40 Ҳадис | Намоз

Description
📖 40 ҳадиси саҳеҳ дар бораи намоз.
Advertising
We recommend to visit

Инста: https://www.instagram.com/xdanyl_/
TWITCH: https://www.twitch.tv/xdanyl_
Реклама: @chocoboy711 и @lxxnyash
АРТЫ/ЭДИТЫ И ПРОЧЕЕ КИДАТЬ СЮДА: https://t.me/XdanylOfficialBot

Last updated 2 Monate, 1 Woche her

Амбасадор Лора Пиано

Last updated 4 Tage, 16 Stunden her

🔥Телеграмдаги энг зўр аёллар канали
⚡️Психологик пост/тест/контентлар
📝Кунлик мотивациялар
💝БЕПУЛ дарслар

Бизнинг сайт www.qizilpomada.uz

📍 instagram.com/qizilpomada

Last updated 1 Monat, 2 Wochen her

10 months, 3 weeks ago
11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 40 | Хуфтан*

Ҷобир (радияллоҳу анҳу) мефармояд: «Пайғамбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) гоҳе дар намози хуфтан шитоб мекард ва гоҳе дар он тардид мекард.
Чун медид, ки мардум аллакай ҷамъ шудаанд, барвақт намоз мехонд. Вақте ки мардум дер мемонданд, намозро ба таъхир мегузорид».

(Бухорӣ, Муслим)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 39 | Хуфтан*

Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Агар ин барои уммати ман вазнин намебуд, ба онҳо амр мекардам, ки намози хуфтанро то сеяки аввали шаб ё то нисфи шаб ба таъхир гузоранд.

(Тирмизӣ, ибни Моҷа)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 38 | Хуфтан*

Оиша (радияллоҳу анҳа) ривоят мекунад: Рӯзе Расулуллоҳ (соллаллоҳу алайҳи ва саллам) намози хуфтанро нахонд то ними шаб нагузашт.
Баъд намоз хонд ва гуфт: «Ин вақти воқеъии ин намоз аст, аммо ман метарсам ки ба умматам душвори наорам».

(Муслим)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 37 | Хуфтан*

Вақти намози хуфтан то нисфи шаб давом мекунад.

(Муслим)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 36 | Шом*

Паёмбари Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Баракат ва ободи уммати маро тарк намекунад то он даме, ки онҳо шуруъи хондани намози шомро то баромадани ситораҳо бигузоранд.

(Аҳмад, Абу Довуд)

Рафиъ ибни Хадиҷ (радияллоҳу анҳу) ривоят мекунад, ки гуфт: "Чун яке аз мо намози шомро, ки ҳамроҳи Расули Аллоҳ мехонд, у ҳануз ҷойҳоеро, ки тирҳояш афтода буд, ба таври равшан медид”.

(Бухорий, Муслим)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 35 | Шом*

Вақти намози шом то аз байн рафтани офтоби бегоҳи давом мекунад.

(Муслим)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 34 | Шом*

Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: «Намози шомро баробари фурӯ рафтани офтоб бихонед».

(ат-Табаронӣ)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 33 | Аср*

Намози аср пеш аз оне, ки офтоб «зард шуданро шуруъ мекунад» ва равшании худро гум накардааст, хондан дуруст аст.
Ин намозро ба таъхир гузоштан, вақте ки офтоб ба уфуқ наздик мешавад ва аллакай сурх мешавад, ниҳоят номатлуб аст.
Паёмбари Аллоҳ (саллалоҳу алайҳт ва саллам) дар бораи намози аср, ки ба охири вақт боқӣ мондааст, фармуд: «Ин намози мунофиқ аст [дар мавридҳое, ки барои чунин таъхири ҷиддие сабабҳои узрнок нест].
У менишинад ва мунтазири фуру рафтани офтоб миёни шохи шайтон мешавад. Пас аз он бармехезад ва ба зудӣ ба хондани чаҳор ракъат шурӯъ мекунад, бе зикри Парвардигор, ҷуз андаке (кам)».

(Муслим)

11 months, 1 week ago

*📌 Ҳадиси 32 | Аср*

Дар яке аз рузҳои абрнок Бурайда (радияллоҳу анҳу) фармуд: «Намози асрро барвақт бигузоред, зеро дар ҳақиқат Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд: «Амалҳои касе, ки намози асрро тарк мекунад беҳуда мешавад».

(ал-Бухорӣ)

We recommend to visit

Инста: https://www.instagram.com/xdanyl_/
TWITCH: https://www.twitch.tv/xdanyl_
Реклама: @chocoboy711 и @lxxnyash
АРТЫ/ЭДИТЫ И ПРОЧЕЕ КИДАТЬ СЮДА: https://t.me/XdanylOfficialBot

Last updated 2 Monate, 1 Woche her

Амбасадор Лора Пиано

Last updated 4 Tage, 16 Stunden her

🔥Телеграмдаги энг зўр аёллар канали
⚡️Психологик пост/тест/контентлар
📝Кунлик мотивациялар
💝БЕПУЛ дарслар

Бизнинг сайт www.qizilpomada.uz

📍 instagram.com/qizilpomada

Last updated 1 Monat, 2 Wochen her