ℚ𝕒𝕝𝕒𝕞.𝕥𝕒𝕛

Description
🔳 Qalam.taj - Саҳифаи таълимӣ
🔳 Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд. [68:1]

✓ Омӯзиши забони арабӣ
✓ Ҳадисҳои набавӣ
✓ Саволу ҷавоб
✓ Ақволи уламо
✓ Китобҳои исломӣ
✓ Раддия бар шубҳаҳо
✓ Баёни ақидаи рофизиҳо
✓ Дарсҳои онлайнӣ
Advertising
We recommend to visit

Owner - @JALLADxPAPA
- @Soeb0333


𝐇𝐞𝐥𝐥𝐨 𝐆𝐮𝐲𝐬 𝐖𝐞𝐥𝐜𝐨𝐦𝐞 𝐓𝐨 𝐂𝐡𝐞𝐧𝐧𝐚𝐥

👋ᴛʜᴇ ᴍᴏʀᴇ ʏᴏᴜ ʟᴇᴀʀɴ, ᴛʜᴇ ᴍᴏʀᴇ ʏᴏᴜ ᴇᴀʀɴ 🙌

Last updated 2 months, 2 weeks ago

"Here you get all type of offers,App & everything from that you can Earn"

⭐DM me - @amit6295 (owner)
dm for any help - @LootParivarsupport(offer related any issues ka sollution ke Liye,only for our subs)
WP channel - https://bit.ly/3t4YUuf

Last updated 7 hours ago

https://t.me/joinchat/zX_QEb4T2VkxYjNi

Last updated 1 year, 3 months ago

2 days, 15 hours ago

ШИЪАҲОИ НУСАЙРИЯ БА ИТТИФОҚИ ТАМОМИ УЛАМОИ АҲЛИ СУННАТ КОФИР ҲАСТАНД.

–АКРАМ АБДУЛЛОҲ

2 days, 16 hours ago

РОФИЗИҲО ҚАВМИ НОКОМ ҲАСТАНД, НА АҚЛИ СОЛИМ ДОРАНД, НА НАҚЛИ РАВШАН, НА ДИНИ МАҚБУЛ ВА НА ДУНЁИ ПИРӮЗ.

–ШАЙХ-УЛ ИСЛОМ ИБНИ ТАЙМИЯ (РАҲИМАҲУЛЛОҲ)

2 days, 16 hours ago

МАҲДИЕ КИ ШИЪАҲОИ РОФИЗӢ МУНТАЗИРИ Ӯ ҲАСТАНД, ҶУЗ ДАҶҶОЛ КАСИ ДИГАР БУДА НАМЕТАВОНАД.

–АКРАМ АБДУЛЛОҲ

1 week, 1 day ago

ТАФСИРИ МУХТАСАРИ ҚУРЪОНИ КАРИМ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - [ҶУЗЪИ - 29]

1 week, 1 day ago

ШУБҲАИ №14: ЗАРДУШТ ПАЁМБАРИ ХУДО БУД

РАДДИЯ:

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Ҳамду сано ба Аллоҳи мутаол ва дуруду салом бар Паёмбару хонавода ва саҳобагонашон бод.

Пайравони Зардушт ӯро “Паямбари Ростини Ориёӣ – Зардушти Спитамон ё Вахшур” меноманд. Ба ақидаи онҳо Зардушт аз Аҳура Маздо – худои Зардуштиён, таълимот гирифтааст.

Шахсияти Зардушт

Зардушт як шахсияти нимафсонавӣ ба назар мерасад, зеро ҳеҷ маълумоти дақиқе на дар бораи замону ҷои таваллуд ва на дар бораи шахсияташ вуҷуд надорад:

Ихтилоф дар соли таваллуд

Дар мавриди соли таваллуди Зардушт ихтилофоти зиёде дида мешавад. Фарзияҳои зиёде пешниҳод шудаанд.

Фарзияи аввал: 1200–1000 пеш аз милод

Ин фарзия бештар қабул шудааст ва дар асоси таҳлили матнҳои қадима ва ҳисоботи фалакӣ пешниҳод шудааст.

Фарзияи дуввум: Асри 6 пеш аз милод

Баъзе муҳаққиқон, аз ҷумла Фридрих Нитсше, Роберт Грэҳем ва Мария С. Р. Триллинг, ақида доштанд, ки Зардушт дар давраи Ҳахоманишҳо, яъне пас аз асри 6 пеш аз милод умр ба сар бурдааст.

Фарзияи севвум: Асри 7-8 пеш аз милод

Баъзе аз муҳаққиқон дар асоси таҳқиқи “Готҳо”-и Авасто ва баъзе кашфиёти археологӣ тахмин кардаанд, ки Зардушт дар асрҳои 7-8 пеш аз милод зистааст. Аз ҷумла, Михаил Ардашев, Эдуард Груберштейн, Ричард Фрай ва Ҷон Х. Уикҳам чунин фарзияро тарафдорӣ кардаанд.

Фарзияи севвум: Давраҳои хеле қадим (3000 пеш аз милод)

Муҳаққиқони давраи қадим ақида доштанд, ки Зардушт дар давраи хеле қадим зистааст. Аз ҷумла муҳаққиқони юнонӣ, мисли Афлотун, Плутарх ва Ҳеродот дар асарҳои худ ишора кардаанд, ки Зардушт хеле пештар аз онҳо, яъне соли 3000 пеш аз милод зистааст. Вале ин фарзия имрӯз хеле заиф ба ҳисоб меравад.

Ихтилоф дар ҷои таваллуд

Аллома Бобоҷон Ғафуров зикр мекунад, ки даҳҳо муҳаққиқон даҳҳо фарзияҳое дар мавриди ҷои таваллуди Зардушт пешниҳод кардаанд, аз ҷумла: Мод (Мидия), Атропатена (Озарбойҷон), ё Роғи мидӣ (Райи асримиёнагии наздики Теҳрон), Бохтар, шимоли ғарби Эрон, дар яке аз ноҳияҳои Осиёи Миёна ва минтақаҳои муҷовири шимоли ғарби Афғонистон ва шимоли шарқи Эрон, Хоразм, ноҳияҳои байни дарёи Аму ва дарёи Сир, яъне Суғд, Марв, ноҳияҳои соҳили Баҳри Арал ва поёноби дарёи Сир. (Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон, саҳ. 55-56).

Ихтилоф дар забони Зардушт

То ҳол мушаххас нест, ки Зардушт бо кадом забон сухан мегуфт. Муҳаққиқоне чун П.Тедеско ва А.Мейе забони авестоиро ба забонҳои эронии ғарбӣ нисбат додаанд, зеро “Хурд-Авесто” бо лаҳҷаи ғарбиэронӣ навишта шудааст. Дигарон мисли Х.Нюберг онро яке аз забонҳои шарқиэронӣ меҳисобанд, зеро лаҳҷаи «Готҳо» бо забонҳои шарқиэронӣ мувофиқат мекунанд.

Зардушт кӣ буд?

Маълумоти дақиқе дар бораи шахсияти Зардушт дастрас нест. Номи падару модар, насаб ва ҳолати иҷтимоияш низ номаълум аст. Тибқи анъанаи Зардуштия, номи падараш Порушаспа ва модараш Дугдова аст. Готҳои Авасто ишора мекунад, ки Зардушт аз авлоди Спитама будааст. Вале ҷуз Авастову матнҳои паҳлавии зардуштӣ, дигар ягон санади таърихие ин шахсиятҳоро зикр накардааст ва ҳақиқӣ будани онҳо номаълум аст.

Дар таърих миллати (нажоди) Зардуштро форс, ҳинду, форсу-модӣ, юнонӣ, бохтарӣ, ошӯрӣ ва ҳатто аз яҳудҳои Сомарро гуфтаанд. Ин нишон медиҳад, ки шахсияти Зардушт то охир маълум нашудааст.

Оё Зардушт Иброҳими Паёмбар буд?

Агарчи баъзеҳо чунин даъво мекунанд, вале ҳеҷ далеле барои собит кардани ин фарзия вуҷуд надорад. Баръакс, ҳақиқатҳои таърихӣ комилан дигар будани ин шахсиятҳоро собит мекунад:
1. Соли таваллуд: Иброҳим алайҳиссалом тибқи ҳисоби олимон солҳои 2100 то 2000 қабл аз милод аст, аммо Зардушт хеле дертар, яъне 1000 ё 1500 сол пас зистааст.
2. Китобҳои осмонӣ: Иброҳим алайҳиссалом бо номи худ (Абраҳам, Авраам) дар Тавроту Инҷилу Қуръон зикр шадааст, вале номи Зардушт дар онҳо нест.
3. Макони таваллуд ва зист: Зардушт дар Эронзамин ё Хуросон таваллуд шуда ва дар минтақаи Эрони имрӯза зистааст. Иброҳим алайҳиссалом бошад, дар Миёнрудон (Мессопотамия) таваллуд шуда, ҳаёташ дар минтақаҳои Ироқ, Фаластин, Миср ва Макка гузаштааст.
Пас, маълум мешавад, ки паёмбар будани Зардушт собит нашудааст, балки аслан кӣ будани ӯ то имрӯз мавриди баҳс аст.

1 week, 3 days ago

ТАФСИРИ МУХТАСАРИ ҚУРЪОНИ КАРИМ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - [ҶУЗЪИ - 28]

2 weeks, 1 day ago

ТАФСИРИ МУХТАСАРИ ҚУРЪОНИ КАРИМ БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ - [ҶУЗЪИ - 23]

2 weeks, 1 day ago

БО АДАБ, ИЛМРО МЕЁБИ.

Юсуф ибни Ҳусейн (رَحِمَهُ ﷲ) мегӯяд:

  1. Бо адаб, Илмро меёби.
  2. Бо Илм, корҳоят ислоҳ мешавад.
  3. Бо кор, таҷрибаву ҳикмат ба даст меовари.
  4. Бо ҳикмат, шинохти Аллоҳро меомӯзи.
  5. Бо шинохти Аллоҳ, дунёро раҳо мекуни ва ба охират муштоқ мешави
  6. Ва бо иштиёқ ба охират ризояти Аллоҳро ба даст меовари.

سیر اعلام النبلاء ٢٥٠/١٤📚

2 weeks, 1 day ago

ҲАДИСИ - [06]

МАТНИ ҲАДИС:

عَنْ جَابِرٍ ، قَالَ: سَمِعْتُ النَّبِيَّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُولُ: يُبْعَثُ كُلُّ عَبْدٍ عَلَى مَا مَاتَ عَلَيْهِ.

ТАРҶУМАИ ҲАДИС:

АЗ ҶОБИР (АЛЛОҲ АЗ Ӯ РОЗӢ БОД) РИВОЯТ АСТ, КИ ГУФТ, ШУНИДАМ ПАЁМБАРИ АЛЛОҲ (ДУРУДИ ПАЁМИ АЛЛОҲ БАР Ӯ БОД)-РО МЕГУФТАНД: "ҲАР БАНДА (РӮЗИ ҚИЁМАТ) БАР ОН ҲОЛАТЕ ЗИНДА КАРДА МЕШАВАД, КИ ДАР ОН ҲОЛАТ ВАФОТ НАМУДА БУД.

РИВОЯТИ МУСЛИМ: 2878

3 weeks, 1 day ago

ҲАДИСИ - [02]

МАТНИ ҲАДИС:

عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ قَالَ: قَالَ رَسُولُ اللَّهِ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: مِنْ حُسْنِ إِسْلَامِ الْمَرْءِ تَرْكُهُ مَا لَا يَعْنِيهِ.

ТАРҶУМАИ ҲАДИС:

АЗ АБӮҲУРАЙРА (АЛЛОҲ АЗ Ӯ РОЗӢ БОД) РИВОЯТ АСТ, КИ ПАЁМБАРИ Аллоҳ (ДУРУДУ ПАЁМИ АЛЛОҲ БАР Ӯ БОД) ФАРМУДАНД:

"АЗ (ҶУМЛАИ )НЕКӮИИ ИСЛОМИ ШАХС ИН АСТ, КИ ҲАР ОН ЧИ БА Ӯ АЛОҚАМАНДӢ НАДОРАД, ТАРК НАМОЯАД".

РИВОЯТИ ТИРМИЗӢ: 2317

We recommend to visit

Owner - @JALLADxPAPA
- @Soeb0333


𝐇𝐞𝐥𝐥𝐨 𝐆𝐮𝐲𝐬 𝐖𝐞𝐥𝐜𝐨𝐦𝐞 𝐓𝐨 𝐂𝐡𝐞𝐧𝐧𝐚𝐥

👋ᴛʜᴇ ᴍᴏʀᴇ ʏᴏᴜ ʟᴇᴀʀɴ, ᴛʜᴇ ᴍᴏʀᴇ ʏᴏᴜ ᴇᴀʀɴ 🙌

Last updated 2 months, 2 weeks ago

"Here you get all type of offers,App & everything from that you can Earn"

⭐DM me - @amit6295 (owner)
dm for any help - @LootParivarsupport(offer related any issues ka sollution ke Liye,only for our subs)
WP channel - https://bit.ly/3t4YUuf

Last updated 7 hours ago

https://t.me/joinchat/zX_QEb4T2VkxYjNi

Last updated 1 year, 3 months ago