«Умдатул-Аҳком»

Description
Ҳадис ва асарҳо оид ба аҳкомҳои Шариъат

@Aslhoi_din
We recommend to visit

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

?‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama? @activus_reclama

Last updated 1 year, 8 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 1 year, 8 months ago

1 year, 7 months ago

.

2 years, 2 months ago

[٢٩٤] عَنْ رَافِعِ بْنِ خَدِيجٍ قَالَ: «كُنَّا أَكْثَرَ الأنْصَارِ حَقْلًا. وَكُنَّا نُكْرِي الأرْضَ، عَلَى أَنَّ لَنَا هَذِهِ، وَلَهُمْ هَذِهِ فَرُبَّمَا أَخْرَجَتْ هَذِهِ، وَلَمْ تُخْرِجْ هَذِهِ فَنَهَانَا عَنْ ذَلِكَ. فَأَمَّا بِالْوَرِقِ: فَلَمْ يَنْهَنَا» .

*294. Аз Рофеъ ибни Ходийҷ розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Аз ҳама зиёд аз байни ансориҳо мо киштзор доштем. Ва мо заминро ба иҷора медодем, мувофиқи он ки барои мо ин аст ва барои онҳо (иҷорагир) ин аст. Пас гоҳе мешуд, ки инаш ҳосил медод, вале дигараш ҳосил намедод. Аз ин рӯ аз ин кор манъ карда шудем. Лекин аз иҷора додан бар (ивази) нуқра манъ карда нашудем».

Бухорӣ 2327*

2 years, 2 months ago

[٢٩٣] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما «أَنَّ النَّبِيَّ ﷺ عَامَلَ أَهْلَ خَيْبَرَ بِشَطْرِ مَا يَخْرُجُ مِنْهَا مِنْ تَمْرٍ أَوْ زَرْعٍ» .

*293. Аз Абдуллоҳ ибни Умар розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки Набий соллаллоҳу алайҳи ва саллам бо аҳли Хайбар мозороъа карданд, бар ивази нисфи чизе, ки ҳосил мегиранд аз мевагӣ ва кишти донагӣ».

Бухорӣ 2329*

2 years, 2 months ago

[٢٩٢] عَنِ النُّعْمَانِ بْنِ بَشِيرٍ رضي الله عنهما قَالَ: «تَصَدَّقَ عَلَيَّ أَبِي بِبَعْضِ مَالِهِ. فَقَالَتْ أُمِّي عَمْرَةُ بِنْتُ رَوَاحَةَ: لا أَرْضَى حَتَّى تُشْهِدَ رَسُولَ اللَّهِ ﷺ. فَانْطَلَقَ أَبِي إلَى رَسُولِ اللَّهِ ﷺ لِيُشْهِدَ عَلَى صَدَقَتِي فَقَالَ لَهُ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ: أَفَعَلْتَ هَذَا بِوَلَدِكَ كُلِّهِمْ؟ قَالَ: لا. قَالَ: اتَّقُوا اللَّهَ وَاعْدِلُوا فِي أَوْلادِكُمْ، فَرَجَعَ أَبِي، فَرَدَّ تِلْكَ الصَّدَقَةَ» .

• وَفِي لَفْظٍ: «فَلا تُشْهِدْنِي إذًا. فَإِنِّي لا أَشْهَدُ عَلَى جَوْرٍ»

•وَفِي لَفْظٍ: «فَأَشْهِدْ عَلَى هَذَا غَيْرِي» .

*292. Аз Нӯъмон ибни Башир розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Падарам баъзеи молашро бароям ҳадя кард. Пас модарам - Амра бинти Роваҳа - гуфт: Ман розӣ нестам, то ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва салламро гувоҳ нагирад. Пас падарам ба назди Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам рафт то эшонро барои ҳадяи ба ман кардааш гувоҳ гирад. Росулуллоҳ ﷺ гуфтанд: «Оё ба ҳамаи фарзандонат ҳадя додаӣ?». Падарам гуфт: Не. Росулуллоҳ гуфтанд: «Аз Аллоҳ битарсед ва дар байни фарзандонатон адолат кунед». Пас падарам баргашт ва он ҳадяро бозпас гирифт».

Дар лафзи дигар омадааст: «Инхел бошад маро гувоҳ нагир. Зеро ман ба ҷавр (зулм) гувоҳӣ намедиҳам».

Ва дар лафзӣ дигар омадааст: «Ба ин чиз ғайри маро гувоҳ гир».

Бухорӣ 2587*

2 years, 2 months ago

[٢٩١] وعن ابن عباس رضي الله عنهما : أن رسول الله صلي الله عليه وسلم قال: «العائد في هبته، كالعائد فيى قيئه»

• وفي لفظ: «فإن الذى يعود في صدقته كالكلب [يقئ ثم] يعود في قيئه»

*291. Аз Абдуллоҳ ибни Аббос розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам фармуданд: «Касе, ки садақаи худро гардонида мегирад, мисли касест, ки қайи худро гардонида мегирад».

Дар лафзи дигар омадааст, ки фармуданд: «Касе, ки садақаи худро гардонида мегирад, мисли сагест ки қай мекунад ва сипас қайи худро гардонида мегирад».

Бухорӣ 2621*

2 years, 2 months ago

[٢٩٠] عَنْ عُمَرَ- رضي الله عنه قَالَ: «حَمَلْتُ عَلَى فَرَسٍ فِي سَبِيلِ اللَّهِ، فَأَضَاعَهُ الَّذِي كَانَ عِنْدَهُ، فَأَرَدْتُ أَنْ أَشْتَرِيَهُ، فَظَنَنْتُ أَنَّهُ يَبِيعُهُ بِرُخْصٍ. فَسَأَلْتُ النَّبِيَّ ﷺ؟ فَقَالَ: لا تَشْتَرِهِ. وَلا تَعُدْ فِي صَدَقَتِكَ، وَإِنْ أَعْطَاكَهُ بِدِرْهَمٍ. فَإِنَّ الْعَائِدَ فِي هِبَتِهِ كَالْعَائِدِ فِي قَيْئِهِ» .

*290. Аз Умар розияллоҳу анҳу ривоят аст, ки гуфт: «Дар роҳи Аллоҳ асперо (ба нафаре) ҳадя кардам. Пас соҳибаш ӯро зоеъ кард. Ва ман бошам, онро харидани шудам ва гумон кардам, ки ӯро арзон мефурӯшад. Ва оиди ин аз Набий ﷺ суол кардам? Эшон фармуданд: «Ӯро нахар, садақаатро гардонида нагир, агарчи ӯро ба як дирҳам бароят диҳад ҳам. Зеро касе, ки садақаи худро гардонида мегирад, мисли касест, ки қайи худро гардонида гирифтааст».

Бухорӣ 1490*

2 years, 2 months ago

[٢٨٩] عَنْ عَبْدِ اللَّهِ بْنِ عُمَرَ رضي الله عنهما قَالَ: «قَدْ أَصَابَ عُمَرُ أَرْضًا بِخَيْبَرَ. فَأَتَى النَّبِيَّ ﷺ يَسْتَأْمِرُهُ فِيهَا. فَقَالَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إنِّي أَصَبْتُ أَرْضًا بِخَيْبَرَ، لَمْ أُصِبْ مَالًا قَطُّ هُوَ أَنْفَسُ عِنْدِي مِنْهُ، فَمَا تَأْمُرُنِي بِهِ؟ فَقَالَ: إنْ شِئْتَ حَبَسْتَ أَصْلَهَا، وَتَصَدَّقْتَ بِهَا. قَالَ: فَتَصَدَّقَ بِهَا. غَيْرَ أَنَّهُ لا يُبَاعُ أَصْلُهَا، وَلا يُوهَبُ، وَلا يُورَثُ. قَالَ: فَتَصَدَّقَ عُمَرُ فِي الْفُقَرَاءِ، وَفِي الْقُرْبَى، وَفِي الرِّقَابِ، وَفِي سَبِيلِ اللَّهِ، وَابْنِ السَّبِيلِ، وَالضَّيْفِ. لا جُنَاحَ عَلَى مَنْ وَلِيَهَا: أَنْ يَأْكُلَ مِنْهَا بِالْمَعْرُوفِ، أَوْ يُطْعِمَ صَدِيقًا، غَيْرَ مُتَمَوِّلٍ فِيهِ» .

• وَفِي لَفْظٍ: «غَيْرَ مُتَأَثِّلٍ» .

