофармони кунад ба худаш зарар мерасонад ба Аллоҳ عزوجل ҳеҷ зараре намерасад.

?Паёмбар ﷺ мефармояд: " Ҳама умматам вориди биҳишт мешавад магар касе, ки худдорӣ намояд". Саҳобаҳо пурсиданд: Эй Расули Аллоҳ! Чи касе худдорӣ мекунад? Фармуданд: касе ки маро итоъат кунад вориди биҳишт мешавад ва касе ки маро нофармони кунад дар воқеъ худдорӣ намудааст.

?Хоҳарам
‼️Беҳиҷоби гуноҳи бузург аст: Амима духтари Руқиқа хидмати паёмбари Акрамﷺ омад то бо вай байъат намояд. Паёмбар ﷺ Фармуд: Бо ту байъат мекунам, ки ба Аллоҳ ширк наварзи, дузди накуни, муртакиби амали зино нашавӣ, фарзандатро ба қатл нарасони, ба мардум тӯҳмат назани, наҳв нахони мисли даврони ҷоҳилияти гузашта, худатро миёни бегонагон ба намоиш нагузорӣ".
?**Мулоҳиза мекунем, ки дар ин ҳадис Паёмбар ﷺ беҳиҷобиро дар канори бузургтарин гуноҳони кабира ва ҳалоккунанда зикр намудааст.

?Хоҳарам
‼️*Беҳиҷоби боиси лаънат ва дури аз раҳмати Аллоҳ عزوجل мешавад.

?Паёмбар ﷺ мефармояд: "Ба зуди дар поён умати ман заноне меоянд, ки ба зоҳир либос пушидаанд аммо дар воқеъ онҳо лухт(белибос) ҳастанд. Онҳоро лаънат кунед зеро онҳо малъунонанд.

?[مصنف ابن ابى شيبه]

?Хоҳарам
‼️*Беҳиҷоби аз сифати ҷаҳаннамиҳо ҳастанд.

?Паёмбар ﷺ мефармояд: "Ду гуруҳи ҷаҳаннамиҳоянд, ки ман онҳоро надидаам:
Тозиёнаҳои(Дурра) монанди думи гов ба даст доранд ва мардумро мезананд.
**Гуруҳи дуюм заноне ҳастанд, ки ба зоҳир либос пушидаанд аммо дар воқеъ онҳо лухт(белибос) ҳастанд, онҳо бо шакл ва ҳаракоти худ мардони бегонаро ҷазб (ҷалб) мекунанд ва худашон ҳам ба мардон майл доранд. Сарҳояшон монанди монанди кӯҳҳои шутур аст. Онҳо вориди биҳишт намешаванд, ҳатто бӯйи биҳишт ба машомашон намерасад ва ин дар ҳоле аст, ки бӯйи биҳишт аз фосилаи дур ба машом мерасад".

?Хоҳарам
‼️*Сиёҳи ва торикии ҷаҳаннам дар интизори беҳиҷобон аст.

?Ривоят шудааст, ки паёмбар ﷺ фармуд: "Ҳар касе бо либоси зиннати аз хона берун равад, дар рӯзи қиёмат монанди шаби торике ҳаст, ки нуре надорад".

Яъне:Зане, ки бар хилофи ҳиҷоб бо либоси ороишшуда (нигиндор, чашмрас) роҳ равад, дар рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки сиёҳ ва торик аст, гӯё чашмаш аз торики сохта шуда бошад. Ин ҳадис агарчи заъиф бошад аммо маънояш Саҳеҳ аст. Зеро лаззат, роҳат, сери, баракат, хушбӯй ва нуре, ки дар дунё аз маъсият ва нофармонии Аллоҳ ҳосил шавад, рӯзи қиёмат табдил ба ъазоб, хастаги, гуруснагӣ, бебаракати, бадбӯи ва торики мешавад. Аммо тоъат баръакс аст, чунончи бадбӯии даҳони рӯзадор ва хуни шаҳид хушбутар аз мушк мегардад.

?Хоҳарам
‼️*Беҳиҷоби нифоқ аст.

?*Паёмбар ﷺ мефармояд: "Беҳтарин занони шумо заноне ҳастанд, ки зоянда, ҳамдар ва мувофиқи шумо бошанд ба шарте, ки тақворо риоят кунанд. Ва бадтарин занони шумо ҳамон заноне, ҳастанд, ки ҳиҷобро риоят намекунанд ва бо ноз ва такабур роҳ мераванд, ин гурӯҳи занон мунофиқанд. Ба ҳамин иллат теъдоди каме аз занон вориди биҳишт мешаванд.

?[مشكاة].

?Хоҳарам
‼️*Беҳиҷоби парда дари ва расвои аст.

?*Расули Аллоҳ ﷺ Мефармояд: "Ҳар зане либосашро дар ғайри хонаи шавҳараш аз тан берун оварад ва ба замин бигузорад, дар ҳақиқат парда миёни худ ва Аллоҳро дарида аст.

?[مشكاة]

?Хоҳарам
‼️*Беҳиҷоби ъамали зишт аст.

?*Зан аврат аст ва ошкор кардани аврат амали зишт ва мағрури аст чун Аллоҳ عزوجل мефармояд:

وَإِذَا فَعَلُواْ فَـٰحِشَةًۭ قَالُواْ وَجَدۡنَا عَلَيۡهَآ ءَابَآءَنَا وَٱللَّهُ أَمَرَنَا بِهَا‌ۗ قُلۡ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَأۡمُرُ بِٱلۡفَحۡشَآءِ‌ۖ أَتَقُولُونَ عَلَى ٱللَّهِ مَا لَا تَعۡلَمُونَ

?Аъроф:28

9 months, 1 week ago

♥️ Умм Гулсум, духтари Абу Бакр:

? «Ман аз Аллоҳ талаб кардам, ки ба Ман шавҳаре насиб гардонад, манро дуст дошта бошад мисли як кӯдак ва ибодат кунандаи Аллоҳ бошад».

Ва Аллоҳﷻ барои ман Талҳа Ибни Убайдуллоҳро насиб гардонид - яке аз он шахсоне буд ки дар дунё барояш ваъдаи ҷаннат дода шуда буд.

?Умм Гулсум ба ёд овард:

?«Замоне ки Шарвҳарам маро медид - хушҳол мешуд, замоне садои маро мешунид лабханд мезад, ва замоне ман гиря мекардам, У хоб намерафт то замоне маро ором намекард,

?Замоне ки ман бемор шудам, у дардро эҳсос мекард, гуё ин ки бемории ман дар бадани у низ ҳаст...
Ман ифтихори у будам чи дар ҳолати пинҳон ва ошкор».

?«Ал-Бидая ва ан-Ниҳая»
7/157

We recommend to visit

PRIKOL VIDEOLARNI DODASI

Admin @REKLAM_UZPRIKOL

Last updated 2 years, 5 months ago

✅ Бирор бир маҳсулотга буюртма бермоқчи бўлсангиз @SOTUVCHll га ёзинг!

Last updated 1 year, 7 months ago

Мехрингиз сиғмас оламу жаҳон,
Сизни яхши кўраман Онажон.. ♥️

Барча Ота-Онасини яхши ку́радиганлар ва инсонларни бир-бирига мехр уйғотувчи канал 💯

Реклама учун 👉 @Baxtimsiz_admini

Last updated 2 weeks, 3 days ago