Забони яғнобӣ меомӯзем

Description
Advertising
We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @Qoraxabar_aloqabot

☎️Реклама: @Qoraxabarda_reklama

Last updated 2 months ago

Расмий «ПАТРУЛ УЗ» каналига хуш келибсиз!

Фақат янги, долзарб мавзулар!

Инстаграм: http://Instagram.com/Patruluz

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз: @Patrul_Aloqa_bot

Реклама: @Patrul_Admin

Last updated 2 weeks, 3 days ago

Тезкор янгиликлар фақатгина
@OPER_UZ 👈🏻да

Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлдингизми 👀
бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз👇🏻
@oper_uz_bot 👈🏽
Реклама учун 👉🏻 @oper_admin

Last updated 1 week, 2 days ago

1 год, 3 месяца назад

Бахшиш мепурсам, кӣ кайҳо боз постҳо набуд. Аккаунти пештараамро гум кардам, кӣ онҷо ҳамаи навиштаҳоямро(черновик) нигоҳ дошта будам. Ба наздики боз давом мекунам?

1 год, 4 месяца назад

Касе ҳаст, кӣ ҳама дарсҳоро хонда шуд ??

1 год, 5 месяцев назад

#дастури_забон
#пасвандҳо

Дарси 15. Навбати пасвандҳо дар ибораҳои изофа-монанд (бахши 1)

Аз дарси 12 медонем, кӣ дар забони яғнобӣ ибораҳое, кӣ ба ибораҳои изофадор монанд ҳастанд бо пасвандҳои "-и" ва "й" сохта мешаванд: вироти жута(писари додар)
Аз дарси пешина медонем, кӣ бандакҷонишин ҳамеша вопасин меояд, яъне: вироти-м(додарамро)
Ҳангоме, кӣ ибораи изофа-монанд истифода мебарем, бандакҷонишин бо вожаи дуйӯм ҳамроҳ мешавад:

Вироти жута-м — писари додарам
("писари додар" = "вироти жута"; "писари додар" + "-ам" = "вироти жута" + "-м")

"Вироти-м" гуфтан дуруст аст, даме кӣ мо мехоҳем бигӯем "додарамро". Аммо "вироти-м жута" гуфтан нодуруст аст! Бояд "вироти жута-м" гуфт! Ин ҳолатро чунин фаҳмидан даркор: "вирот" ин ибораест, кӣ ягона вожа дорад; "вироти жута" ибораест, кӣ ду вожа дорад. Бандакҷонишин ҳамеша пасванди вопасин мешавад дар ин ибораҳо: "вирот" + "-им" = "вирот-им"("додар" + "ам"); "вироти жута" + "-м" = "вироти жута-м"("писари додар" + "ам").
Навбати пасвандҳо ҳамон ист мемонад, кӣ дар дарси 14 гуфта шуд:

Хwорти ғайкт-шинт — духтарҳои хоҳарҳояшон("духтарҳои хоҳарҳо" + "-ашон" = "хwорти ғайкт" + "-шинт")

Ҳамсоёти ғоwт-мох — говҳои ҳамсояҳоямон("говҳои ҳамсояҳо" + "-амон" = "ҳамсоёти ғоwт" + "-мох")

Намуна дар ҷумла:

Ав хwори пуллот-им авоwор — бачаҳои вай хоҳарам омаданд

1 год, 5 месяцев назад

#дастури_забон
#пасвандҳо

Дарси 14. Навбати пасвандҳо

Дар забони яғнобӣ пасвандҳои шакли ҷамъ, шакли нисбатӣ ва бандакҷонишин навбати аниқ доранд ҳангоме, кӣ бо вожа ҳамроҳ мешаванд. Ин навбат аз он навбате, кӣ забони тоҷикӣ дорад каме фарқ мекунад:

*Ғайкти-м — Духтарҳоямро

Ғайк(реша) + т(ҷамъӣ) + и(нисбатӣ) + м(бандакҷонишин) — Духтар(реша) + ҳо(ҷамъӣ) + ам(бандакҷонишин) + ро(нисбатӣ)*

Бинобар, дар яғнобӣ навбат чунин аст:

Реша + ҷамъӣ + нисбатӣ + бандакҷонишин

Вале дар тоҷикӣ:

Реша + ҷамъӣ + бандакҷонишин + нисбатӣ

Чизе набояд фаромуш кард, кӣ дар яғнобӣ пасванди шакли ҷамъ ҳамеша якӯмин меояд ва бандакҷонишин ҳамеша вопасин:

Ах ғоwи урчи — ӯ говро мебиёрад
Ах ғоwи-шинт урчи — ӯ говашонро мебиёрад
Ах ғоwти-шинт урчи — ӯ говҳояшонро мебиёрад

