Азия-Плюс TJ

Description
Хабарҳои Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сомона - www.asiaplustj.info/tj
Мо дар Фейсбук - https://www.facebook.com/asiaplustoj
Мо дар Инстаграм - @asiaplustoj
We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 1 month ago

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

? Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

?? КАТТАЛАР УЧУН!

? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

3 weeks, 1 day ago

🔴 Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”📰

💬 “Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод

💬 Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад

💬 Вазир гуфт, дар мактабҳо 281 омӯзгор намерасад ва соҳа ба беш аз 4 ҳазор муаллим эҳтиёҷ дорад

💬 Ҷавоне, ки ба муфтии Тоҷикистон ҳамла карда буд, ба “ифротгароӣ” муттаҳам мешавад

💬 Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?

💬 Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт

💬 Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?

💬 Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?

💬 “Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд

Бо 😍 бошед: Telegram

3 weeks, 1 day ago
***⚡️*****Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро таҳия кардаанд, …

⚡️Дар Тоҷикистон лоиҳаи қонунеро таҳия кардаанд, ки бар асоси он ҷашни Тиргон ба рӯйхати идҳои расмии кишвар ворид карда мешавад. Агар ин қонун қабул шавад, Тиргон ҳар сол 1 июл таҷлил хоҳад шуд.

Ин қонун дар ҷаласаи охири Маҷлиси намояндагони кишвар, ки рӯзи 30-юми баргузор шуд, баррасӣ гардидааст.
Гуфта мешвад, лоиҳаи қонуни мазкур ба сарқонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар мутобиқ буда, аз буҷети давлат маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Бояд гуфт, Тиргон як ҷашни мавсимии кишоварзон буда, ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим дар миёни мардуми тоҷик бо риояи расму ойинҳои хос таҷлил гардида, чанд рӯз давом меёфт.

Бо 😍 бошед: Telegram

3 weeks, 1 day ago
3 months, 1 week ago

❗️Роҳи Душанбе-Чаноқ пас аз чанд соати баста будан дигарбора боз шуд.

? Дар ин бора ширкати IRS, масъули нигаҳбонии ин роҳ хабар дода, гуфтааст, ки танбашавии мошинҳо бартараф ва ҳаракати нақлиёт имконпазир гардид.

*?*** Ёдрас мешавем, ки чанд соат пеш ин ширкат дар саҳифаи “Фейсбук”-аш навишт, дар пайи садамаи як мошини боркаш ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе-Чаноқ муваққатан қатъ шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ, дар километри 158-уми ин роҳ як мошони боркаш аз роҳ берун баромада, ба танбашавии нақлиёт боис гардидааст.

Бояд гуфт, давоми шабонарӯзи охир бо сабаби бориши барфи зиёд ҳаракати мошинҳо дар масири Душанбе-Чаноқ, ягона роҳи Тоҷикистон ба шимоли кишвар душвор шудааст.

**Бо *❤️ *бошед: Telegram ****

3 months, 1 week ago

? Резаахбори рӯз дар “Азия-Плюс”

? Алайҳи як ҷавони тоҷик барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд

? Нафаре, ки ронандаи як автобусро дар Душанбе латукӯб ва баъдан фирор карда буд, боздошт шудааст. 

? 96 миллиард доллар. Маҳз ҳамин миқдор маблағ ба Тоҷикистон лозим аст, то дар шароити мутобиқшавӣ ба иқлим рушд кунад

? Аз 1 то 13 сол. Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?

? Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара барои гирифтани пора

? “Ҷойи кор нест, нафақа барои зиндагӣ намерасад!” Имрӯз Рӯзи байналмилалии нобиноён таҷлил мегардад

? Парлумони Тоҷикистон қонун дар бораи соҳибкории иҷтимоиро қабул кард
---
#ИҚТИБОС: “Дар марги Маҳмудҷон Воҳидов на танҳо театр, балки тамоми Тоҷикистон мотам дошт”. Мусоҳиба бо Нурулло Абдуллоев, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон**Бо *❤️ *бошед: Telegram ****

3 months, 1 week ago

⚡️**Боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии Исфара барои гирифтани пора

Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон аз боздошти ду корманди Коммисариати ҳарбии шаҳри Исфара хабар дод, ки ба гирифтани 40 ҳазор сомонӣ пора барои омода кардани билети ҳарбии носолимӣ гумонбар мешаванд.**

Ин ниҳод аз онҳо Давронов О.А., нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Кӯлканди шаҳри Исфара, ки ҳудуди 14 сол дар ин вазифа кор мекард ва Кенжаев Ш.А., ёрдамчии сардори зершуъбаи қайди афсарони эҳтиётӣ дар самти Ворухи Комиссариати ҳарбии шаҳри Исфара ном бурдааст.

Онҳо зимни “гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ–тафтишотӣ” моҳи июли соли ҷорӣ вақте аз шахсе бо номи М.М. ду 20 ҳазор сомониро мегирифтанд, боздошт гардида, маблағҳо ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Ҳоло нисбати ду нафар барои қаллобӣ бо миқдори махсусан калон (моддаи 247 қисми 4 банди «б») парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, баъди анҷоми тафтиш барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.

Ин банди қонун аз 105 ҳазор то 157 ҳазор сомонӣ ҷарима ё 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Назари боздоштшудаҳо ва наздикону вакилони дифои онҳо дастрас нест.

**Бо *❤️ *бошед: Telegram ****

3 months, 2 weeks ago
***?*****Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз** …

?Сокинони Тоҷикистон ҳар рӯз зиёда аз 1 миллион сомонӣ ҷарима мешаванд

3 months, 2 weeks ago
***⚡️*** [**“Долони соддашудаи гумрукӣ"**](https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/economic/20241107/doloni-soddashudai-gumruk-miyoni-toikistonu-rusiya-adame-sii-iiao) **миёни Тоҷикистону …

⚡️ “Долони соддашудаи гумрукӣ" миёни Тоҷикистону Русия - қадаме сӯйи ИИАО?

3 months, 2 weeks ago
3 months, 3 weeks ago
***⚡*****Гулчеҳра Фозилова, собиқадори матбуоти тоҷик ва …

Гулчеҳра Фозилова, собиқадори матбуоти тоҷик ва дорандаи Ҷоизаи Лоҳутӣ дар 74-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Хабари даргузашти ӯро наздиконаш ба "Азия-Плюс" тасдиқ карданд.

Фозилова чанде пеш устухони пояш шикаст ва муддате бистарии бемористон буд. Соате пеш дар хонааш чашм аз олам баст.

Ӯро «духтари газета» мегуфтанд ва беш аз 50 сол дар рӯзномаи "Ҷавонони Тоҷикистон" (собиқ "Комсомоли Тоҷикистон") фаъолият дошт.

Бо @asiaplustj бошед.

We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 1 month ago

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

? Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

?? КАТТАЛАР УЧУН!

? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago