Unlock a World of Free Content: Books, Music, Videos & More Await!

Лоиқ Шералӣ

Description
Рӯзҳо, эй дӯстам, эй душманам,
Рӯзҳо, эй мумсикони пурсахо.
То ба фардои муҳаббат ҳам расам,
Дасти ман гиред, ман дасти шумо!

17. 09. 1962

Лоиқ Шералӣ.
Advertising
We recommend to visit

⚡️Bugungi Gap - кун давомидаги энг долзарб, тезкор хабарлар.

📹Видео юборинг, янгилик бўлса каналда чиқарилади: @BugungiGapBot

📈Реклама: @Nurov_N1

Last updated 2 days, 9 hours ago

🇺🇿 Тошкентликлар учун ташкил этилган махсус телеграм канал!
🌎 Янгиликлар бизнинг каналда!

💰 Реклама учун @otash_media_uz

📽видео янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:

Last updated 2 weeks, 6 days ago

🇺🇿КАТТАЛАР УЧУН👍🏻
Хар куни мамлакатлар билан боғлиқ қизиқарли Видео, Фото, Хабарлар!
_
Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлдингизми 👀
бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз
@TYUZBEKADMIN

Spamlar : @TYUZBEKADMIN_bot
Reklama narxi: https://t.me/TYUZBEK_REK

Last updated 3 weeks, 1 day ago

7 months, 1 week ago

**ЗӮРӢ? БИЁ, ПАДАРРО БО МЕҲР САРВАРӢ КУН!

(Ба як зумра гумроҳ)

Вақте дилат насӯзад бар гиряҳои модар,
Раҳме агар надорӣ бар нолаҳои хоҳар,
Ё худ ки душман астӣ, бар ёру бар бародар,
Вақте ки кина дорӣ бар ҳар азизи дигар,
Худро чӣ меҳисобӣ ғамхори халқу кишвар?

Вақте падар бихоҳад дидан рухи писарро,
Хоҳад, ки даст гирӣ ҳар лаҳзае падарро,
Аммо ту хор кардӣ он шахси муътабарро,
Зеро ки пайрав астӣ як тўда гову харро,
Сад ҳайфи заҳмате, ки баҳрат падар кашидаст.

Вақте падар ба ёдат ғамноку зору хаста,
Ҳар ҷо равад ба рӯяш дарҳои айш баста,
Аз дасти ту ягон дам аз ғуссаҳо нараста,
"Парвози ту баланд"-у парҳои ӯ шикаста,
Худро чӣ меҳисобӣ содиқ барои миллат?

Вақте ки  модари ту дар бистари ҳалок аст,
Воқиф найӣ, ки  қалбаш зардобу чок-чок аст,
Беэҳтиромии ту бисёр дарднок аст,
Бо ин хабисӣ, эй дун, ҷойи ту зери хок аст.
Рўзи хуше набинӣ, модар ризо набошад.

Вақте ки ҳамсарат шуд бо дигаре ҳамоғӯш,
Вақте ки аз хаёлаш гардидаӣ фаромӯш,
Дар хона кӯдаконат аз тарс лолу хомӯш,
Ҳастӣ даме, ки пинҳон дар ғор мисли харгўш,
Аз чӣ хароб гӯйӣ ояндаи Ватанро?

Хиште намондаӣ ту болои хишт ҳаргиз,
Дар умри худ накардӣ як дона кишт ҳаргиз,
Ҳарфи хуше нагуфтӣ ҷуз ҳарфи зишт ҳаргиз,
Мирӣ агар, набинӣ рўи биҳишт ҳаргиз,
Зеро биҳишт бошад дар зери пойи модар.

Гӯяд падар ба ҳасрат: - аз дурии ту доғам,
Модар ба дард гӯяд: - як бор кун суроғам,
Ҳамсар туро бигўяд ҳар лаҳза -деҳ ҷавобам,
Мирӣ зи баски рўзе дар мулки ғайр бо ғам,
То рӯзи ҳашр ҳастӣ шармандаи ду дунё.

Як рўз мешавӣ ту аз кори худ пушаймон,
Эй бехирад, зи кулли кирдори худ пушаймон,
Аз иштибоҳҳои бисёри худ пушаймон,
Аз ҳарфҳои фаҳшу такрори худ пушаймон,
Он лаҳза баччаи ту фарзанди дигарон аст.

Фарёд мезанӣ ту, азбаски дур ҳастӣ,
Таҳдид мекунӣ ту, гўё, ки зўр ҳастӣ,
Берун зи хоки Меҳан бо бахти шўр ҳастӣ,
Мо чорае надорем, зеро ту кўр ҳастӣ,
Ободии Ватанро дидан наметавонӣ.

Беҳуда метарошӣ бо ранҷ ҷисму ҷонат,
То ки ду се касофат хонанд қаҳрамонат,
Аммо ту зоча ҳастӣ дар дасти хоҷагонат,
Беҳуда мехарошӣ  дилҳои волидонат,
Дур аз хаёли худ кун ин орзуи хомат!

Бар дини поки ислом гўё, ки ошиқ астӣ,
Бар васфу бар ситоиш гӯйӣ, ки лоиқ астӣ,
Бар миллату диёрат ғамхору содиқ астӣ,
Савганд бар Худо, лек каззобу фосиқ астӣ,
Мардум аз ин фиребат огоҳ то қиёмат!

Вақте ки шоҳи олам бошию модарат нест,
Ё сарвазири дунё бошию хоҳарат нест,
Бо салтанат биёӣ, бинӣ, бародарат нест,
Ойӣ, агар ки меҳри фарзанду ҳамсарат нест,
Беҳтар бувад, ки он рӯз мирӣ ту аз хиҷолат.

Сар то сари Ватанро обод карда, Сарвар,
Моро зи ҳар балое озод карда, Сарвар,
Сад тарҳи дигареро эҷод карда, Сарвар,
Уммеди хоинонро барбод карда, Сарвар,
Бовар надорӣ? Як рӯз ою ба чашми худ бин!

Зӯрӣ? Биё, падарро бо меҳр сарварӣ кун,
Модар, ки бе ту ғамдил, ою диловарӣ кун,
Бар хоҳарони танҳо боре бародарӣ кун,
Бар ҳамсарат, ки ҳар ҷо танҳост, ҳамсарӣ кун,
Худро чаро зи дурӣ чун шер меҳисобӣ?

07.10.2023

✍️ Фатҳуллоҳи Кӯҳзод**HTTPS://T.ME/PANDHOI_BUZURGON

Telegram

ПАНДҲОИ БУЗУРГОН

ДАР ИН САҲИФА ПАНДУ НАСИҲАТҲОИ БУЗУРГОН, АЗ ҲАДИСҲО ВА ДУЪОҲОИ МУБОРАК ГУЗОШТА МЕШАВАД!!! "ҲАР КӢ Н-ОМӮХТ АЗ ГУЗАШТИ РӮЗГОР, НИЗ Н-ОМӮЗАД ЗИ ҲЕҶ ОМӮЗГОР!!!". БА МО БОШЕД ВА ДӮСТОНАТОНРО ҲАМ БА ИН САҲИФА ТАКЛИФ НАМОЕД!!! @PANDHOI\_BUZURGON

**ЗӮРӢ? БИЁ, ПАДАРРО БО МЕҲР САРВАРӢ КУН!
7 months, 1 week ago
7 months, 1 week ago

*  *  *
Ҳиҷоби чеҳраи ҷон мешавад ғубори танам,
хушо даме, ки аз он чеҳра парда барфиканам.

Чунин қафас на сазои чу ман хушилҳонест,
равам ба гулшани ризвон, ки мурғи он чаманам.

Аён нашуд, ки: чаро омадам?! Куҷо рафтам?!
Дареғу дард, ки ғофил зи кори хештанам!

Чӣ гуна тавф кунам дар фазои олам қудс,
ки дар сарочаи таркиб тахтабанди танам?!

Агар зи хуни дилам бўи шавқ меояд,
аҷаб мадор, ки ҳамдарди нофаи Хутанам.

Тирози пераҳани заркашам мабин чун шамъ,
ки сўзҳост ниҳон даруни пераҳанам.

Биёву ҳастии Ҳофиз зи пеши Ӯ бардор,
ки бо вуҷуд ту кас нашнавад зи ман, ки манам.

Ҳофизи Шерозӣ.

@shmhofiz
T.me/shmhofiz

7 months, 2 weeks ago
7 months, 2 weeks ago

مثل آن مرداب غمگینی که نیلوفر نداشت
حال من بد بود، اما هیچ کس باور نداشت!

به قلم:
#مریم_ارام آوا:
🎙**#شیرین_روشن *Мисли он мурдоби ғамгине, ки нилуфар надошт,
Ҳоли ман бад буд, аммо ҳеч кас бовар надошт.

Хуб медонам, ки танҳоӣ маро диқ медиҳад
Ишқ ҳам дар чантааш чизе аз ин беҳтар надошт.

Он қадар тарсидам аз бераҳмии поиз, ки
Тарси манро рӯзи поёнии шаҳривар надошт.

Зиндагӣ зарфи булӯре буд кунҷи хонаам,
Ногаҳон уфтод дар чашмам, вале ӯ барнадошт.

Ҳоли ман ҳоли гули сурхест дар чанги муғул
Ҳеч кас ҳоле шабеҳи ман ба ҷуз Қайсар надошт.#МАРЯМ_ОРОМ хониши***#ШИРИН_РӮШАН

@pandhoi_buzurgon

Telegram

attach 📎

7 months, 2 weeks ago
9 months, 4 weeks ago
Лоиқ Шералӣ
9 months, 4 weeks ago
Лоиқ Шералӣ
9 months, 4 weeks ago
Лоиқ Шералӣ
9 months, 4 weeks ago
Агар наметавонӣ ба касе умед бидиҳӣ, …

Агар наметавонӣ ба касе умед бидиҳӣ, ҳадди ақал ноумедаш макун...

Агар шунавандаи хубе ҳастӣ, роз нигаҳдори хубе ҳам бош...

Агар марҳаме ба дарде нестӣ, ҳадди ақал намак мапош...

Хулласи калом меҳрубон бош...

@pandhoi_buzurgon

We recommend to visit

⚡️Bugungi Gap - кун давомидаги энг долзарб, тезкор хабарлар.

📹Видео юборинг, янгилик бўлса каналда чиқарилади: @BugungiGapBot

📈Реклама: @Nurov_N1

Last updated 2 days, 9 hours ago

🇺🇿 Тошкентликлар учун ташкил этилган махсус телеграм канал!
🌎 Янгиликлар бизнинг каналда!

💰 Реклама учун @otash_media_uz

📽видео янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:

Last updated 2 weeks, 6 days ago

🇺🇿КАТТАЛАР УЧУН👍🏻
Хар куни мамлакатлар билан боғлиқ қизиқарли Видео, Фото, Хабарлар!
_
Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлдингизми 👀
бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз
@TYUZBEKADMIN

Spamlar : @TYUZBEKADMIN_bot
Reklama narxi: https://t.me/TYUZBEK_REK

Last updated 3 weeks, 1 day ago