🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 2 weeks, 5 days ago
🕵🏻♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
🔞 КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot
💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻💻 Админ: @XokimBuva_ads
Last updated 4 days, 17 hours ago
🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!
🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 5 days, 11 hours ago
Ба муносибати рӯзи забони давлатӣ!
✍️ Бо қалами Саъдӣ Ворисӣ, таҳлилгари робитаҳои байналмилалӣ
НИГОҲЕ БА ВАЗЪИ ПОРСӢ - ТОҶИКӢ ДАР МИНТАҚА ВА ТОҶИКИСТОН (2)
Тоҷикӣ дар Тоҷикистон: “Қудратманду ошуфта”.
Тоҷикӣ дар кишвари мо забони расмист, давлатист. Қудрат дорад. Ҳукумат дорад, аммо вазъияти умумияш байни суру суг аст. Ҷоҳое хеле одамро шахсияту ғурур медиҳад ва ҷоҳое парешону ҳазин мекунад. Қудратгирии тоҷикӣ дар хеле аз бахшҳо мушоҳида мешавад. Ҳаҷми азими рекламаву таблиғот бо ин забон садо медиҳанду гӯяндагони пурмаҳорату бофасоҳат ҳам кам нестанд. Озмунҳои китобхониву шеъру суруд хеле истеъдодҳову забондондонҳоеро чеҳранумоӣ мекунад, ки мисли ганҷҳои хуфта зоҳир мешаванду дар ғановати тоҷикӣ саҳм мегузоранд. Ин албатта шодиовар аст, аммо дар ин баробар ҳанӯз ҳам тоҷикӣ дар қолаби русӣ рехта мешаваду рушду нумуъ мекунад. Бархе вожаҳову таъбирҳо тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва беҳунарона аз ин забонанд, ки ошуфтагӣ меёранд. Рӯзе нест, ки дар шабакҳои иҷтимоӣ баҳсҳое атрофи ғалатҳои забонӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор нагиранд.
Бо вуҷуд, забони мо, ки яке аз арзишҳои муҳимми маънавӣ ва миллии мост, ки дар баробари чолишҳои гуногун ҷонсахтӣ мекунаду дар якҷо намеистад. Дар ҳаракат аст. Барояш баракат орзу мекунам ва ин рӯзи хуҷастаро ба ҳама порсигӯёну тоҷикзабонон хуҷаставу муборак мегӯям.
Зи шеъри дилкаши Ҳофиз касе бувад огоҳ,
Ки лутфи табъу сухан гуфтани дарӣ донад!
Рӯзи забон муборак!
Ба муносибати рӯзи забони давлатӣ!
✍️ Бо қалами Саъдӣ Ворисӣ, таҳлилгари робитаҳои байналмилалӣ
НИГОҲЕ БА ВАЗЪИ ПОРСӢ - ТОҶИКӢ ДАР МИНТАҚА ВА ТОҶИКИСТОН (1)
Дар як даҳаи гузашта порсии тоҷикӣ дар сатҳи минтақа ва Тоҷикистон шоҳиди таҳаввулоти калону қобили мулоҳизае шудааст, ки бархеи он мусбату бархеи дигар манфӣ мебошанд. Дар ин гузора мурури кӯтоҳе ба он мекунем.
Тоҷикӣ дар Узбакистон: “Садпораи бо мо ошно”
Беҳбуди муносиботи Тошканду Душанбе, боз шудани марзҳо, лағви раводид, ҳампаймонӣ байни Тоҷикистону Узбакистон шуруъ аз 2016 на танҳо дар буъди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ки дар абъоди фарҳангӣ ва забонӣ низ баракоте бо худ дошт, ки якеи он рӯҳия гирифтани тоҷикӣ дар Узбакистон аст. Омори расмӣ ҳокӣ аз он аст, ки бештари боздидкунандагон аз Тоҷикистон шаҳрвандони ҳамсоякишвари мо ҳастанд. Ин рафтуоҳои зиёд ва ҳамкалому ҳамсухан, ҳамсуфраву ҳамнишин шудани шаҳрвандони ду кишвар ба вазъи забон бе таъсир нахоҳад монд, ки дар маҷмуъ як таҳаввули калон ва мусбат дар иртибот ба забон аст. Албатта ҳарду забон. Тоҷикӣ дар Узбакистон ва узбакӣ дар Тоҷикистон.
Порсии дарӣ дар Афғонистон: “Тахт гум карду умедро гум накард”.
Таҳаввули калони дигар дар иртиботи забони порсӣ дар сатҳи минтақа ин мавриди зулму ситам ва ҷавру ҷафо қарор гирифтани порсии дарӣ дар Афғонистон аст. Бо фурӯпошии ҷумҳурият дар 2021 ва қудратгирии аморат, порсии дарӣ мавриди ҷавру ҷафои ҳаюлои пурхашми Толиб қарор гирифт, ки аз лавҳаҳову овезаҳо, аз идороту расмиёт, аз расонаҳову матбуот рӯз то рӯз канор зада мешавад ва ҷойи худро ба забони пашту медиҳад. Сиёсати забонии гурӯҳи тундрави Толибон ба андозае бедодгарӣ мекунад, ки ҳатто рӯҳонии сахтгире чун Муҷибурраҳмони ҳиротӣ, ки аз ҷонибдорони дуоташаи ин гуруҳ буд, вақте аз ҷаври забонии Толибон интиқод кард ва аз роҳбарони он хост, ки дар манотиқи порсизабон паштуҳоро роҳбар таъйин накунанд, бо амалиёти интиҳорӣ аз байн бурда шуд. Файзулло Ҷалол аз мунтақидони ин гуруҳ, ки дар берун ба сар мебарад дар як мусоҳибаи худ гуфт, ки дар кишвараш ифҳому тафҳим байни роҳбарону зердастон вуҷуд надорад. Чун курсинишинон порсӣ намедонанду зердастон пашту. Бо вуҷуд, талошҳое барои наҷоти порсии дарӣ аз ин манҷалоб, мушоҳида мешаванд.
Порсии тоҷикӣ ва порсии иронӣ: “Аз як ҷоми Ҷам ҳастему аз як ҷоми Ҷам мастем”.
Дигар таҳаввули калоне, ки ба тозагӣ (августи 2024) дар иртибот ба забон ба вуқуъ пайваст ин лағви раводид байни Душанбе ва Теҳрон аст, ки рафтуо миёни ду кишвари ҳамзабонро осону зиёд кард. Агарчӣ дар буъди аввал тиҷорату савдо ва гардишгариву сайёҳии дутарафаро густариш медиҳад, аммо дар табаъи он дар наздикшавии бештар байни ду гӯйиши як забон низ кӯмак хоҳад кард. Як дӯсти тоҷирам, ки дар масоили забонӣ ворид несту тозагиҳо иронгардӣ кард, дар навору видюҳое ки аз гӯшаҳои Ирон фиристод чандто калимаву вожаҳои нави порсиро нохудогоҳ истифода кард, ки хушоянд буд. Хулоса, лағви раводид байни Тоҷикистону Ирон пайванди бештари ду гуйиши порсӣ: порсии тоҷикӣ ва порсии иронӣ аст, ки иттифоқи калону хубе аст. Умед, ки рӯзе раводид байни ду хат ҳам лағв шавад. Тоҷикӣ ба хатти аҷдодӣ баргардад!
Ҷойгоҳи ДОИШ-и Хуросон дар сохтору ниҳодҳои ДОИШ (IV)
Пойгоҳи таҳлилии “Дидгоҳи роҳбурдӣ” ба таваҷҷуҳи Шумо бахши охирони ёддошти Саъдӣ Ҳомид, коршинос ва пажуҳишгари робитаҳои байналмилалиро дар мавзуи "Ҷойгоҳи ДОИШ-и Хуросон дар сохтору ниҳодҳои ДОИШ" пешкаш мекунад.
Омили ДОИШ-и Хуросон ва чолишҳо барои Тоҷикистон
То ҳоло се халифаи ДОИШ кушта шуданд ва ин зарбаи ҷидди барои ин созмони террористӣ аст. Тавре маълум мегардад, ин омил боиси аз байн рафтани ДОИШ намешавад, зеро ин созмон ба як нерӯи ғайримутамаркиз табдил шудааст ва дар он ниҳодҳо ё ҳамон Идораи Кулли Вилоятҳо ва дафтарҳо қобилияти худсозмондиҳӣ, ҳамбастагӣ, коркард, ва фаъолиятро нигаҳ медоранд. Пушти амалиёт ва тарҳҳои истихдоми ДОИШ-и Хуросон ниҳодҳо ва шабакаи созмонёфта, бо сарчашмаҳои молӣ вуҷуд дорад. Ҳамон тавр ки қаблан ишора шуда буд, сарачашмаҳои молии ин созмони террористӣ боҷгирӣ, одамрабоӣ, қочоқ, тиҷорат ва кумакҳои молӣ аз тарафдоронаш ва дафтари минтақаии ДОИШ ба номи Мактаб ул-Каррор аст. Бо чунин тавонмандиҳо ин созмони террористӣ аз осебпазирии кишварҳои монанди Тоҷикистон баҳра мебарад. Ба ҳамин далел, бартарафсозии заъфҳо ва ҳама гуна заминаҳо дар Тоҷикистон як амри зарурӣ аст. Аз ин рӯ, чораандешӣ ва тадбирҳои ниҳодӣ барои густариши бозори кор, беҳбудӣ дар сатҳи зиндагӣ ва густариши ватандӯстии шаҳравандони Тоҷикистонро дар барораби ҳар гуна ифротгароӣ ва тундравӣ дар ниҳоят муқовимтар ва масунтар хоҳад кард.
Дар шароити имрӯза бо назардошти омили истифодаи абзории шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби ДОИШ-и Хуросон чунин чолишҳо шакл гирифтанд:
Якум, бояд ин воқеъиятро дар назар гирифт, ки дар пушти ин созмони террористӣ ниҳодҳо ва фаъолиятҳои созмонёфта нуҳуфтаанд ва наметавон аз тавонмандиҳои зикршудаи ДОИШ чашмпӯшӣ кард. Барои мубориза бо неруҳои ғайридавлатӣ монанди ДОИШ (non-state actors), огоҳӣ аз ин ки ин гуна гурӯҳҳо метавонанд таъсиргузор бошанд ва ба аҳдофи худ бирасанд хеле муҳим аст.
Дуюм, пешбинӣ метавон кард, ки ДОИШ-и Хуросон ба кори худ дар ҷалби шаҳрвандони осебпазири Тоҷикистон идома хоҳад дод. Чун ба назар мерасад, ки ҳадаф ҳам бештар ҷалб кардани шаҳрвандони Тоҷикистон барои амалиёти ҳаросафканона дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон аст. Барои гирифтани пеши роҳи чунин падида – роҳандозии васеъи ҳамкориҳо бо кишварҳои манфиатдор лозиманд, то воқеан қурбонии амалиёти ДОИШ-и Хуросон будани шаҳрвандони Тоҷикистон бештар маълум шавад.
Сеюм, сарбозгирии ДОИШ-и Хуросон чолиши ҷиддие ба сиёсати хориҷии кишвар аст ва амалан рӯйкарди усулии Тоҷикистон дар муқовимат ба экстремизм ва терроризмро зери суол мебарад. ДОИШ-Хуросон беш аз ҳама ба обрӯи кишвари мо дар саросари ҷаҳон латма ворид карда ва пайомади он дар арсаи байналмиллалӣ бар нафъи миллат нахоҳад буд.
Хулоса
Муқобила бо таҳдиди ДОИШ ва талошҳои он барои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба дарки дуруст ва ҷомеъ аз сохторҳои дохилии ДОИШ ниёз дорад. Сохтори созмонии ДОИШ, дафтарҳои минтақаӣ ва сарчашмаҳои молии он пушти фаъолияти густардаи ДОИШ-Хуросон нуҳуфтаанд ва ҳамбастагии кулли шабакаи ДОИШ-ро нигаҳ медоранд. Шабакаи террористии ДОИШ барои Тоҷикистон як таҳдиди ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ, бахши бузурге аз мубориза бо он бартарафсозии осебпазириҳои дарунии Тоҷикистон бояд бошад, то ДОИШ-и Хуросон натавонад аз нуқоти заъфи кишвари мо баҳра барад.
P.S. Ба пойгоҳи мо бивайвандед ва ба дӯстони худ тавсия бидиҳед. Итминон медиҳем, ки инҷо танҳо навиштаҳои вижаи таҳлилиро хоҳед хонд.
Ҷойгоҳи ДОИШ-и Хуросон дар сохтору ниҳодҳои ДОИШ (III)
Пойгоҳи таҳлилии “Дидгоҳи роҳбурдӣ” ба таваҷҷуҳи Шумо бахши сеюми ёддошти Саъдӣ Ҳомид, коршинос ва пажуҳишгари робитаҳои байналмилалиро дар мавзуи "Ҷойгоҳи ДОИШ-и Хуросон дар сохтору ниҳодҳои ДОИШ" пешкаш мекунад.
Сарчашмаҳои даромади ДОИШ ва дафтарҳо
Пас аз шикасти ДОИШ дар майдонҳои ҷанг дар минтақаи Шом (соли 2017), мудели молии ин созмон дар ҷараёни тамаркуззудоии сохторӣ низ шакли дигаре ба худ гирифтааст. Масалан, қаблан сарчашмаҳои молӣ аз марказ ба пойин, яъне ба вилоятҳои ДОИШ интиқол меёфт, вале ба далели фишорҳои неруҳои зидди ДОИШ, даромадҳои ин созмон ба шиддат осеб диданд. Гумон меравад, ки тақрибан дар соли 2017 барои ҷуброни ин зарар ДОИШ вилоятҳои худро ба абзори даромад табдил додааст. Бинобар ин, ҳоло яке аз сарчашмаҳои асосии молии ДОИШ дафтарҳои ин созмон аст ва бахше аз будҷаи ДОИШ аз ҳамин дафтарҳо ба марказ интиқол меёбад.
Сарчашмаҳои даромади худи шохаҳои/дафтарҳои ДОИШ (аз ҷумла ДОИШ-и Хуросон) дар минтақаҳои мухталиф: боҷгирӣ, одамрабоӣ, қочоқ, тиҷорат ва кумакҳои молӣ аз тарафдорони ин созмон аст. Чунин роҳҳои даромадзоӣ ва созу кори молӣ, ҳамонгуна ки пештар зикр шуда буд, бо машварат ва раҳнамоии Идораи Кулли Вилоятҳо сурат мегирад.
Ончи аз фаъолиятҳои ДОИШ-и Хуросон дар Афғонистон гузориш шудааст, маълум мегардад, ки ин шоха барои ба даст овардани даромад аз роҳҳои дар боло номбурда истифода мекунад, аммо ахиран натавонистааст даромади кофӣ ҳосил кунад. Аз ин сабаб, бино бар гузориши Созмони Миллал ва баёнияи вазири дифоъи Омрико, Мактаб ул-Сиддиқ, яъне дафтари ДОИШ-и Хуросон аз дигар дафтари минтақаии ДОИШ ба номи Мактаб ул-Каррор ёрии молӣ дарёфт кардааст. Ин иқдом ба ДОИШ-и Хуросон имкони инро дода ки ба роҳандозии амалиёти террористӣ ва ҷалби одамҳо ба саффи ҷангҷӯёни худ идома диҳад. Ингуна сарчашмаҳои молӣ ба эҳтимоли зиёд пушти ҳамаи амалиёти террористии ахири ДОИШ-и Хуросон аз ҷумла ҳамлаи хунин ба Крокус Ситии Маскав аст.
Ниҳоди Мактаб ул-Каррор масъулияти фаъолияти ДОИШ дар Сумолиро бар уҳда дорад ва аз соли 2022 ба пурдаромадтарин шохаи ДОИШ мубаддал шудааст. Сарчашмаи даромади асосии Мактаб ул-Каррор боҷгирӣ ва ҷамъоварии молия (андоз) аз фаъолиятҳои гунонгун - аз қочоқ гирифта то тиҷоратро дар бар мегиранд. Ин дафтар тавоноии ҳосили ҳудуди 6 милиюн долларро дар як сол дорад ва бар асоси чандин гузоришҳои муътабар бахше аз ҳазинаи молии чанд шохаи ДОИШ, аз ҷумла ДОИШ-и Хуросон тавасутти ин ниҳод фароҳам мешавад.
Идома дорад...
P.S. Дар бахшҳои оянда Омили ДОИШ-и Хуросон ва чолишҳо барои Тоҷикистон (IV) ва хулосаҳо (V)-ро бихонед.
P.S.S. Ба пойгоҳи мо бивайвандед ва ба дӯстони худ тавсия бидиҳед. Итминон медиҳем, ки инҷо танҳо навиштаҳои вижаи таҳлилиро хоҳед хонд.
Ҷойгоҳи ДОИШ-и Хуросон дар сохтору ниҳодҳои ДОИШ (II)
Пойгоҳи таҳлилии “Дидгоҳи роҳбурдӣ” ба таваҷҷуҳи Шумо бахши дуюми ёддошти Саъдӣ Ҳомид, коршинос ва пажуҳишгари робитаҳои байналмилалиро дар мавзуи "Ҷойгоҳи ДОИШ-и Хуросон дар сохтору ниҳодҳои ДОИШ" пешкаш мекунад.