Ғоw; Бувва — Гов; Паша
Ғоwи; Буввай — Говро; Пашаро
Ғоwт; Буввот — Говҳо; Пашаҳо
Ғоw-т; Бувва-т — Говат; Пашаат
Ғоwти; Буввоти — Говҳоро; Пашаҳоро
Ғоwи-т; Буввай-т — Говатро; Пашаатро
Ғоwи-шинт; Буввай-шинт — Говатонро; Пашаатонро
Ғоwти-м; Буввоти-м — Говҳоямро; Пашаҳоямро
Ғоwти-т; Буввоти-т — Говҳоятро; Пашаҳоятро

Ғоwти-ш; Буввоти-ш — Говҳояшро; Пашаҳояшро
Ғоwти-мох; Буввоти-мох — Говҳоямонро; Пашаҳоямонро
Ғовти-шинт; Буввоти-шинт — Говҳояшонро; Пашаҳояшонро

Дар мавриди истифодабарии он шакли ибора, кӣ дар тоҷикӣ бо изофа ифода мешавад, бандакҷонишинҳо каме дигархел ҳамроҳ мешаванд. Инро дар дарси навбатӣ мегузарем.

1 год, 5 месяцев назад

#вожанома

Вожанома 16

Морти - мард
Инч - зан

Шаҳр - шаҳр
Майн - деҳ, русто
Пормайн - бахши пасти русто
Шимайн - бахши пасти русто

Ҳамсоя - ҳамсоя

1 год, 5 месяцев назад

#вожанома
#ҳашарот

Вожанома 15

Ҷондорак - ҳашара
Мурчак - мӯрча
Ғоwак - гамбуск
Шоғовак, вофкак - тортанак
Каждум - каждум
Ғужвик - ору
Кирм - кирм
Малах - малах
Бувва - паша
Шапарак - парвона
Шипӯш - шабушк

1 год, 5 месяцев назад

#дастури_забон
#ҷонишин

Дарси 13. Ҷонишинҳои нисбатии "ит" ва "ав"

Дар дарси 3 гуфта шуд, кӣ ҷонишинҳои "иш" ва "ах" чунин шаклҳои нисбатӣ доранд: "ити" ва "ави". Лекин ҳаминҳо ягона ҷонишинҳое, кӣ шакли нисбатии дуйӯм доранд: ин "ит" ва "ав". Фарқи ин ду гурӯҳи ҷонишинҳои нисбатӣ ҳамунест, кӣ "ити" ва "ави" ҳамон замоне истифода бурда мешаванд, кай кӣ ҷонишин чими(маънои) шахсӣ ифода кунад, яъне дар ҷумла худмухтор бошад:

*Ави ғирифомишт — ӯро медонам

Ити оча — модари ин*

Аммо замоне, кӣ ин ҷонишинҳо дар ҷумла вазифаи нишониро ба ҷо биёранд, яъне бо вобастагии бо ягон ном оянд, шаклҳои "ит" ва "ав" кор фармуда мешаванд:

*Ав одами ғирифомишт — вай одамро медонам
("вай одам" = "ах одам", вале "вай одамро" = "ав одами", на "ах одами"!)

Ит пуллай оча — модари ин бача
("иш пулла" —> "ит пуллай", на "иш пуллай" ё "ити пуллай"!)*
Дар ду намунаҳои болотар ҳар ҷонишин бо ном вобаста омадааст, яъне бе худмухторӣ. Муқоиса кунед:

*Ави жутоти авеним — писарҳои онро дидам

Ав жутоти авеним — он писарҳоро дидам

Ах жутот ашавор — он писарҳо рафтанд*

1 год, 5 месяцев назад

#дастури_забон
#ном

Дарси 12. Шакли нисбатии номҳо (бахши 3)

3️⃣ Дар забони яғнобӣ пешоянди "дар" чун вожаи алоҳида вуҷуд надорад. Ба ҷои он пасванди нисбатии номҳо кор фармуда мешавад, яъне:

*Ман кати им — ман дар хона ҳастам

Мох Сӯҳроби кати непидимишт — мо дар хонаи Сӯҳроб хоб меравем("хонаи Сӯҳроб" = "Сӯҳроби кат"; "дар" + "хонаи Сӯҳроб" = "Сӯҳроби кат" + "-и")*

(Агар ибораи "Сӯҳроби кати" аз матн ҷудо карда гирем, он ба тоҷикӣ бо ду мазмун метавонад тарҷима шавад: ё "хонаи Сӯҳробро", ё "дар хонаи Сӯҳроб". Барои яғнобӣ матни пурра муҳим аст то сохтании мазмун)

*Темури гапти ҳақиқат нахаст — дар гапҳои Темур ҳақиқат нест("гапҳои Темур" = "Темури гапт"; "дар" + "гапҳои Темур" = "Темури гапт" + "-и")

Сайфуллой кати тиредай Нуруллой пишаки авеним — дар тирезаи хонаи Сайфулло ғурбаи Нуруллоро дидам
(Метавон ин ҷумларо чунин тарҷима кард: "ғурбаи Нуруллои тирезаи хонаи Сайфуллоро дидам", лекин ин гуна ҷумла маъное надорад)

