🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 3 days, 2 hours ago
🕵🏻♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
🔞 КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot
💰 Реклама: @Xokimbuvareklama
Last updated 3 weeks, 4 days ago
🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!
🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 3 weeks ago
Амрико ва Осиёи Марказӣ. Доналд Трамп бо ҳамсояҳои Эрону Афғонистон чӣ хоҳад кард?
Доналд Трамп, 47-умин Президенти Амрико 20-уми январи соли 2025 расман ба кор оғоз хоҳад кард. Бозгашти дубораи ӯ ба Кохи Сафед баъд аз панҷ сол ба ин маънист, ки на танҳо Амрико, балки ҷаҳон обистани таҳаввулоту тағйироти бузург аст.
Дар давраи аввали раёсати ҷумҳурии Доналд Трамп (2017-2021) Амрико дар қиболи кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳеҷ иқдоми ҷадиди сиёсӣ накард. Танҳо як сол монда ба поёни раёсати ҷумҳурии ӯ, маъмурияти Кохи Сафед дар феврали соли 2020, роҳбурди худро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ эълом кард, ки асоси онро “тақвияти якпорчагии минтақаӣ, иртиқои ҳуқуқи башар ва ислоҳот, сармоягузорӣ аз тариқи кумакҳои тавсеъаии Амрико” ташкил медод. Аммо нокомии Доналд Трамп дар интихоботи ноябри соли 2020 иҷрои муфоди ин барномаро ба таъхир андохт.
Гузашта аз ин, платформи «С5+1”, ки барои музокироти мақомоти панҷ кишвари Осиёи Марказӣ ва Амрико ба ибтикори маъмурияти Кохи Сафед дар давраи раёсати ҷумҳурии Барак Обамма роҳандозӣ шуда буд, тавассути Трамп дар раёсати ҷумҳурии пешини ӯ ба таъвиқ даромад.
Ба бовари бисёре, Осиёи Марказӣ танҳо минтақае дар ҷаҳон аст, ки Амрико камтарин нуфуз дар онро дорад ва ҳамаи давлатҳои қаблии Амрико ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи кофӣ накардаанд. Танҳо ин нукта ки ҳеҷ кадом аз руасои ҷумҳури Амрико то ҳоло ба Осиёи Марказӣ сафар накардаанд, далели гӯёи муносибати Амрико ба ин минтақа метавонад бошад.
Акнун бо интихоби муҷаддади Доналд Трамп ба раёсати ҷумҳурии Амрико, кишварҳои Осиёи Марказӣ аз бозгашти ӯ ба Кохи Сафед чӣ интизороте бояд дошта бошанд? Дар ин бора назари Шералӣ Ризоён, коршиноси масоили сиёсиро ҷӯё шудем.
Матни мусоҳибаи устод Суҳроби Зиёро инҷо бихонед.
https://t.me/shrizoyon
ЁДДОШТИ САФАРИ БУХОРО
Ду сол пеш, аз 10 то 14-уми ноябр ба Бухоро барои иштирок дар ҳамоиши коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИМА ва Афғонистон бо писарам Ардашер сафар доштем. Дар давоми ду ҳафтаи дигар, аз 15 то 28 ноябри ҳамон сол бардоштҳои сафарро навиштам ва он замон дар рӯзномаи “Самак” ба нашр расида буд.
Ҳоло тасмим гирифтам, шакли комили навиштаро бо Шумо шарик созам. Умедворам бароятон ҷолиб хоҳад буд.
Агар пас аз хондани навишта дар зеҳнатон ягон савол, пешниҳод ё эроде пайдо шавад, лутфан ба ман нависед: [email protected]. Агар чунин лутф мекардед ва андешаҳои худро менавиштед, хушҳол мешудам ва пешопеш сипосгузорам
СЕ ИБРАТИ РОҒУН ВА РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН (2)
Дуюм, ибрати Роғун таҷрибаи давлатдории миллӣ дар кишварро таҳким бахшида, барои муаррифии Тоҷикистон ҳамчун давлати собит далели ҷиддӣ мебошад. Таҳлили фазои иттилоотӣ нишон медиҳад, ки перомуни кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ истилоҳоти гуногуни манфӣ истифода мешавад, ки дар умум барои камранг нишон додани дастовардҳои мавҷудаи замони истиқлолият равона шудаанд. Бар хилофи ин гуна ақидаҳо, таърихи сиёсии Тоҷикистон дар замони истиқлол, мавҷудияти барномаҳои давлатии рушди устувор (амалӣ гардидани Стратегияи миллии рушд то соли 2015, таҳия ва дар ҳоли татбиқ қарор доштани Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030 ва дар раванди таҳия қарор доштани Консепсияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2050) собит месозад, ки кишвари мо аз имтиҳони ҷиддии таърих гузашта, ваҳдат ва ягонагии миллиро устувор намуд ва суботу амниятро тақвият бахшид. Худи ин дастовард далели давлати собит будани Тоҷикистон мебошад. Ибрати Роғун паҳлуи дохилӣ ва хориҷии мафҳуми давлати собитро баръало равшан ва асоснок менамояд.
Сеюм, ибрати Роғун нишондиҳандаи сиёсати хориҷии муваффақи кишвар аст, ки боназардошти тамоми фишору шароити номусоиди минтақавӣ дар амал татбиқ карда шуд. Маҳз дарк гардидани анҷоми бунёди НБО-и Роғун ҳамчун абзори муҳими татбиқи манфиатҳои миллӣ дар шароити муосир аз амалкардҳои давлатӣ дар сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ шаҳодат медиҳад. Агар кори ҷисмониро муҳандисону коргарони зиёд дар бунёди Роғун ба анҷом расонида бошанд, пас ҷабҳаи бисёр мушкилу пурхатари сиёсати минтақавӣ ва байналмилалиро дипломатҳо ва таҳлилгарони миллии кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат дар дӯш доштанд. Аз ин рӯ, метавон хулоса намуд, ки кишвари мо дар самти ҳифзу татбиқи пайгиронаи манфиатҳои миллӣ дар арсаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ соҳиби таҷрибаи ҷиддӣ гардид, ки ин шароит дар дарозмуддат ҷиҳати амалисозии барномаҳои дигари стратегии мамлакат хизмати арзандаро иҷро хоҳад кард.
Дар умум, оғози фаъолияти НБОи Роғун гардиши усулиро дар шинохти давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон ба вуҷуд меорад ва шароити арзанда ва мувофиқро барои ребрендинги кишвар ҳамчун давлати собит ва дорои имконияти васеъи инсонию табиӣ муаррифӣ менамояд. Дар дарозмуддат метавон интизор шуд, ки ба тадриҷ имиҷи мусбати Тоҷикистон ташаккул ва тақвият дода мешавад.
**Ёддошти сафар ба Амрико (VI)
Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (4)**
Тамошои кӯчаи морпечи нишеб дар Ломбард-стрит. Ин қисми кутоҳи кӯчаи Ломбард-стрит яке аз ҷойҳои дидании шаҳр ба ҳисоб меравад, ки ба роҳи морпечи ағба монанд аст. Вақте ба онҷо рафтем, ба монанди мо ҷаҳонгардони зиёде буданд, ки тариқи роҳравҳо аз боло ба поён мефаромаданд ва ҳамчунин, мошинҳо низ оҳиста ба поён мерафтанд. Дар ду тараф хонаҳои мардум ҷойгиранд ва лаби кӯча гулзор мебошад ва ниҳоят зебою диданӣ аст. Барои онҳое, ки роҳи морпечи ағбаро надидаанд, ин кӯча ҷолиб метобад, вале барои мо, ки роҳҳои морпечи зиёди куҳӣ дорем, як роҳи маъмулӣ менамояд. Сарфи назар аз ин тарзи бунёд ва маъруф кардани ин мавзеъ сутуданист.
Сайругашт бо киштӣ дар Халиҷ. Бегоҳи рӯзи 25 июн мо ба бандар рафта, ба киштии калони дуқабата нишаста, ба сайри Халиҷ баромадем. Ба назарам киштии саворшудаам дар Ҳонолулу ва Уқёнуси Оромро тамошо кардаам - заврақ намуд. Дар бандар ин гуна киштиҳо зиёд буданд ва барои ҷаҳонгардон ва хоҳишмандони тамошои халиҷ пешбинӣ шудаанд. Масири киштӣ чунин буд: аз бандар то пули Дарвозаи тиллоӣ рафт, онро гузашта тоб хӯрду боз ба бандар бозгашт. Сайри мо бо киштӣ ҳудуди як соат давом кард ва агар одам либоси ғафстар надошта бошад, ҳатман сармо мехурад. Чун обуҳавои халиҷ аз худи шаҳр зиёд фарқ мекунад ва боди сахти сарде дорад. Дар халиҷ парандаҳои дарёӣ зиёд буданд ва ҳарсӯ парвоз доштанд. Ҳамчунин, кишти аз наздикии ҷазираи Алкотроз гузашт, ки пештар онҷо зиндони машҳури ҳамном ҷойгир буд ва ҳоло осорхона мебошад. Миёни ҳаводорони синамо филми Сахра (номи русии филм “Скала” аст) бо Шон Коннерӣ ва Николас Кейҷ дар нақшҳои асосӣ машҳур аст. Ин филм дар ҳамин зиндон ба навор гирифта шуда, унвонаш аз рӯйи номи дуюми ҷазира/зиндон гузошта шудааст.
Таксиҳои беронанда дар ҷодаҳои Сан-Франсиско. Гуфтори машҳури “оянда аллакай фаро расидааст”-ро бисёриҳо шунидаанд. Инҷониб то бо ду чашми сар дидани таксиҳои беронандаи аз ҷониби ҳуши маснуӣ идорашаванда, ба ин гуфтор аҳамият намедодам. Дар ҷодаҳои шаҳри Сан-Франсиско таксиҳои беронанда зиёд ба назар мерасиданд, вале аз наздик се бор дидам: нахуст, дар назди мавзеи ҷаҳонгардии пули Дарвозаи тиллоӣ, ки мо дар қади роҳ меистодем. Таксии беронанда назди мо омода истод, мусофирон фаромаданд ва ҳаракат карду рафт. Бори дуюм дар пиёдагузари кӯчаи морпечи Ломбард-стрит, ки мо онҷо гуфтугузор доштем. Такси истод, то пиёдагардон аз ҷода гузаранд. Бори сеюм, вақте се нафар аз ҳамроҳони мо баъди тамошои халиҷ аз бандар таксии беронандаро фармоиш доданд ва то меҳмонхона омаданд. Фармоиши таксӣ ва идораи он тариқи нармафзор буда, ба гуфти ҳамсафарони мо муштарӣ бояд ба ҳаракат иҷоза диҳад, баъди расидан то макони худ роҳкироро ғайринақдӣ пардохт мекунад. Ба гуфти роҳбаладони мо таксиҳои беронандае, ки мо дидем, сабукравҳои ширкати Теслаи сарватманд Илон Маск буданд.
Аз пеш шаҳри Сан-Франсиско энерҷии вижа дошта, макони зисти мардуми эҷодкор будааст. Ин шаҳр дар баробари зодгоҳи фановариҳои муосир будан, боз ватани ҳиппӣ низ ба шумор меравад. Макони нахустини ҷамъшавии ҳиппиҳо боғи Сан-Франсиско буда, аз ҳамин шаҳр ин хурдфарҳанг ба тамоми ҷаҳон паҳн мешавад. Ба гуфти хонум Мария имрӯзҳо низ насли аввали ҳиппиҳо ҳастанд, вале онҳо аллакай пир шудаанд.
Идома дорад...
https://t.me/shrizoyon
**Ёддошти сафар ба Амрико (VI)
Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (2)
Перомуни дидор дар шаҳрдории Сан-Франсиско**
Рузи 25 июн саҳар ба шаҳрдории Сан-Франсиско рафтем. Бинои шаҳрдорӣ муҳташаму зебо ва ёдгории меъморӣ мебошад. Дар марказ гумбази калоне дорад ва ба бино ҳусни хос мебахшад. Аз рӯйи гуфти масъули шаҳдорӣ, ин сохтмон аз зеботарин биноҳои маъмурии шаҳрдориҳои Амрико ба ҳисоб мерафтааст. Дар толори калони ошёнаи якум маросими никоҳкунӣ ё ба истилоҳи маъмули мо загс (сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ) сурат мегирифтааст. Ҳамаи шаҳрвандон имкон доштаанд, ки бо пардохти ҳақмузд инҷо никоҳи худро ба қайд гиранд. Ҳамчунин, инҷо маросими ҷашни 15 солагии духтарон баргузор мегардидааст, ки хоси фарҳанги испанизабонҳо мебошад. Мо чанде аз навхонадоронро дар навбат барои даромадан ва дар дохил баъди маросими никоҳ, ҳамчунин чандин духтареро дидем, ки 15 солагии худро бо либосҳои монанд ба арӯсии сурх ё гуногунранг таҷлил мекарданд.
Дар шаҳрдорӣ бо мудири бахши савдои хориҷӣ дидор доштем. Аз рӯйи иттилои ӯ бармеояд, ки теъдоди қобили мулоҳизаи осиёиҳо, ба вижа чиниҳо, куриёиҳо ва ветнамиҳо дар шаҳр зиндагӣ мекардаанд ва ҳар чорумин сокини онро ташкил медодаанд. Тавлиди нохолиси шаҳр ба 1 тирилион доллари амрикоӣ баробар буда, агар кишвари худсолор мебуд, иқтисоди 19-уми ҷаҳон мегардид. Ба ин нигоҳ накарда, 3% аҳолӣ расман бекор ва 34% биноҳо низ холӣ будаанд. Ин ҳолатро ба сиёсати шаҳрдори пешин рабт дод, ки сабукиҳои зиёдеро ба сармоядорону ширкатҳо пешкаш мекунад ва онҳо биноҳои зиёди навро месозанд. Ба гуфти масъули шаҳрдорӣ аксари ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ инҷо таъсис ёфтаанд ё дафтарҳои кории худро доранд. Ҳатто ширкатҳои Тик-ток ва Ҳуавейи чинӣ низ дафтари кории худро доштаанд. Худи иёлат ва шаҳри Сан-Франсиско минтақаи пешрафтаи Амрико ба ҳисоб рафта, чунин дастовардро ба хотири рушди иқтисоди илмбунёд соҳиб шудааст.
Баъди анҷоми суҳбат ба мо дафтари кории шаҳрдорро нишон доданд, дар долони он нимпайкараҳои шаҳрдорони пешин гузошта шуда, дар худи утоқ чор нафар сари роёна кор мекарданд. Ба мо иҷоза доданд, ки ба айвон бароем ва онҷо барои хотира расм гирем. Айвон калон набошад ҳам, рӯ ба рӯйи майдони назди бинои шаҳрдорӣ қарор дошт. Ба назар мерасид, ки дар маросимҳои шаҳрию иёлатию кишварӣ аз ин айвон шаҳрдор, устондор ва намояндагону роҳбарони федеролӣ дар назди ҷамъомадагон сухан мекунанд.
Дидаю шунидаҳо дар Сан-Франсиско
Дар оғоз лозим медонам баъзе пешфарз, мулоҳиза ва бардоштҳои худро дар бораи ин шаҳр нависам ва баъдан ба зикри дидаю шунидаҳо дар Сан-Франсиско гузарам. Тавре маълум аст, Сан-Франсиско маркази маъмурии иёлати Колифорниё ва яке аз шаҳрҳои шинохта ва рамзии Амрико буда, дар саросари ҷаҳон машҳур аст. Шаҳр дар синамои амрикоӣ зиёд таблиғ мешавад, чун дар наздикии маркази синамои ҷаҳонӣ – Ҳоливуд ҷойгир мебошад. Дар сиёсати байналмилалӣ низ дар асри ХХ нақш дорад, чун баъди анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар соли 1945 маҳз дар ҳамин шаҳр ҳамоише барои таъсиси Созмони милали муттаҳид баргузор мегардад, ки бо номи “Конфронси Сан-Франсиско” машҳур аст. Ҳамаи инро барои он навиштам, ки пеш аз сафар дар хаёлам шаҳри Сан-Франсиско як шаҳри бузургу чандмиллиона тасвир мешуд, вале дар асл чунин набудааст. Шаҳр ҳудуди як миллион аҳолӣ дорад, ки аз рӯйи шумораи аҳолӣ аз ҳамаи пойтахтҳои минтақаи мо кам аст. Аммо шаҳри калону васеъ аст, аксари маҳаллаҳои қадима дар шакли аввала ҳифз шудаанд ва сохтмонҳои хурди ду-се ошёна зиёданд. Вақте дар шаҳр сайр мекунед, эҳсос мешавад, ки гоҳе ба боло ва гоҳе ба поён меравед, яъне нишебу фарози зиёд дорад. Агар ба шаҳри Истаравшан рафта бошед, дар байни шаҳр қалъаи Муғ ҷойгир аст. Вақте дар дохили шаҳр мегардед, маҳаллаҳои он дар нишебу фароз қарор доранд. Агар шаҳри Истаравшан паҳноии васеъ медошт, ба Сан-Франсиско монанд мешуд, чун шаҳр дар канори теппаҳои зиёде қомат афрохтааст.
Идома дорад...
https://t.me/shrizoyon
**Ёддошти сафар ба Амрико (VI)
Он чӣ дар иёлати Колифорниё ва шаҳри Сан-Франсиско дидам (1)**
Рӯзи 23 июн аз Ҳонолулу ба самти Сан-Франсиско равон шудем ва баъди панҷ соати парвоз ба иёлати Колифорниё расидем. Вақте ба шаҳри Сан-Франсиско омадем, аллакай шаб буд ва баъди ҳавои гарми Ҳонолулу салқинии ин шаҳр ба тан роҳат мебахшид. Моро дар меҳмонхонаи “Club Quarters Hotel” ҷойгир карданд, ки шабакаи чунин ҳотелҳоро дар шаҳрҳои зиёди Амрико доштааст. Ба фарқ аз меҳмонхонаҳои шаҳрҳои Вошингтон, ки субҳ танҳо чою қаҳва пешкаш мешуд ва дар Ҳонолулу, ки ҳеҷ чиз пешкаш намешуд, дар ин ҳотел 24 соат оби ҷӯшонда, чой ва қаҳва бепул барои меҳмонон дастрас буд ва шояд ба ховарӣ будани соҳибошан рабт дошт. Аслан “бандаи шикам” нестам ва бароям як бурда нон ҳам хуроки болаззат аст. Зикри ин нуктаро барои он муҳим донистам, ки дар дигар меҳмонхонаҳои истодаамон инро надидам ва мувофиқи гуфти ҳамсафарони ботаҷриба дар Амрико аслан чизи бепул кам вомехӯрад.
Дар иёлати Колифорниё, ба вижа шаҳри Сан-Франсиско танҳо дӯ рӯз, яъне 24-25 июн будем. Дар ин муддат дидорҳо бо олимону пажуҳишгарони Донишгоҳи Стенфорд ва масъули шаҳрдории Сан-Франсиско доштем. Ҳамчунин, фурсати лозима барои гаштугузор фароҳам гардид. Дар зер чанде аз мушоҳидаву бардоштҳоро меорам:
Он чӣ дар Донишгоҳи Стенфорд дидам
Аз рӯйи барномаи сафар маълум буд, ки тамоми рӯзи 24 июн дидору суҳбатҳои мо дар кампуси Донишгоҳи Стенфорд баргузор мегарданд. Соати 9 саҳар ба роҳ баромадем ва баъди як соат ба шаҳри Пало-Алто расидем, ки донишгоҳ инҷо ҷойгир аст. Ногуфта намоманд, ки Водии Силикон дар ҳамин ҷуғрофиё ҷойгир аст ва аксари фановариҳои муосир дар инҷо ихтироъ гардидаанд. Донишгоҳ яке аз марказҳои рушдиҳандаи ҳуши маснуӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Аксари стартапҳои илмбунёд маҳз дар ҳаминҷо пайдо шуда, баъдан ба ширкатҳои бузург табдил ёфтаанд.
Донишгоҳ аз муътабартарин мактабҳои олии Амрико ва умумун ҷаҳон ба ҳисоб меравад ва инҷо дар самтҳои гуногун омодасозии мутахассион ва пажуҳишҳои амалӣ ба роҳ монда шудааст. Инҷо се дидор доштем ва мавзуи асосии ду суҳбат ба пажуҳиши Чин бахшида шуда буд, ки баъзе бардоштҳоро дар поён меорам. Дар бораи худи муҳити кампус мехоҳам чанд нуктаро орам. Ба назар мерасид, ки масоҳати кампус калон аст. Биноҳову роҳравҳо ва дарахту сабзаҳо тавре бунёду парвариш шудаанд, ки муҳитро барои андешидан созгор мекунад. Худи кампус руҳияи аҷиб дошт ва эҳсос мешуд, ки инҷо парастиши дониш меъёри асосӣ аст ва аксари донишомӯзону кормандон перомуни мавзуҳои ҷиддӣ андеша ва кор мекунанд. Яъне тамоми шароити лозима барои илмомӯзӣ ва пажуҳиш фароҳам гардидааст. Баъди нисфирӯзӣ танаффусе дар байни суҳбати дуюм ва сеюм доштем ва ба қаҳвахона рафтем. То расидан ба қаҳвахона дидем, ки масъулин дар чор-панҷ ҷой ба тоза ҷамъ кардани зарфҳо баъди “як пиёла чой” ё вожаи дар мо маъмул “кофе-брек” машғуланд ва ин маънои онро дошт, ки чандин дидору лексияҳо баргузор гардидаанд. Дар толори дигаре, ки ҷобаҷогузории мизу курсиҳояш ба амфитеатри хурд монанд буд, пажуҳишгар ё устоде ба донишомӯзон лексия мехонд. Муҳити кампус ниҳоят ором ва дар ҷойе садои баланде шунида намешуд. Ҳатто дар ошхонаи донишгоҳ, ки онҷо нисфирӯзӣ ғизо хӯрдем, мардум оромона перомуни мавзуҳои корию пажуҳишии худ гуфтугӯ доштанд.
Дастандаркорони барнома дидори сеюмро дар китобхонаи Маркази пажуҳиши Осиёи Шарқӣ баргузор карданд, ки ҳадафи он шиносоӣ бо кормандони ин бахши Донишгоҳ ва шабакасозӣ буд. Дар ин дидор бо хонуме вохурдам, ки аз тоҷикони Афғонистон буда, дар донишгоҳ кор мекардааст. Ӯ гуфт, ки соли гузашта як духтаре аз Тоҷикистон ба факултаи онҳо дохил шудааст. Дар роҳрав як ҷавони дигареро аз Қазоқистон дидем, ки донишҷӯйи соли дуюм будааст.
Идома дорад...
Перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишӣ дар Тоҷикистон (I)
Андешаҳо дар ҳошияи дидори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони соҳаи илму маорифМуаллифон: Шералӣ Ризоён, номзади илмҳои сиёсӣ ва Ризои Баҳромзод, номзади илмҳои физикаю математика
Дар ҳамқаламӣ бо Ризои Бахромзод тасмим гирифтем, бастаҳои мулоҳиза ва пешниҳодро перомуни густариши тавонмандиҳои илмию пажуҳишии кишвар омода кунем ва бахши аввали он бо номи "Ислоҳоти илм аз куҷо бояд оғоз шавад?" дар шумораи нави газетаи "Тоҷикистон" (№23 (1586) аз 05.06.2024) нашр гардид ва идома ҳафтаи оянда нашр мешаванд. Сарвари кишвар дар суханронии худ масъалаҳои муҳими рушди илму пажуҳишро матраҳ сохта, зери назорати худашон будани ин мавзуъро зикр карданд. Ҳамчунин, аз олимону пажуҳишгарон даъват карданд, ки мавқеи фаъолу созандаи шаҳрвандӣ дошта бошанд. Аз ин рӯ, мо якчанд нуктаро дар мақола овардем ва умедворем, ки ниҳодҳои масъулу ваколатдори давлатӣ ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд.
Вуруд ба мавзуъ**. Рӯзи 30 майи соли равон вохӯрии Роҳбари кишвар бо кормандони соҳаи илму маориф баргузор шуд. Дар суханронии худ Сарвари Тоҷикистон дастовардҳо, масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ва боло бурдани тавонмандиҳои Тоҷикистон дар самти илму пажӯҳишро зикр карданд. Ҳамоиши мазкур замоне баргузор гардид, ки дар фазои расонаии байналмилалӣ чолишҳои ҷиддие барои имиҷи кишвар ва мардуми мо шакл гирифтаанд. Аз ин рӯ, густариши тавонмандиҳои миллӣ дар тамоми соҳаҳои афкорсозу имиҷсоз, аз он ҷумла илму пажуҳиш, ҳамчунин, муаррифии бештари дастовардҳои илми ҷаҳонӣ дар дохил ва имрӯзӣ кардани соҳа, ба вижа посухгӯй кардани он ба шароити ҷомеаи иттилоотӣ ба нафъи ҷомеаи мо хоҳад буд. Аҳамияти баргузории дидори мазкурро метавон чунин асоснок кард:
Якум, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иҷтимоиро дар авлавиятҳои кори худ қарор дода, бахши бузурги буҷаи кишвар барои ниёзмандиҳои ин соҳа масраф мешавад. Соҳаи илму пажӯҳиш барои расидан ба ҳадафҳои олӣ, ба вижа иҷроӣ кардани Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 нақши ҳалкунанда дорад.
Дуюм, идомаи ислоҳоти соҳаи илму пажуҳиш, ки бояд ҳамқадами тамоюлҳои ҷаҳонӣ бошад. Чун дар суханронии худ Сарвари кишвар ҷиддан таъкид карданд, ки давлатҳои пешрафта ин дастовардро дар заминаи рушди илму пажуҳиш ба даст овардаанд. Аз ин рӯ, дар кишвар низоми санҷиши натиҷанокии фаъолияти илмию пажуҳишӣ роҳандозӣ мегардад, ки як паҳлуи муҳими он интишори осори донишмандони тоҷик дар маҷаллаҳои маъруфи байналмилалӣ аст.
Сеюм, аз мазмуни суханронии Сарвари кишвар бармеояд, ки маблағгузории соҳаи илму пажуҳиш ва маориф дар оянда боз меафзояд. Чун таъкид ба боло бурдани тавонмандиҳои инсонӣ дар кишвар бидуни илму пажуҳиш ва маорифи ҷавобгӯй ба равандҳои муосири ҷаҳонӣ ғайриимкон аст. Бо афзоиши маблағгузории давлатӣ – талабот ва интизориҳоро аз кормандони ин соҳаҳо низ бештар мекунад, ки як падидаи табиӣ аст.
Дар умум, андешаҳои консептуалӣ дар дидор баён гардиданд, тамоми паҳлуҳои илму пажуҳиши ватанӣ, ба вижа густариши дастовардҳо ва роҳҳои ислоҳи камбудиҳо арзёбӣ шуданд. Дар ҳошияи андешаҳои Роҳбари кишвар тасмим гирифтем, чанд мулоҳизаю пешниҳодро ба таваҷҷуҳи ниҳодҳои ваколатдору масъули давлатӣ ва худи пажуҳишгарони ватанӣ пешкаш кунем. Чун дар ин марҳила худи далели баргузории дидор ва таҳлилу андешаҳои баёнгардида, ҳар фардеро, ки дилаш ба соҳаи илму пажӯҳиши кишвар месӯзад, бетараф гузошта наметавонад. Аз ин дидгоҳ, андешаҳои зер мавқеи муаллифон буда, танҳо ба хотири пешрафти илму пажуҳиш дар кишвар баён мегарданд.
Идома дорад...
🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 3 days, 2 hours ago
🕵🏻♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
🔞 КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot
💰 Реклама: @Xokimbuvareklama
Last updated 3 weeks, 4 days ago
🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!
🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 3 weeks ago