Сохтори созмонии ДОИШ
Пас аз шикасти ДОИШ дар Ироқу Сурия ва кушта шудани Бағдодӣ ва Қурайшӣ - ду раҳбари ин созмони террористӣ, сохтори ин созмон аз силсиламаротиби мутамаркиз ба сохтори ғайримутамаркиз тағйир ёфт. Баъди чунин тағйирот дар низоми ДОИШ, баъзе ниҳодҳо дар барномарезиҳои ДОИШ нақши бештар гирифтаанд.
Дар ин раванди тамаркуззудоии (decentralization) сохтори ДОИШ, шохаҳои ин созмон салоҳиятҳои бештаре дар тасмимгирӣ ба даст овардаанд. Дар ҷараёни ҳамин тағйироти сохтории ДОИШ, аҳаммияти Идораи Кулли Вилоятҳо (Идорат ул-Ъомат ул-Вилоят) бештар шуддаст. Ин идора умури сатҳҳои боло аз ҷумла тасмимҳои молӣ ва раҳномоии амалиётиро дар силсиламаротиби тасмимгирии ДОИШ бар уҳда дорад. Бар асоси он шавоҳиде, ки Созмони Миллал гузориш медиҳад, дастурамалҳо дар мавриди тарзи созмондиҳии шохаҳо ё ба истилоҳ вилоятҳои ДОИШ ва интихоби раҳбарони вилоятҳо тавассути ин ниҳод содир мешавад. Ҳамчунин, дар сурати мухолифат байни вилоятҳо ин ниҳод ба унвони довар амал мекунад.
Яке дигар аз иқдомоти муҳими ниҳодӣ дар созмони ДОИШ таъсиси дафтарҳои минтақаи (regional offices) мебошад. Ин амр боиси коромадтар шудани иртиботи ниҳоди марказии ин созмон бо дигар шохаҳояш гардидааст. Ҳоло 8 дафтар таҳти назорат ва фармони Идораи Кулли Вилоятҳо аст. Ин дафтарҳо ба номҳои Мактаб ул-Шом, Мактаб ул-Ироқ, Мактаб ул-Сиддиқ, Мактаб ул-Каррор Мактаб ул-Фурқон, Мактаб Умм ул-Қура, Мактаб Зул-Нурайн, Мактаб ул-Форуқ ёд мешаванд. Тасвири сохтори ниҳодии ДОИШ ва минтақаҳои фаъолияти ин созмон дар намудори (диаграмма) зер пешкаш шудааст.
Дар ин силсиламаротиб, дафтарҳо муваззафанд ба Идораи Кулли Вилоятҳо аз вазъи амалиётӣ ва низомӣ дар минтақаи худ гузоришҳои моҳона ирсол кунанд. Дар посух ба чунин гузоришҳо, Идораи Кулл маъмулан пиромуни барномарезиҳои токтикӣ ва роҳбурдии оянда машварат медиҳад.
Ҳамонтавр ки дар боло ишора шудааст ДОИШ-и Хуросон тобеъи дафтари Мактаб ул-Содиқ аст ва яке аз фаъолтарин шохаҳои ин созмон мебошад. Идораи Кулл ба таври фаъол ин вилоятро таъмини молӣ мекунад, зеро ин шоха тавонмандиҳои афзоиши амалиёт, ҷазби неру ва густариши доманаи ҳамлаҳоро дорад, чунонки дар ҳамлаҳои террористии ахири ДОИШ-и Хуросон дар Эрон, Туркия ва Русия дидем.
Идома дорад...
P.S. Дар бахшҳои оянда перомуни Сарчашмаҳои даромади ДОИШ ва дафтарҳо (III), Омили ДОИШ-и Хуросон ва чолишҳо барои Тоҷикистон (IV) ва хулосаҳо (V)-ро бихонед.
P.S.S. Ба пойгоҳи мо бивайвандед ва ба дӯстони худ тавсия бидиҳед. Итминон медиҳем, ки инҷо танҳо навиштаҳои вижаи таҳлилиро хоҳед хонд.
🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 2 weeks, 5 days ago
🕵🏻♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
🔞 КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot
💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻💻 Админ: @XokimBuva_ads
Last updated 4 days, 17 hours ago
🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!
🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 5 days, 11 hours ago