Ах опи лапи анид— он дар лаби об нишаст*

1 год, 5 месяцев назад

#дастури_забон
#ном

Дарси 12. Шакли нисбатии номҳо (бахши 2)

2️⃣ Барои ифодакунии он маъное, кӣ дар тоҷикӣ бо ёрдами изофа мағзи ду ном ифода мешавад. Фарқ дар ҳамунест, кӣ дар яғнобӣ пасванди "-и" ё "-й" бо ҳамон номе ҳамроҳ мешавад, кӣ дар ибора асоси аст, ҳангоме, кӣ дар тоҷикӣ бандаки изофа бо номи ғайриасосӣ ҳамроҳ мешавад:

*Фарангизи ғайк — духтари Фарангиз
Фарангизи ғайкт — духтарҳои Фарангиз

Нуруллой кати — хонаи Нурулло
Нуруллой катит — хонаҳои Нурулло

Раути оп — оби дарё
Раутти оп — оби дарёҳо

Купучи ғотк — ошёнаи кафтар
Купучи ғоткт — ошёнаҳои кафтар
Купучти ғотк — ошёнаи кафтарҳо
Купучти ғоткт — ошёнаҳои кафтарҳо

Кати тиреда — тирезаи хона
Кати тиредот — тирезаҳои хона
Катти тиреда — тирезаи хонаҳо
Катти тиредот — тирезаҳои хонаҳо

Сайфиддини пулла авоw — бачаи Сайфиддин омад
Сайфиддини пуллот авоwор — бачаҳои Сайфиддин омаданд

Меҳрангизи виротти жутот шавошт — писарҳои додарҳои Меҳрангиз мераванд*

Агар хоҳем, кӣ он маъное ифода бикунем, кӣ дар тоҷикӣ бо ибораи изофадор ва пасванди "-ро" ифода мешавад, боз ҳамун пасванди "-и" ё "-й" кор мефармоем, яъне:

*Иш кати деволи ӯнхойчи — ин девори хонаро мешиканад
("девори хона" = "кати девол"; "девори хона" + "-ро" = "кати девол" + "-и")

Ту Далери акой набузоништ — ту бародари Далерро намешиносӣ
("бародари Далер" = "Далери ако"; "бародари Далер" + "-ро" = "Далери ако" + "й")

Рустами вироти жутай аспи нивеним — аспи писари додари Рустамро надидам*

1 год, 5 месяцев назад

#дастури_забон
#ном

Дарси 12. Шакли нисбатии номҳо (бахши 1)

Дар дарси 3 шакли нисбатии ҷонишинҳоро гузаштем, ва акнун чунон шакли номҳоро мебинем. Ин гуна шаклро дар бисёр мавридҳо кор мефармоянд: бо пасояндҳо ва бе онҳо. Ин дарс мо мавридҳои бепасояндиро мегузарем.
Шакли нисбатии номҳо бо ҳамроҳии 2 гуна пасванд ифода мешавад: "-и" барои вожаҳое, кӣ бо ҳамсадо анҷом меёбанд; "-й" барои вожаҳое, кӣ бо садонок анҷом меёбанд, яъне:

Ғайк — *Ғайки
Кат — Кати
Далер — Далери

Жута — Жутай
Пода — Подай
Сайфулло — Сайфуллой*

Шакли ҷамъи номҳо бо ҳамин нусха сохта мешавад, танҳо вожаҳои бо "-тит" нусхаи каме дигар доранд, яъне:

Ғайкт — Ғайкти
Подот — Подоти

Аммо:

Катит(хонаҳо) — Катти(на "катити"!)
Дастит(дастҳо) — Дастти(на "дастити"!)

Ин номҳои нисбатиро барои се вазифа кор мефармоянд:

1️⃣ Барои ифодакунии он маъное, кӣ дар тоҷикӣ бо бандаки "-ро" ифода мешавад:

*Ман Рухшонай бузономишт — ман Рухшонаро мешиносам

Ах катти аӯнхой — ӯ хонаҳоро шикаст

Ман тав вироти авеним — ман додари туро дидам
("додари ту" = "тав вирот"; "додари ту" + "-ро" = "тав вирот" + "-и")*

We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @Qoraxabar_aloqabot

☎️Реклама: @Qoraxabarda_reklama

Last updated 2 months ago

Расмий «ПАТРУЛ УЗ» каналига хуш келибсиз!

Фақат янги, долзарб мавзулар!

Инстаграм: http://Instagram.com/Patruluz

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз: @Patrul_Aloqa_bot

Реклама: @Patrul_Admin

Last updated 2 weeks, 3 days ago

Тезкор янгиликлар фақатгина
@OPER_UZ 👈🏻да

Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлдингизми 👀
бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз👇🏻
@oper_uz_bot 👈🏽
Реклама учун 👉🏻 @oper_admin

Last updated 1 week, 2 days ago