𝐀𝐃𝐀𝐁𝐈𝐘𝐎𝐓𝐈 𝐁𝐔𝐙𝐔𝐑𝐆𝐎𝐍🥀🍁

Description
¤ Ҳикмат
¤ Панд
¤ Шеър
¤ Байт
¤ Ғазал
¤ Андеша (аз бузургони олами орифон ва ирфон)

барои муроҷиат: @ahmadzoda_amirbek
We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 1 month ago

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

? Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

?? КАТТАЛАР УЧУН!

? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

1 week, 5 days ago

📚#Каломи_орифон
#Соиб_Табрезӣ

Мешаванд аз сардмеҳри
дӯстон аз ҳам ҷудо,
Баргҳоро мекунад боди хазон аз ҳам ҷудо.

Қатра шуд селобу восил шуд ба дарёи муҳит,
То ба кай бошед , эй беғайратон аз ҳам ҷудо.

Гар ду бенисбат ба ҳам сад сол бошад ошно,
Мекунад бенисбатӣ , дар як замон аз ҳам ҷудо.

Дар нагирад сӯҳбати пиру ҷавон бо якдигар,
То ба ҳам пайваст, шуд тиру камон аз ҳам ҷудо.

То туро аз дур дидам , рафт ақлу ҳуш зӣ ман,
Мешавад наздики манзил корвон аз ҳам ҷудо.

Дар хамӯши ҳарфҳои мухталиф як нуқтаанд.
Мекунад ин ҷамъро теғи забон аз ҳам ҷудо.

Пеши арбоби басират гуфтугӯи ишқу васл,
Ҳаст чун бедориву хоби гарон аз ҳам ҷудо....

1 week, 6 days ago

Агар ҳамаи умр дар дунё ба саҷдаи шукр машғул гардӣ, шукри он нагзорида бошӣ, ки ӯ дар азал ҳадиси дӯстон кард. Ҷаҳд кун, то аз дӯстон бошӣ!#андеша#панд#ҳикмат#БИШРИ_ҲОФӢ**#тазкирату_л_авлиё**

2 weeks ago

*Зиндагӣ дарди туро донад, надонад, ғам махур,
Ҳамраҳат боре қадам монад, намонад, ғам махур.

Ҳарфи пинҳони дилатро бо касу нокас магӯ,
Дӯст ҳамрозат шудан тонад, натонад, ғам махур.

Гирумони донаи шатранҷ дар як қолаб аст,
Гар рақиб андешае ронад, наронад, ғам махур.

Эй хуш он марде, ки худ даҳмардаи моли худ аст,
Подабон гови туро бонад, набонад, ғам махур.

Озарахшо, аз Худованди сухан лутфе талаб,
Беғаме шеъри туро хонад, нахонад, ғам махур.*

#шеър#ғазал#ОЗАРАХШ**

2 months, 3 weeks ago

*Мағрур машав, хоҷа, ба сомони касофат,
Бар пушти харон мў чӣ қадар ҷул шуда бошад.

Халқе ба адам дуди дилу доғи ҷигар бурд,
Хоки ҳама сарфи гулу сунбул шуда бошад.

Аз қатраи мо даъвии дарё чӣ хаёл аст?
Ин ҷузъ, ки гум гашт, магар кул шуда бошад.*#Бедил**

2 months, 3 weeks ago

*Ман ғуломи қамарам ғайри қамар ҳеҷ магӯ,
Пеши ман ҷуз сухани шаҳду шакар ҳеҷ магӯ.

Сухани ранҷ магӯ, ҷуз сухани ганҷ магӯ,
Вар аз ин бехабари ранҷ мабар ҳеҷ магӯ.

Дӯш девона шудам ишқ маро диду бигуфт,
Омадам наъра мазан, ҷома мадар, ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ай ишқ, ман аз чизи дигар метарсам,
Гуфт: он чизи дигар нест дигар ҳеҷ магӯ.

Ман ба гӯши ту суханҳои ниҳон хоҳам гуфт,
Сар биҷунбон, ки бале, ҷуз ки ба сар ҳеҷ магӯ.

Қамари ҷон сифате дар раҳи дил пайдо шуд,
Дар раҳи дил чи латиф аст сафар ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ай дил, чи маҳ аст, ин дил ишорат мекард,
Ки на андозаи туст ин бигзар ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ин рӯи фариштаст аҷаб ё башар аст,
Гуфт: ин ғайри фариштасту башар ҳеҷ магӯ.

Гуфтам: ин чист бигӯ зеру забар хоҳам шуд,
Гуфт: мебошӣ чунин зеру забар ҳеҷ магӯ.

Ай нишаста ту дар ин хонаи пурнақшу хаёл
Хайр аз ин хона бирав, рахт бибар ҳеҷ магӯ.*#Мавлоно_Ҷалолиддини_Румӣ**

2 months, 3 weeks ago

Хуш хиромон меравӣ, эй ҷони ман, бе ман марав,
Эй ҳаёти дўстон, дар бўстон бе ман марав.
Эй фалак бе ман магарду эй камар бе ман матоб,
Эй замин бе ман мабошу эй замон бе ман марав.
Ин ҷаҳон бо ту хуш асту он ҷаҳон бо ту хуш аст,
Ин ҷаҳон бе ман мабошу он ҷаҳон бе ман марав.
Эй инон, бе ман марону эй забон бе ман махон,
Эй назар, бе ман мабину эй равон бе ман марав.
Шаб зи рўят моҳ рўйи хештан бинад сафед,
Ман шабам, ту моҳи ман, бар осмон бе ман марав.
Хорро бин руст зоташ дар паноҳи лутфи гул,
Ту гулӣ, ман хори ту, дар гулситон бе ман марав
Дар хами чавгонт мебозад, чу чашмат бо ман аст,
Ҳамчунин дар ман нигар, бе ман марон, бе ман марав.
Чун ҳарифи шоҳ бошӣ, эй тараб, бе ман мабош,
Чун ба поси шаҳ равӣ, эй посбон, бе ман марав.
Войи он кас, кў дар ин раҳ бе нишони ту равад,
Чун нишони ту манам, эй бенишон, бе ман марав.
Вой онро, кандар ин раҳ меравад бедонише,
Оташи роҳам туӣ, эй роҳдон, бе ман марав.
Дигаронат ишқ мехонанду ман султони худ,
Эй ту волотар зи ваҳми ину он бе ман марав.
#МАВЛОНО_ҶАЛОЛИДДИНИ_РУМӢ**

2 months, 4 weeks ago

Ҳаргиз бахилро сутуда набинӣ, на хашмгинро шодон ва на хирадмандро ҳарис ва на каримро ҳасуд ва на ҳавасбозро тавонгар ва на малулро дӯст.#ҳикмати_рӯз**

2 months, 4 weeks ago

*Эй хуш он рӯзе, ки дар дил меҳри ёре доштам,
Синаи пурсӯзу чашми ашкборе доштам.

Ёд бод он гаҳ, ки фориғ будам аз боғу баҳор,
Дар канор аз ашки гулгун лолазоре доштам.

Кӯр бодо дидаи бахтам, хуш он рӯзе, ки ман,
Дида бар роҳи саманди шаҳсаворе доштам.

Боз рӯ гардондӣ аз ман, чунки оям сӯйи ту,
Охир, эй паймоншикан, бо ту қароре доштам.

Шукр гар нола бурун шуд аз дилам якборагӣ,
Гар ҳам аз хавфу хатар хотирузоре доштам.

Ноумеде кардӣ аз худ, эй хуш он рӯзе, ки ман
Орзуи бӯсу уммеди каноре доштам.

Гар касе пурсад: чӣ мекарди ту, Муҳйӣ? Дар ҷавоб
Гӯям: он ҷо бо касе як лаҳза коре доштам.*#АБДУЛҚОДИРИ_ҶЕЛОНӢ**

3 months, 1 week ago

*ҲУКАМО ГУФТААНД: се чиз бо се чиз зам гардад, давои он номумкин аст.

1) Ба пирӣ - беморӣ.
2) Ба душманӣ - ҳасадгӯӣ.
3) Ба камбағалӣ - танбалӣ.*#ҳикмати_рӯз**

3 months, 1 week ago
*Рӯзе Исо (алайҳиссалом) чанд нафари аҳмақсифатро …

Рӯзе Исо (алайҳиссалом) чанд нафари аҳмақсифатро дида, рӯй гардониданд ва гурехтанд. Шогирдон ин ҳолро дида гуфтанд:
- Ё Расулуллоҳ, аз нафаси мубораки шумо чандин гунгу кар шифо ёфтанд, бо иродаи Худованд якчанд мурдагон дар дасти шумо зинда гаштанд. Пас чунин ба ин аҳмақон як дам занед, ки онҳо низ аз балои аҳмақӣ наҷот ёбанд ва ин барояшон хуб хоҳад буд. Расулуллоҳ дар ҷавоби онҳо гуфтанд:
-Нафаси ман бо хоҳиши Худованд мурдаро ҷон мебахшад, ба ҳар дардманд шифо ато мекунад, аммо ба аҳмақон асар надорад. Чунки
аҳмақӣ - қаҳри Худованд аст.**
#маснавии_маънавӣ**#МАВЛОНО**

We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 1 month ago

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

? Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

?? КАТТАЛАР УЧУН!

? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago