Qalam.taj

Description
🔳 Qalam.taj - Саҳифаи таълимӣ
🔳 Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд. [68:1]
Advertising
We recommend to visit

Paid ads: https://telega.io/c/stalkerportall

Paid ads : https://adsly.me/@stalkerportall

Last updated 1 week ago

https://t.me/joinchat/zX_QEb4T2VkxYjNi

Last updated 7 months, 1 week ago

Last updated 4 months, 2 weeks ago

1 month, 1 week ago
1 month, 1 week ago

ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - [19]

- РӮЗА ГИРИФТАН ДАР САФАР АМАЛИ НЕКЕ МАҲСУБ НАМЕШАВАД

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки гуфт:

كَانَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ فِي سَفَرٍ، فَرَأَى رَجُلاً قَدْ اجْتَمَعَ النَّاسُ عَلَيْهِ، وَقَدْ ظُلِّلَ عَلَيْهِ

Дар яке аз сафарҳо расули Аллоҳ ﷺ мардеро диданд, ки мардум атрофи ӯ ҷамъ шуда ӯро зери соя гирифта буданд. Пурсиданд:

مَا لَهُ

Ӯро чи шудааст? Гуфтанд:

رَجُلٌ صَائِمٌ

Марди рӯзадор аст. Паёмбар ﷺ фармуданд:

لَيْسَ مِنْ الْبِرِّ أَنْ تَصُومُوا فِي السَّفَرِ

Рӯза гирифтан дар сафар кори хайр нест. [Ривояти Муслим: 1115 ва Бухорӣ: 1946]

1 month, 1 week ago
1 month, 2 weeks ago
1 month, 2 weeks ago

АДО НАМУДАНИ ҚАЗОИ (РӮЗАИ РӮЗҲОИ) РАМАЗОН ДАР РӮЗҲОИ ГУНОГУН ҲЕҶ БОНКЕ НАДОРАД

САВОЛ: 110
Марде қазои Рамазон дорад. Оё ҷоиз аст, ки қазои он рӯзаҳоро дар рӯзҳои гуногун адо намояд?

МАТНИ ҶАВОБ
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, барои ӯ ҷоиз аст, ки қазоҳояшро дар рӯзҳои гуногун адо намояд, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

ومَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ (البقرة: ١٨٥)

Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад.(Бақара: 185)

Аллоҳ таъоло (дар ин оят) барои қазои рӯза пайдарпай буданро шарт накардааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён. Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

[Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто: 10/346]

1 month, 2 weeks ago

ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - [12]

- ДАР БОРАИ РӮЗАДОРЕ КИ АЗ РӮИ ФАРОМӮШИ БИХӮРАД Ё БИНӮШАД

Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

مَنْ نَسِيَ وَهُوَ صَائِمٌ، فَأَكَلَ أَوْ شَرِبَ، فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ، فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللَّهُ وَسَقَاهُ

Агар касе рӯзадор буд ва дар ҳоли фаромӯши чизе хӯрд ва ё нӯшид, рӯзаашро комил кунад; зеро Аллоҳ ба ӯ об ва ғизо додааст. [Ривояти Муслим: 1155 ва Бухорӣ: 6669]

1 month, 3 weeks ago
1 month, 3 weeks ago

ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - [06]

- ТАЪРИХ КАРДАНИ САҲАР ХУРИ

Аз Зайд ибни Собит (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:

تَسَحَّرْنَا مَعَ رسول الله ﷺ ثُمَّ قُمْنَا إِلَى الصَّلاَةِ، قُلْتُ: كَمْ كَانَ قَدْرُ مَا بَيْنَهُمَا؟ قَالَ: خَمْسِينَ آيَةً

Мо бо Расули Аллоҳ ﷺ саҳари хӯрдем, сипас барои хондани намози субҳ бархостем. Анас (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) гуфт: Пурсидам: Байни хӯрдани саҳари ва намози субҳ чиқадар фосила вуҷуд дошт? Зайд ибни Собит гуфт: Ба андозаи тиловати панҷоҳ оят. [Ривояти Муслим: 1097]

1 month, 3 weeks ago

АҲКОМИ РӮЗА - [06]

- РӮЗАҲОИ НАФЛ

Рӯза гирифтан дар тамоми айёми сол, ба ҷуз рӯзҳои ҳаром, нафл аст, вале нисбати баъзе рӯзҳо таъкиди бештаре шудааст, ки бархе аз онҳоро зикр мекунем:
1) Ҳар душанбе ва панҷшанбе.
Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

تُعرَضُ الأعمالُ يومَ الاثنينِ والخميسِ فأحبُّ أن يُعرَضَ عملي وأنا صائمٌ

Дар рӯзи душанбе ва панҷшанбе амалҳо ба Аллоҳ таъоло пешниҳод карда мешаванд, аз ин рӯ дӯст медорам, ки амали ман дар ҳоле пешниҳод шавад, ки ман рӯзадор ҳастам. [Тирмизӣ: 747 ва ибни Моҷа: 1740]

2) Рӯзҳои сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳуми ҳар моҳ, ки рӯзҳои биз - сафед - номида мешаванд.
Аз Абӯ Зар (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:

أمرنا رسولُ اللهِ صلى الله عليه وسلم أن نصومَ منَ الشَّهرِ ثلاثةَ أيَّامٍ البيضَ : ثلاثَ عشرةَ ، وأربعَ عشرةَ ، وخمسَ عشرة

Расули Аллоҳ ﷺ моро ба рӯза гирифтани се рӯзи сафед аз ҳар моҳро амр намуд: сездаҳ, чордаҳ ва понздаҳ. [Насои: 2421]

3) Рӯзаи рӯзи Арафа (нӯҳуми зулҳиҷҷа).
Аз Паёмбар ﷺ дар бораи рӯзаи рӯзи Арафа суол кардан, фармуданд:

يُكفِّر السنة الماضية والباقية

Як сола гуноҳони гузашта ва як сола гуноҳони меомадаро аз байн мебарад. [Муслим: 2747, Аҳмад: 21492 ва Тирмизӣ: 680]

4) Шаш рӯз аз моҳи шаввол, пас моҳи мубораки Рамазон ба истиснои рӯзи аввали шаввол, ки рӯза дар он ҳаром аст.
Аз Абӯ Аюби Ансорӣ (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ ﷺ фармуданд:

مَنْ صَامَ رَمَضَانَ ثُمَّ أَتْبَعَهُ سِتًّا مِنْ شَوَّالٍ كَانَ كَصِيَامِ الدَّهْرِ

Ҳар кас моҳи Рамазонро рӯза бигирад ва баъд аз он шаш рӯза аз шавволро низ рӯза бигирад, монанди ин аст, ки ҳамаи солро рӯза гирифта аст. [Муслим: 1164]

5) Рӯзаи рӯзи даҳуми муҳаррам (ошуро).
Аз Паёмбар ﷺ дар бораи рӯзаи рӯзи Ошуро суол кардан, фармуданд:

يكفر الله به السنة التي قبله

Як сола гуноҳони гузаштаро аз байн мебарад. [Тирмизӣ: 752 ва ибни Моҷа: 1738]

3 months, 3 weeks ago
ХУДАТ ХУДАТРО БАҲО ДЕҲ

ХУДАТ ХУДАТРО БАҲО ДЕҲ

Аз ҳоли салафи солеҳ дар тааҷҷуб будам, ки чигуна вақтҳои тулонии худро бе хастагӣ бо хондани Қуръони карим сипарӣ мекарданд.

Пас аз он, ки нафаронеро дидам, ки вақтаҳои тулонии худро бе хастагӣ бо истифодаи телефонҳои мобилӣ сипарӣ мекунанд ҳайратам аз байн рафт, чун яқин кардам, ки қалб бо чизе дилбандад барои он чиз вақтҳои тулонии худро сарф мекунад.

•┈┈┈┈┈•✿🍀✿•┈┈┈┈┈•

«° https://t.me/qalamtaj °»

We recommend to visit

Paid ads: https://telega.io/c/stalkerportall

Paid ads : https://adsly.me/@stalkerportall

Last updated 1 week ago

https://t.me/joinchat/zX_QEb4T2VkxYjNi

Last updated 7 months, 1 week ago

Last updated 4 months, 2 weeks ago