بیان عقیده اهل سنت ( ابو محمد المدنی )

Description
فهم درست عقیده اهل سنت را در این گروه بیاموزید
Advertising
We recommend to visit

🔴بزرگترین رسانه هواداران پرسپولیس🔴

📱تعرفه تبلیغات:
@AdsPers
.

🏆 مرحله ۱/۱۶ نهایی جام حذفی
⚽️ پرسپولیس - مس سنگون
🗓 پنجشنبه ۱ آذر - ۱۸:۰۰
🏟 ورزشگاه تختی تهران
.

ارتباط با ما:
@Perscall

.

Last updated 1 month, 1 week ago

آخرين اخبار، عكس، ويديو و مطالب ورزشي


جهت اطلاع از نحوه تبلیغ در کانال ورزش سه به آی دی تلگرام زیر مراجعه نمایید:

@adsfarakav


اینستاگرام اصلی 👈 instagram.com/varzesh3
اینستاگرام دوم 👈 instagram.com/varzesh3_plus

Last updated 1 month ago

‌‌💙 یکی از بزرگترین کانال های هواداری استقلال 💙


🏆 هفته چهاردهم لیگ برتر
⚽️ استقلال - چادرملو اردکان
🗓 پنجشنبه ۶ دی
⏰ ساعت ۱۷:۳۰
🏟 ورزشگاه شهید نصیری


تبلیغات و ارتباط با ما:
@AdsEsteghlallii

Last updated 5 hours ago

1 Jahr, 3 Monate her

Рақами 1

Дар маротибул имон яъне мартабаҳои имон асли имон чист , кадом чизро ба вуҷуд биёред асли имон аст ва кадом чизро тарк кунед асли имон нест ва инсон кофир мешавад ва инчунин масъалаҳоро дар ҳалқаҳои оянда зикр хоҳем кард . Биизниллаҳи субҳанаҳу ва таъала. Пас ин маънои куфри акбар ва куфри асғар буд . Пас ин аз учули аҳли суннат вал ҷамоъат аст. Усули аҳли суннат вал ҷамоъат асли мазҳаби аҳли суннат вал ҷамоъат ақида доранд ва эътиқод доранд ки куфр ду намуд аст . Куфри акбар ва куфри асғар . Ва инчунин ширк , ширк ҳам ду намуд аст : ширки акбар ва ширки асғар . Ва инчунин зулм, зулм кардан инчунин ду намуд аст : зулми акбар ва зулми асғар . Ва инчунин нифоқ : нифоқи акбар ва нифоқи асғар ва инчунин бидъат ду намуд аст : бидъати акбар ва бидъати асғар . Пас чихеле ки куфри акбар ва куфр асғар вуҷуд дорад яъне куфрро ба ду қисм тақсим кардем дигар масъалаҳои эътиқодии калимаҳое ки омадааст ба монанди ширк, зулму нифоқу бидъат инҳо низ бо худ тақсимот доранд ё ки фисқ калимаи фисқ ҳам фиқи акбар ва фисқи асғар . Ва ҳамаи ин ширки акбар , зулми акбар , нифоқи акбар ва фисқи акбар хориҷкунанда аз ислом аст . Вақте ки дар инсон ба вуҷуд меояд инсонро аз ислом берун мекунад . Аммо куфри асғар , ширки асғар, зулми асғар, нифоқи асғар ва фисқи асғар инсонро аз ислом берун намекунад . Балки ба як гуноҳи бузурге ба як иқобе дучораш мекунад. Боракаллоҳу Фикум. Пас бояд донем ки куфри акбар бо худаш намудҳо дорад . Навъҳо ва намудҳо дорад , яъне куфри акбар аз кадом ҷиҳат ба шумо дохил мешавад . Куфри акбар бо кадом роҳ пайдо мешавад навъҳои куфри акбар ана ҳамин маъноҳост . Чихеле ки дар ин масъала уламои аҳли суннат вал ҷамоъат бениҳоят хуб ва дақиқ ва ошкору равшан суҳбат кардаанд. Ва яке аз он касоне ки ин суханро бениҳоят хуб шарҳ додааст ин олими муҳаддис ва алломаи аҳли суннат вал ҷамоъат имом ибнул Қайими Ҷавзи раҳимаҳуллоҳ мебошанд. Мегуянд, ки "куфри акбар аз ҷиҳати пайдо шуданаш ба 5 қисм тақсим мешавад " яъне аз 5 роҳ ба вуҷуд меояд . Ё барои ба вуҷуд омадани куфри акбар 5 роҳ вуҷуд дорад . Яккуминаш ин такзиб аст , куфри такзиб дуруғ шуморидан , дуввуминаш куфри истикбор вал ибо такаббури ва рад кардан , севуминаш куфри эъроз руй гардонидан беаҳмияти кардан ва чоруминаш куфр шакк, шакк кардан дар дин ва панҷуминаш куфр нифоқ нифоқи ботини дар ботин дар дарунаш кофир аст аммо берунан зоҳир худашро мусалмон нишон медиҳад. Нифоқ ҳамин аст ки зоҳири худро мусалмон нишон медиҳад дар байни мусалмонон мусалмон аст аммо дилаш ва дарунаш кофир асту куфр аст ки албатта ҳар яки инро мо ба шумо шарҳу тавзеҳ хоҳем дод . Ва албатта уламои дигар гуфтаанд ки 6 қисм аст яъне навъҳои куфр намудҳои куфр ва он роҳҳое ки аз ҳамон роҳ куфр пайдо мешавад 6 қисм аст

1 Jahr, 3 Monate her

Рақами 1

Алҳадулиллаҳи роббил ъаламин вассолату вассаламу атамманил акмалани ъала саййидил анбияи вал мурсалин саййидина ва набиййина мухаммадин ва ъала алиҳи ва асҳабиҳи аҷмаин ва ман иҳтада биҳадйиҳи вастанна бисуннатиҳи ила явмиддин, аммо баъд ассалому алейкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ . Аллоҳ Роббул иззати вал Ҷалолро ҳамду шукру санову ситоиш мекунем, ки ба мо бандагонаш бори дигар тавфиқ ва фурсат дод, ки бо шумо суҳбате ва ҳалқаи дарсие дошта бошем . Дар ҳалқаҳои гузашта ба шумо баен шуд ки куфр дар луғату истилоҳ чи маъни дорад ва албатта ин гуфтаҳо бо оятҳои Қуръон ва аҳодиси расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам шарҳ дода шуд . Ин ҳалқаи севвум аст ки лар масъалаи куфр ва шинохт ва баёни он суҳбат мекунем . Дар ин ҳалқа қисмҳои куфрро намудҳои куфрро ба шумо баён хоҳем кард . Боракаллоҳу Фикум. Куфр ба ду намуд тақсим мешавад : куфри акбар ва куфри асғар. Акбар ба маънои хело ҳам бузург яъне бузургтарин, куфре ки бузург аст куфри акбар ва куфри асғар куфре ки кучак аст . Албатта ин маънои луғавии ин куфрҳост . Аммо агар назар ба истилоҳи шаръии ин маънои куфрҳо бикунем куфри акбар яъне он амал ва эътиқод ва сухан ва тарки амалҳои куфрие ки ба муҷарради ба вуҷуд омаданаш инсонро аз ислом берун мекунад . Яъне корҳое ва амалҳо ва суханҳои куфрие, ки инсон вақте ки ин амалро анҷом дод зуд аз ислом берун мешавад . Куфри акбар яъне инсонро аз ислом берун мекунад ва кофир мекунад . Ва агар инсон тавба накунад ва ба ислом дубора боз нагардад ва бо ҳамин куфраш вафот бикунад ин сабаби дузах даромаданаш абадул абад хоҳад шуд . Чаро ки куфри акбар аст . Яъне куфри акбар хориҷ кунанда аз миллати ислом аст. Аммо куфри асғар дуввум намуди куфр маънияш ин аст ки инсонро имонашро заиф ва ноқис мекунад ва инсонро аз ислом берун намекунад . Гуноҳҳое ҳаст ки ин куфри асғар аст . Ин маъсият аст ин гуноҳ аст , ҳар касе ки куфри асғарро ба ҷо овард ин кофир нест ин мусалмон аст аммо мусалмони бениҳоят гуноҳи азим кардааст . Мусалмоне ҳаст ки гуноҳи бениҳоят азим кардааст , аммо асли имон вуҷуд дорад . Албатта мо ба шумо барои хуб дарк кардани кадом вақт кофир шудан ва кадом вақт амалро тарк кунед кофир шудан ва кадом вақт асли имон ба вуҷуд омадан ин тақсимҳоро ин ша Аллоҳ дар ҳалқаи оянда баъд аз фаҳмиши тақсимҳои куфр ба шумо зикр мекунем .

1 Jahr, 3 Monate her

Дарси 2????

1 Jahr, 3 Monate her

РАКМИ 6
Бисмилаҳир-Раҳманир-Раҳим.Ва барои тасдиқи паёмбараш содиқ будани онҳо ҳуҷатро қоим кардааст, ки ҳатто кофирҳам вақте ки ба паёмбар салалоҳу алайҳим васалам назар мекунад, содиқ будани паёмбарро, Амин будани паёмбарро мефаҳмад ва медонад, аммо ба сабаби ҳасад ба сабаби кибр ва ба сабаби чизҳои дигар қабул намекунад. Ҳатто Фиръавн содиқ будани Исо алайҳи саломро ба қалбаш медонист, аммо ба сабаби шаҳваташ ҳавову ҳавасу кибру ҳасадаш дурӯғ мешуморид.

Анъом ояи 33

أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيطَانِ

فَإِنَّهُمۡ لَا يُكَذِّبُونَكَ وَلَـٰكِنَّ ٱلظَّـٰلِمِينَ بِـَٔـايَـٰتِ ٱللَّهِ يَجۡحَدُونَ

Аллоҳ мегуяд эй Муҳаммад Саллалоҳу алайҳим васалам кофирон туро дуруғ намешуморанд чихеле ки дар сураи анъом ояти 33 омадааст.Кофирон туро дурӯғ намешуморанд аммо онҳо золиманд, ки ба оятҳои Аллоҳ суханҳои Аллоҳро рад мекунанд.Пас шайхул ислом ибни Таймия раҳимауллоҳ мегуянд ки,одатан омаи касоне ки расули акрам салалоҳу алайҳим васаламро дурӯғ шуморида буданд медонистагд ки расулулоҳ ҳақ ҳастанд ва расули акрам салалоҳу алайҳим васалам содиқу масдуқ ва далелҳои бароҳим дорад лекин ё ба сабаби ҳасадашон ё ба сабаби хосдори дараҷаи улуву мартабаву раёсаташон ё ба сабаби дусдории дини ширкиёти худашон ё ба сабаби истикбору кибру ғулуву ҳавову ҳавасашон расули акрам салалоҳу алайҳим васаламро қабул накарданду куфр варзиданд ба монанди иблис ё ба монанди фиръавн ки ҳамаи онҳо. ба сабаби ҳасад ё ба сабаби истикбор ҳақро рад карду кофир шуд ва инчунин чорум намуди куфр мо аввал намуди куфрро гуфтем кур ба забон куфр ба амал ва куфр ба этиқод яъне куфри этиқоди қалби сухани қалб амали қалб ки ҳамаи ин мисолҳоро овардем ва чорум намуди куфр куфр бо тарк инчунин куфр мешавад бо тарк кардан.Тарк кардани намоз тарк кардани намоз дар назди ҷумҳури уламои салаф ин куфр аст.Балки ин ба иҷмои саҳоба куфр аст тарк кардани намоз ба иҷмои саҳоба куфр аст чихеле ки инша Аллоҳ дар ин мавзуъ дар ҳалқаҳои оянда хос ба шумо сӯҳбат мекунем ки оё торикии намоз тарк кардани намоз куфр аст ё нест ва инчунин дувумим мисол барои тарк кардан куфр буданаш дувумим мисол аввалин мисол тарки намоз куфр аст касе ки намозро сад дар сад тарк мекунад кофир мешавад ва мисоли дувум тарки амали чавориҳ би кулия ва мин золикал тарку амаликул ҷавориҳ бил кулия тарк кардани амали ҷисм ба тамом тарк карданаш яъне як инсоне ки ба тамом амалҳои ҷисмро тарк мекунад на рузаву на намозу на ҳаҷҷу на закоту ҳеҷ амале надорад ва ин ҳам албатта куфр аст соҳибашро кофир мекунад ба монанди касе ки даҳову бисолу садҳо сол зиндаги мекунад ва як маротиба ҳам ба Аллоҳ саҷда намекунад ва як маротиба ҳам закот намедиҳад ва як маротиба ҳам руза намедорад ва ақалан ҳам як бор ҳам ҳаҷ намеравад ва як чизе аз чизҳои воҷибот амали воҷибот ва ҳатто як мустаҳабро ҳам анҷом намедиҳад пас ин кофир аст.Куфре ки бо ҳамроҳи худаш як тавҳиде як чизе исбот намекунад ва ин амал накардан далолат мекунад ки амали қалбҳам вуҷуд надорад ва албатта мурҷиа дар ҳамин боб бо аҳли суннат ихтилиф доранд мурҷиа ин инсонро бо амали кулия. кардаашро ҳам амали ба тамом амалро тарк кунад ҳам кофир намешуморад.Чоро ки мо албатта гуфтем мурҷиа дар масъалаи имон ҷоҳил ҳастанд аз сабаби ин ҷаҳлашон дар масъалаи имон дар ин масъала ба аҳли суннат ихтилоф карданд пас баракалоҳу фикум ин намудҳои куфр буд ки ба шумо баён кардем ва ба шумо шаҳр додем куфри забони куфри амаливу ҷисми куфри қалби яъне амали қалб ва сухани қалб ва куфри тарки. САЛАМУ АЛЕЙКУМ ВАРАҲМАТУЛЛОҲИ ВАБАРАКАТУҲ.

1 Jahr, 3 Monate her

Дарси 5
сухани " Исхак Ибни Рухавайро" ва "Барбахориро" дар ин масала зикр кардем. Аммо куфри эьтик,оди ба монанди кавли калб ва амали к,алб, ин ба монандиӣ дуруг шуморидани пайёмбар, ботинан дарунан, ёки бад дидани пайёмбар ва душман интихоб кард, ё душман донистани пайёмбар бо вучуди ин ки пайёмбарро тасдик мекунад. Баьзе инсонхо пайёмбарро мегуяд:
Пайёмбар рост, дар хакикат пайёмбар 《Мухаммад салалЛаху алейхи ва саллам》 пайёмбар аст, аммо ботинашон пайёмбарро бад мебинан, суннатхои пайёмбарро бад мебинан, душмани ба суннатхои пайёмбар ва бо пайёмбар мекунанд, албатта и куфри эьтик,оди аст. СубханАллах аз ин амал пархез намоед, аз бад дидани суннати пайёмбар 《салаЛлаху алейхи ва саллам》 ва аз бад дидани 《росули акрам саллаЛлаху алейхи ва саллам》 тауба бикунед ва пурхазар бошед. Чихеле ки Аллах мегуяд:
《фаль яхаззари лазина юхолифуна ан-амри, ан-тусибахум фитнатун юсибахум аззабун алиим》 бархазар бошанд ононе ки мухолифи амри 《росули акрам салалаЛлаху алейхи ва саллам》 хастанд, ёки мухолифи амр ва гуфтахои пайёмбар мебароянд ба унхо фитнае бузурге дар ин дунё хохад расид, ёки ба азоби дардноке гирифтор хоханд шуд. "УЛАМО" мегуянд, фитна дар ин дунё ин бадбахти, шак,овату дур будан аз суннати пайёмбар аст. Аз дин дур шудан ва тарк кардани суннат ва дар рузи киёмат ин азоби дарднок аст. Ва инчунин куфри эьтикоди ба монанди халал донистани зино, х,алал донистани шаробу хамр, х,алал донистани наркотику наша'и ки имруз дар байни мардум вуч,уд дорад, ёки эьтикод кардан ба ин ки ба як нафар аз дин баромаданаш ч,оиз аст (ба монанди суфихо ки мегуянд шйехи мо вакте ки ба як дарач,аи боло мерасад, ба дарач,аи хак мерасад, аз дин баромаданаш ч,оиз аст) яьне намаз намехонад, руза намедорад ба вай чизхои харам х,алал аст ва чизхои амр мубох аст ва ин хам куфр аст. Ва гайр аз ин эьтикододи ботилу муккафире ки шиканандаи ислам аст ва инсонро аз ислам берун мекунад. Пас бояд дониста шавад, ки ва лозим аст, х,ар яки мо бояд донем ки "куфри такзиб" яьне куфри дуруг шуморидани пайёмбар 《салаЛлаху алейхи ва саллам》 аз душманони акрам 《салаЛлаху алейхи ва саллам》 кам дида мешуд. Яьне ин намуди куфр, "куфри такзиб" куфре ки дуруг шуморидан бошад, яьне " эй пайёмбар" ман туро дуруг мешуморам "эй пайёмбар ту дуруги, ту дуруггуи" а'узубиЛлях мин залик ёки дини ту дуруг аст ин чунин куфр аз душманони пайёмбар 《салаЛлаху алейхи ва саллам》 кам дида шудааст. Чихеле ки "Ибнул К,айими Ч,авзи"-рахимахуЛлах мегуянд;
《Фа амма куфру такзиб, фа хува эьтикоду казибу расул, ва хазал к,исм к,алилун филь-куффар》
Аммо "куфри такзиб" як намуди куфр ки ин такзибу дуруг шуморидани пайёмбар аст, ин чи аст? Ин эьтикод кардан ба ин ки ёки эьтикод ба дуруг шуморидани росули акрам 《салаЛлаху алейхи ва саллам》
"Ибнул К,айими Ч,авзи" мегуянд, ин намуди кисм ва ин намуди кисми куфр "куфри такзиб" дар байни куффар бенихоят кам аст. Чаро ки 《Фа иннаЛлоха таьаЛла аййада росулаху ва аьтохум миналь барохини валь аяти ала сидкихим ма ак,ома бих,ил-х,уч,ч,а ва азала бих,ил маьзира к,олаЛлаху таьаЛла ан фирьавн ва к,авми "ва ч,ахаду бих,а вастайк,анад-х,аа аннфусухум зулмав-ва 'улува"》 чаро ки Аллах "раббул иззати валь джаллал" росулашро 《Мухаммад салалЛаху алейхи ва саллам》 ва дигар расулонаш пайёмбаронро низ "Таьйид" ва "Барох,ин" дар илмхо ва бо муьч,изаю аятхо кардааст ва барои тасдики пайёмбараш, содик будани онхо хуч,ч,атро к,оин кардааст, ки х,атто кафирхам вакте ки ба

1 Jahr, 3 Monate her

Албатта ғулу тарин мардум дар масъала и ширкиёт ин Рофиза ҳастанд. Шиа ҳо ва баъд аз инҳо суфиҳо нисбати уламо ва имом ҳо ғулу мекунанд, ки ба сабаби ғулу ширкиёт ба вуҷуд меояд.

Ва инчунин куфри феъли.
Куфри феъли ба монанди саҷда кардан забҳ кардан ва куштани чизе ба ғайри Аллоҳ ё ки мусҳаф яъне Қуръони Карим - ро ба як ҷои баду бе эҳтирому но пок партофтан. Ё қатл кардан куштани. Пайёмбаре аз пайёмбароне,ки Аллоҳ фиристода аст.
Чи хеле ки мо дар ҳалқаи гузашта сухани Исҳоқ ибни Руҳавай ро ва Барбаҳори ро дар ин масъала зикр кардем ....

1 Jahr, 3 Monate her

Ё ки ғулу кардан дар ҳаққи як касе ва дар ҳаққи он суханҳои бениҳоят баланд мартабава ро зикр кардан ва уро ба дараҷаи инсоният ба дараҷаи ғайри инсоният баровардан.
Албатта ғулу кардан ин ҷоиз нест имруз ҳо дида мешавад дар ҳаққи бисёр инсонҳо инсонҳои дигар ғулу мекунанд.
Ғулуъ кардан ҷоиз нест ғулу яъне аз ҳад гузаронд ан ифрод кардан ҷоиз нест. Чаро, ки вақте ки ба як инсон ғулу мекунед ё дараҷаашро бе ниҳоят ба сафи ғулу ифрод мекунеду боло мебаред куфриёт ба вуҷуд меояд ба сабаби ин аз вай дуо мекунед ё талаб баъд аз маргаш дар гирду қабру атрофаш дуову тавоф мекунанд ин куфри ҳам амали ва ҳам ҷисми мешавад.
Ё ки касоне ба каси дигар ғулу карданд ба вай саҷда мекунанд аз вай ризқ металабанд ба вай забҳ мекунанд аз вай талаби раҳмату шифо мекунанд, аз вай талаби кумак мекунанд. Таваккал бар вай мекунанд.
Бисёр хасоисҳои рубубияте, ки ба Аллоҳ Раббул иззати вал Ҷалол тааллуқ дорад ба ин банда медиҳанд.

Улуҳият ро анҷом медиҳанд ширку залолу гумроҳи ба сабаби ғулу ба вуҷуд меояд, ки албатта ғулу дар фирқаи суфиҳо зиёд дида мешавад.

1 Jahr, 3 Monate her

4
Аллаҳ Субҳанаҳу ва Таъала дар   ( Сураи Муъминувн ояти 117 ) мефармояд:

وَ مَن يَدْعُ  مَع ٱللَّهِ إِلَه‍اً  ءَاخَرَ لَا بُره‍َانَ لَهُ بِهِ  فَإِنَّمَا  حِسَابُهُ  عِندَ رَبّهِ.  إِنَّهُ  لَا  يُفْلِحُ  ٱلْكَفِرُونَ.

Ҳар касе, ки ба ғайр аз Аллоҳ Раббул иззати вал Ҷалол илоҳ ва маъбуди дигаре ро дуо мекунаду мепарастад дар ҳолате,ки ҳич бурҳоне вуҷуд надорад ҳисоби ин дар назди Аллаҳ аст. Ва Аллоҳ кофирон ро наҷот намедиҳад.

Ин оят далолат мекунад,ки дуо кардан аз  ғайри Аллоҳ яъне  бо забон  дуо мекунем  ин куфр аст ва инчунин ин оят далолат мекунад, ки як намуди  куфр Ин куфр бо забон аст.

Ё ки куфри дигар ба монанди дуруғ шуморидани Аллоҳ  бо забон ё дуруғ дуруғ шуморидани  оятҳои Аллоҳ  ё дашном додани  Аллоҳ ва Расулаш  ва динаш ин ҳама далолат мекунад, ки инсон  ба қавл  кофир мешавад.
БаракалЛоҳу фийкум.

1 Jahr, 3 Monate her

Касе ,ки дар ҳолати ҳаққро донистан ба мардум зикр намекунад,ҳаққро медонад аммо намегӯяд ин ба монанди шайтони гунг аст,ва инчунин Аллоҳ субҳаннаҳу таъала дар сураи Наҳл ояти 106 мегӯяд:

"مَنْ كَفَرَ بِاللَّهِ مِنْ بَعْدِ إِيمَانِهِ إِلَّا مَنْ أُكْرِهَ وَقَلْبُهُ مُطْمَئِنٌّ بِالْإِيمَانِ وَلَٰكِنْ مَنْ شَرَحَ بِالْكُفْرِ صَدْرًا فَعَلَيْهِمْ غَضَبٌ مِنَ اللَّهِ وَلَهُمْ عَذَابٌ عَظِيمٌ"

"Касе, ки пас аз имон ба Аллоҳ кофир мешавад, на он ки ӯро ба зур водоштаанд, то изҳори куфр кунад ва ҳол он, кн дилаш ба имони худ оромгирандаву осуда аст, бар онон, ки дари дилро ба рӯи куфр мекушоянд, мавриди хашми Аллоҳ ва азобе бузург барояшон муҳайёст."

Аммо,касе ки баъд аз ислом боз  кофир шудааст,қалбашро комил барои куфр кӯшода аст,ғазабе аз ҷониби Аллоҳ барои ӯ ва азоби бузург дорад.Пас,ин оятҳо далолат мекунад ,ки куфр ин куфри қавлӣ ,сӯхани вуҷуд дорад.
Ва ин ояти сеюме ки тиловат намудем Сураи Наҳл далолат мекунад ,ки куфр ,куфри умум аст чихели ки Аллоҳ Таъоло гӯфт "Ҳаркасе ки қалбаш бо имон бошад"маънояш ин аст ки ба забон як сӯхани куфриро бигӯяд ,касе инро маҷбӯр бикунад ,занад ба куштан ва чизи дигар ва як сӯхани куфриро ба забонаш бигӯяд аммо дилаш пур аз имон бошад ,боке нест.Чихеле ки Аммор ибни Ясир разияллоҳу анҳу вақте дар наздашон Ясир писарашон ба қатл расид ,аввалин шаҳид дар Ислом ва модарашон аввалин шаҳида дар Ислом Сумая дар назди Аммор ба қат расид ,ва абу Ҷаҳл ин Фиръавни уммат хост Амморро ҳам ба қатл расонад гӯфт ё ман туро ба қатл мерасонам ё ки Расулуллоҳро дашном медиҳи Аммор аз зери шиканҷаи ин марди Фиръавни уммат Паёмбарро сӯхани нолоиқу ношоиста гӯфт дар ҳолате ки дилаш пур аз Имон буд ,маҷбур шуд ,ки гӯфт  вақте ки ба назди расули Акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам омад гиря кард гӯфт ман сӯхани ноҷоиз гуфтам аз маҷбӯри Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам гӯфтанд ,эй Аммор қалбатро чигуна ёфти гӯфт қалбам пур аз Имон аст,ки ин оят нозил шуд .Ва ин оят далолат мекунад,ки инчунин, куфр -куфри забонӣ ва амалӣ ва қалбӣ мешавад.
Инчунин яке аз далелҳои ,ки куфр ба забон мешавад ин дуо кардани ғайри Аллоҳ субҳаннаҳу таъала ба монанди талаби дуъо кардан аз мурдагон ,талаб кардан аз ғоиб (ғоиб касоне, ки вуҷуд надорад)ба монанди қавли  Аллоҳ субҳаннаҳу таъала ки дар сураи Муъминун ояти 118 мегӯяд:

Рақами  3

1 Jahr, 3 Monate her

Оё ба Аллоҳ , ба расули Аллоҳ истеҳзоъ мекунед . Ла таътазиру-узр наоред ба таҳқиқ кофир шудед . Аввалан маҳалли шоҳид ваҷҳи истидлол ин аст, ки ин шухиву масхарае ки мекарданд ба забон буд яъне сабаби куфри ин инсонҳо забон шуд . Ин оят далолат мекунад, ки бародарон ва хоҳарони бузургам боракаллоҳу фикум забон сабаби куфр мешавад ва куфр куфри забони ҳам вуҷуд дорад . Ва чи қадар имруз куфри забони дар байни уммати ислом зиёд аст . Бо дашном додани Аллоҳ , динаш расулаш бо истеҳзоъ кардани дини Аллоҳ , расулу ва дигар муқаддасоти ислому шароъии дин . Пас ин оят далолат мекунад, ки куфр куфри забони аст. Дар ин оят мақсади куфр сабаби пайдоиши куфр ин бо забон буд ва инчунин баройи истеҳзоъи дин узре вуҷуд надорад намедонистем нафаҳмидем шухи кардем мақсади мо мақсади эътиқоди набуд такзиби дин набуд истеҳлол набуд ҷаҳд набуд инчунин суханҳо узр шуда наметавонад . Барои ин ки Аллоҳ гуфт узр наоваред . Ва рсули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам ба онҳо низ ҳукми куфрро монданд баъд аз нозил гудани ин оят.
Ва шайхул ислом раҳимаҳуллоҳ мегуянд, ки
" фабайяна аннаҳум куффорун  билқавли маъа аннаҳум  лам яътақиду сиҳатаҳ " . Дар ин оят Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала баён кард ки касоне ки шухиву истеҳзову масхара карданд нисбати саҳобагони дигар , нисбати расулаш ва ояташ онҳо кофир шуданд ба сабаби сухану қавлашон , дар ҳолате ки онҳо эътиқоди ҷоиз будани ин амалро надоштанд . Эътиқоди истиҳлолро надоштанд бо вуҷуди ин кофир шуданд . Яъне эътиқод доштан ё надоштан такзиб кардан ё ҷаҳд кардан шарти барои кофир шудан шарте нест . Ҳамеша ин шарт воҷиб ю ки зарури нест . Ва инчуни Аллоҳ субҳанаҳу ва таъала гуфт :
أَعُوذُ بِاللَّهِ مِنَ الشَّيطَانِ الرَّجِيمِ

Тавба ояи 74

وَلَقَدۡ قَالُواْ كَلِمَةَ ٱلۡكُفۡرِ وَكَفَرُواْ بَعۡدَ إِسۡلَـٰمِهِمۡ
Ба таҳқиқ калимаи куфрро зикр карданд ва баъд аз исломашон кофир шуданд. Бубинед дар сураи тавба ояти 74 . Ин оят ҳам далолат мекунад ки баъзе аз калимаҳо ва баъзе аз ҷумлаҳо калима ва ҷумлаи куфр аст ва инсонро аз ислом берун мекунад. Ва кафару - ва кофир шуданд баъда исламиҳим - баъд аз ислом овардану имон овардан калимаҳо куфр инсонро кофир мекунад . Барои ҳамин аст ки расули акрам саллаллоҳу алайҳи ва саллам дар ҳадиси саҳеҳ ки абу ҳурайра ривоят мекунанд мақсад зикр аз расулуллоҳ мекунанд валлоҳу аълам дар ривояти имом муслим омадааст мегуянд :
" ман кона юъмину биллоҳи вал явмал ахир фаляқул хайран ав лаясмут ". Ҳар касе ки имон ба Аллоҳ ва ба  рузи қиёмат овардааст сухани зебову хубу некуеро зикр бикунад , бигуяд , (агар натавонад )хомуш нишинад. Валлоҳи Биллоҳи Таллоҳ хомуш нишастан ҳазорҳо беҳтар аст нисбат ба як сухани беилмонаву ҷоҳилона гуфтан ва худро ба бидъату куфру нифоқ андохтан . Хомуш нишастан афзал аст . Барои ҳамин аст ки мегуянд касе ки сухани ноҳаққу ботил мегуяд монанди шайтони нотиқ аст ба монанди як шайтоне аст ки сухан мегуяд .

Раками 2

We recommend to visit

🔴بزرگترین رسانه هواداران پرسپولیس🔴

📱تعرفه تبلیغات:
@AdsPers
.

🏆 مرحله ۱/۱۶ نهایی جام حذفی
⚽️ پرسپولیس - مس سنگون
🗓 پنجشنبه ۱ آذر - ۱۸:۰۰
🏟 ورزشگاه تختی تهران
.

ارتباط با ما:
@Perscall

.

Last updated 1 month, 1 week ago

آخرين اخبار، عكس، ويديو و مطالب ورزشي


جهت اطلاع از نحوه تبلیغ در کانال ورزش سه به آی دی تلگرام زیر مراجعه نمایید:

@adsfarakav


اینستاگرام اصلی 👈 instagram.com/varzesh3
اینستاگرام دوم 👈 instagram.com/varzesh3_plus

Last updated 1 month ago

‌‌💙 یکی از بزرگترین کانال های هواداری استقلال 💙


🏆 هفته چهاردهم لیگ برتر
⚽️ استقلال - چادرملو اردکان
🗓 پنجشنبه ۶ دی
⏰ ساعت ۱۷:۳۰
🏟 ورزشگاه شهید نصیری


تبلیغات و ارتباط با ما:
@AdsEsteghlallii

Last updated 5 hours ago