*289. Аз Абдуллоҳ ибни Умар розияллоҳу анҳума ривоят аст, ки гуфт: «Умар розияллоҳу анҳу аз Ҳайбар заминеро соҳиб шуд ва ба назди Набий ﷺ омада оиди ин маслиҳат гирифт ва гуфт: «Эй Расули Аллоҳ, ман аз Ҳайбар чунон заминеро соҳиб шудам, ки ҳеҷ гоҳ молеро соҳиб нашудаам ки аз ӯ дида бароям арзишноктар бошад, пас ба ман чи маслиҳат медиҳед?». Росулуллоҳ ﷺ фармуданд: «Агар бихоҳи аслашро барои худ гирифта мон ва онро садақа кун». Гуфт: Пас Умар розияллоҳу анҳу онро садақа кард ба шарте, ки асли ӯ фурӯхта намешавад, ва мерос гузошта намешавад ва ҳадя карда намешавад. Ва Умар онро садақа мекунад ба фақирон, ба хешу наздикон, барои ғулом озод кардан, дар роҳи Аллоҳ, ба мусофир ва ба меҳмон. Ва ба касе, ки заминро ба ӯҳда гирад, ҳеҷ гуноҳе нест, ки аз он ба некӣ бихӯрад ё дӯсти худро бихӯронад. Лекин онро соҳиби карда, барои худ шахсӣ карда наметавонад».

Дар лафзӣ дигар: «Лекин соҳибмулк шуда наметавонад».

Бухорӣ 2737*

2 years, 2 months ago

[٢٨٨] عَنْ جَابِرِ بْنِ عَبْدِ اللَّهِ رضي الله عنهما قَالَ «جَعَلَ - وَفِي لَفْظٍ: «قَضَى النَّبِيُّ ﷺ بِالشُّفْعَةِ فِي كُلِّ مَا لَمْ يُقْسَمْ. فَإِذَا وَقَعَتِ الْحُدُودُ، وَصُرِّفَتِ الطُّرُقُ: فَلا شُفْعَةَ» .

*288. Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ розияллоҳу анҳума ривоят мешавад, ки гуфт: «Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳар як моли тақсим карда нашуда шуфъаро ҷорӣ (дар лафзи дигар: ҳукм) карданд. Агар ҳудудҳо таъйин карда шуда бошад ва кӯчаҳо аниқ шуда бошад, пас шуфъа нест».

Бухорӣ 2213*

(Эзоҳи тар: Шуфъа - ҳуқуқи харидани имтиёзнок. Агар ду нафар дар як мулк шарик бошанд ва якеи онҳо хоҳад, ки ҳиссаи худро фурӯшад, пас барои харидани он ҳисса якум шуда шарикаш ҳақдортар аст. Бе иҷозаи ӯ он ҳиссаро фурӯхтанаш мумкин нест. Рафту агар ӯ ҳиссаашро фурӯхта бошад, пас шарикаш ҳақ дорад, ки савдоро вайрон кунад. Ана ҳамин имтиёзро «шуфъа» гуфта мешавад. Аммо мувофиқи сухани Ҷобир розияллоҳу анҳу, агар мулк аниқ тақсим карда шуда бошад ва сарҳади ҳар яке алоҳида таъйин шуда бошад, пас дар ин ҳол шуфъа нест.

2 years, 2 months ago

[٢٨٧] عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رضي الله عنه قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ أَوْ قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ ﷺ يَقُولُ -: «مَنْ أَدْرَكَ مَالَهُ بِعَيْنِهِ عِنْدَ رَجُلٍ - أَوْ إنْسَانٍ - قَدْ أَفْلَسَ فَهُوَ أَحَقُّ بِهِ مِنْ غَيْرِهِ» .

*287. Аз Абу Ҳурайра розияллоҳу анҳу ривоят мешавад, ки гуфт: «Росулуллоҳ соллаллоҳу алайҳи ва саллам гуфтанд ё гуфт: Росулуллоҳро шунидам, ки чунин мегуфтанд: «Касе, ки айни моли худро дар назди шахсе, ки муфлис (бонкрот) шудааст пайдо кунад, пас ӯ ба ҳамон мол нисбат ба дигарон дида ҳақдортар аст».

Бухорӣ 2402*

We recommend to visit

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

?‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama? @activus_reclama

Last updated 1 year, 8 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 1 year, 8 months ago