Nasihat

Description
⚜️ Канали ҷаҳонии «Насиҳат», канали ақидавӣ ва фиқҳии Аҳли суннат вал-ҷамоъат, хусусан тибқи мазҳаби Ҳанафӣ мебошад ⚜️
Advertising
We recommend to visit

🔞КАТТАЛАР УЧУН!

🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 2 weeks, 5 days ago

🕵🏻‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

🔞 КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot

💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻‍💻 Админ: @XokimBuva_ads

Last updated 4 days, 17 hours ago

🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!

🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 5 days, 11 hours ago

2 months, 1 week ago

Саҷда кардани инсон ҳаром аст!

?️ Муфтӣ Зиёур-Раҳмони Муҳаммадӣ

2 months, 1 week ago

Савол:

Зане мегуяд, агар писарам аз беморияш шифо ва беҳбуд ёфт, як моҳро барои Худо руза мегирам, ҳол мегӯяд: рузаи як моҳ зиёд аст наметавонам, оё метавонад фидя бидиҳад ё не? Роҳи сабуки он чист? Лутфан роҳнамоӣ кунед.
Ҷазокумуллоҳу хайран!

Ал-ҷавобу бисми мулҳим-ис-савоб:

Бар ӯ лозим аст, ки як моҳро руза бигирад!

وفي الدر الـمختار:
«ومن نذر نذراً مطلقاً أو معلقاً بشرط وكان من جنسه واجب وهو عبادة مَقْصودة ووجد الشرط لزم الناذر لحديث من نذر و سمّي فعليه الوفاء بما سمّي‌ كصوم وصلاة وصدقة‌»‌.

وفي الرد:
«أي لزمه الوفاء به، والـمراد أن يلزمه الوفاء بأصل القربة التي التزمها لا بكل وصف إلتزمه».
? [رد الـمحتار: 3/73].

Ва наметавонад фидя бидиҳад, аммо агар онро таъхир кард, то инки аз руза гирифтан оҷиз гашт ва умеди беҳбудии модар намерафт ё аз дунё гузашт, дар сурати аввал фидя бидиҳад ва дар сурати дуввум васият ба фидия бар ӯ лозим аст!

وفي الدر:
«وقضوا لزوماً ما قدروا بلا فِدْية وبلا ولاء.... ‌فإِنْ ماتوا فيه أي في ذلك العُذْر فلا تجب عليهم الوصيَّة بالفِدْية لعدم إِدْراكهم عدّة من أَيَّام أُخَر ولو ماتوا بعد زوال العُذْر وجبت الوصية بِقَدْر إِدْراكهم عدَّة من أيام أخر»‌.
? [الدر الـمختار مع الرد: 2/127].

Роҳи сабуки он чунин аст, ки метавонад, як рӯз дар миён ё чанд рӯзро дар миён бихӯрад ва ҳамин гуна 30-рӯзро руза бигирад, то бар ӯ вазбин наафтад!

وفي الهندية‌:
«‌ولو قال لله على ان اصوم شهراً متتابعاً لزمه التتابع وان اطلق يخير»‌.
? [الهندية: 1/210].
?محمود الفتاوی:جلد3 /28

Валлоҳу аъламу бис-савоб

? Ба саҳифаи мо обуна шавед: @nasihat99

2 months, 1 week ago

Савол:

Шахсе қимати гусфандеро назр карда ва гуфта ин гусфандро мефурушам ва пулҳояшро ба масҷид медиҳам, пас аз муддате гусфанд аз дасти касе дигар ҳалок шуд, оё ин назр шумурда мешавад ва воҷиб-ул-адо аст ё не? Лутфан роҳнамоӣ кунед.
Ҷазокумуллоҳу хайран!

Ал-ҷавобу бисми мулҳим-ис-савоб:

Аз калимоти мазкур дар истифто назр собит намешавад, зеро назри шаръӣ он аст ки бар худ чизеро лозим кунад!

?وفي ‌الهندية‌:
«ولو قال إن عوفيت صمت كذا لم يجب عليه حتى يقول للّه عليّ وهذا قياس، وفي الاستحسان يجب وان لم يكن تعليق لا يجب عليه قياساً ولا استحساناً ‌كذا في الظهيرية». ?[الهندية: 1/210.
? ومثله في امداد الفتاوي: 2/552].

Ва боз ҳам агар назр мебуд, дар сурати ҳалок шудан ва мурдан соқит мегашт ва дар муқобилаш чизе воҷиб намегардид!

وفي الرد عن البدائع‌:
«أنَّ الـمنذورةَ لو هلكت أو ضاعت تسقط التضحية بسبب النذر، غير أنه إن كان موسراً تلزمه أخرى بإيجاب الشَّرع ابتداء لا بالنذر، ولو مُعْسراً لا شيء عليه أصلاً».
? [رد الـمحتار: 5/229. ?بدائع الصنائع: 5/66].

Валлоҳу аъламу бис-савоб

? Ба саҳифаи мо обуна шавед: @nasihat99

2 months, 1 week ago

Хиёнат дар амонат

?️Муфтӣ Зиёур-Раҳмони Муҳаммадӣ

2 months, 1 week ago

Савол:

Фарде чунин назр мекунад: ки бар ман лозим аст, ин гусфандро ба ризои Аллоҳ забҳ кунам ва савобаш ба мурда бирасад ва ё ин ки гусфанде хайрот мекунад ва мардуми маҳалла ва ҳамсоягонро ҷамъ карда ва ба онҳо ғизо медиҳад, ҳукмаш чист? Лутфан роҳнамоӣ кунед.
Ҷазокумуллоҳу хайран!

Ал-ҷавобу бисми мулҳим-ис-савоб:

Саволи шумо ду сурат дорад:
Сурати аввал: назр карда бошед, масалан бигӯед: “ Ин гусфанд бар ман лозим аст, ки онро ба ризои Аллоҳ таъоло забҳ кунам”, дар ин сурат, ҳукмаш ин аст, ки фақат ба фуқаро ва масокин метавонед, ғизо бидиҳед ва ба аҳли маҳалла ва ҳамсоягон ва мардумони дигар, ки ғанӣ (бой) бошанд, наметавонед ғизо бидиҳед ва ҳамчунон худи шумо ва усул (падару бобо, модару бибӣ) ва фуруъ (фарзанду наберагон)-и шумо наметавонанд аз он истифода кунанд.

وفي الرد:
«نذر أن يتصدق بدينار على الأَغْنياء ينبغي أن لا يصح. قُلْتُ: وينبغي أن يصح إذا نوى أبناء السبيل لأنَّهم محل الزكاة اه.قُلْتُ: ولعلَّ وَجْهَ عدم الصِّحَّة في الأول عدم كونها قربة أو مستحيلة الكون لعدم تحققها، لأنَّها للغني هبة كما أن الهبة للفقير صدقة».
? [رد الـمحتار: 3/75].

وفي الدر:
«ولو ذبحها تصدق بلحمها، ولو نقصها تصدق بقيمة النقصان أيضاً ولا يأكل الناذر منها، فإن أكل تصدق بقيمة ما أكل»‌. ?[الدر الـمختار مع الرد: 5/225].

قال ابن عابدين تحت قول الدر:
«‌قوله‌: «ولا إلى من بينهما ولاد» وكذا كل صدقة واجبة ‌كالفطرة والنذر والكفارات»‌. ?[رد الـمحتار: 2/69].

Сурати дуввуми саволи шумо ин аст ки: назр карда бошед, масалан бигӯед: ин гусфандро ба ризои Аллоҳ забҳ мекунам ва хайроташ менамоем, дар ин сурат ҳукмаш ин аст, ки шумо метавонед ба фуқаро ва масокин ва ағниё ғизо бидиҳед ва ҳамчунин усул ва фуруъи шумо метавонанд аз он истифода бикунанд!

وفي الدر:
«والصدقة ‌كالهبة‌.....ولو على غني لأن الـمقصود فيها الثواب لا العوض»‌.
?[الدر الـمختار: 4/582].

قال ابن عابدين تحت قول الدر:
«‌قوله‌: «ولا إلي من بينهما ولاد) وكذا كل صدقة واجبة ‌كالفطرة والنذر والكفارات اما التطوع فيجوز بل هو أولى‌ كما في البدائع»‌.
?[رد الـمحتار: 2/69].
?محمود الفتاوی :جلد3 /277

Валлоҳу аъламу бис-савоб

? Ба саҳифаи мо обуна шавед: @nasihat99

5 months, 1 week ago
5 months, 2 weeks ago
5 months, 2 weeks ago

«Ва Аллома Аҳмади Манқур (р) дар китоби “Мансак”-аш баъд аз зикри зиёрати қабри Шарифи Паёмбар ﷺ гуфтанд:

“Ва сазовор ва лозим аст, аз барои зиёраткунанда, ки талаби шафоъат бикунад аз барои аҳл ва бародаронаш ва аз барои тамоми муъминин, баъд аз он рӯй биоварад ба қибла ва ҳуҷраи Паёмбар ﷺ-ро ба қарибияш аз ҷониби чапаш қарор бидиҳад, то ки Паёмбар ﷺ-ро ба ҷониби пушташ магардонад, баъд аз он дуъо бикунад”.

Мулло Алӣ Қорӣ (р) дар китоби “Шарҳ-ул-мансак-ил-мутавассит”, қабрҳоеро ки дар Макка аст ёдовар мешавад, мисли қабри Хадиҷа (р) ва дигар қабрҳои солеҳинро, баъд аз он мегуяд:

“Пас сазовор ва лозимӣ аст, ки зиёрат бикунад, онҳоро ва табаррук биҷӯяд ба онҳо ва бар онҳо салом бидиҳад ва дар гирду атрофи онҳо қироати Қуронро бисёр бикунад ва зикр ва дуъо ва талаби мағфиратро аз барои онҳо ва барои дигар мусалмонҳо бисёр бикунад”. Баъд аз он одоби зиёрати Паёмбар ﷺ ва дуъо кардан дар назди ишонро зикр мекунад».

?(“Ар-радду ъало ибни Таймияҳ” аз Абу Ҷаъфар Билол Файсал-ул-Баҳр, саҳ.102).

? Ба саҳифаи мо обуна шавед: @nasihat99

7 months, 2 weeks ago
Рӯзи саййиди ҷумъа муборак!

Рӯзи саййиди ҷумъа муборак!

Хусусияти 74

Интизор шудани намози аср баъд аз намози ҷумъа, баробари (савоби ҳаҷҷи) умра аст!

Имом Байҳақӣ (р) дар китоби “Шуъаб-ул-имон” аз Саҳл ибни Саъди Соъидӣ (р) ривоят мекунад, ки гуфтанд:
Гуфтанд Расулуллоҳ ﷺ : «Ба рости ки аз барои шумо, дар ҳар (рӯзи) ҷумъа (савоби) ҳаҷ ва умра аст! Пас (савоби) ҳаҷ - рафтан дар нимарӯзи гармо ба сӯи ҷумъа аст ва (савоби) умра - интизори (намози) аср шудан аст, баъд аз (намози) ҷумъа».

?(“Нур-ул-ламъаҳ фӣ хасоис-ил-ҷумъаҳ” аз Ҷалолуддини Суютӣ (р))

Аллоҳумма салли ъало Муҳаммад ва ъало оли Муҳаммад!

? Ба саҳифаи мо обуна шавед: @nasihat99

We recommend to visit

🔞КАТТАЛАР УЧУН!

🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 2 weeks, 5 days ago

🕵🏻‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

🔞 КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot

💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻‍💻 Админ: @XokimBuva_ads

Last updated 4 days, 17 hours ago

🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!

🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 5 days, 11 hours ago