Инста: https://www.instagram.com/xdanyl_/
TWITCH: https://www.twitch.tv/xdanyl_
Реклама: @chocoboy711 и @lxxnyash
АРТЫ/ЭДИТЫ И ПРОЧЕЕ КИДАТЬ СЮДА: https://t.me/XdanylOfficialBot
Last updated 2 months ago
🔥Телеграмдаги энг зўр аёллар канали
⚡️Психологик пост/тест/контентлар
📝Кунлик мотивациялар
💝БЕПУЛ дарслар
Бизнинг сайт www.qizilpomada.uz
📍 instagram.com/qizilpomada
Last updated 1 month, 2 weeks ago
🍃💐🍃
БАРОИ ХЕШТАН БИМОН!
Барои кина? Оҳ, на! Барои ишқи ман, бимон,
Барои дӯст доштан, барои хостан бимон.
Ҳар он чӣ дӯст доштам, барои ман намонду рафт
Умеди охирин агар туӣ, барои ман бимон.
Ба сабзаву насиму гул, ту дарси зистан бидеҳ
Баҳор бошу боз ҳам ба хотири чаман бимон.
Тамомату камолро ба номи мо рақам заданд
Камоли ишқ агар манам, ту ҳам "тамом зан" бимон.
Барои он, ки тешаро ба фарқи хеш нашканад,
Умеди зистан шаву барои Кӯҳкан бимон.
Мазан ба нақши худ гумон, зи саргузашти ину он
Барои дигарон чаро?! Барои хештан бимон!...
🍃💐🍃
🍃💐🍃
#як шеъри пур аз ман
"ман"-дортарин шеъри таърихро медонед? Дар 10 байт 70 калимаи ман:
Ман намедонам киям ман лек як ман дар ман аст,
Онки таклифи манаш бо ман-мани ман рушан аст.
Ман агар аз ман бипурсам эй мани ҳамзоди ман,
Эй мани ғамгини ман дар лаҳзаҳои шоди ман.
Ҳарчӣ аз ман ё мани ман дар мани ман дидаӣ,
Мисли ман вақте ки бо ман мешавӣ, хандидаӣ.
Ҳеч кас бо ман чунон ман мардумозорӣ накард,
Ин мани ман ҳам нишасту мисли ман коре накард.
Эй мани бо ман, ки бе ман мантар аз ман мешавӣ,
Ҳарчӣ ҳам ман-ман кунӣ, ҳошо шавӣ чун ман қавӣ.
Ман-мани ман мани-мани берангу бетаъсир нест,
Ҳеч кас бо ман-мани ман мисли ман даргир нест.
Кист ин ман? Ин мани бо ман зӣ ман бегонатар
Ин ман ман-манкунӣ аз ман каме девонатар?
Ростӣ ин қадр манро аз куҷо овардаам?
Баъди ҳар ман бори дигар ман чаро овардаам?
Дар даҳони ман намедонам чӣ шуд афтод ман,
Маснавӣ гуфтам ки овардам дар он ҳафтод ман!
🍃💐🍃
🍃💐🍃
Ҳуш дор, ки аз кина раҳидан ҳунар аст,
Гарди сияҳ аз сина такидан ҳунар аст.
Сад бор гуноҳи дигарон меҷӯӣ,
Як бор гуноҳи хеш дидан ҳунар аст.
Танҳо ҳунаре наяст некӣ кардан,
Балки зи бадӣ даст кашидан ҳунар аст.
Бар беҳунаре чист ҳунар, медонӣ?
Бар қадри ҳунарманд расидан ҳунар аст.
Бо бегунаҳӣ аз дами сӯзони алав
Монанди Сиёвуш паридан ҳунар аст.
Эй, ки ба Худо фикандаӣ бори худат,
Сахт аз бадани бутта қапидан ҳунар аст.
✍ Гурез САФАР
🍃💐🍃
???
Ин рӯзҳо чӣ қадр ҳавои ту мекунам,
Ҳатто ғуруб, гиря барои ту мекунам.
Гоҳе канори панҷараам менишинаму
Чашме миёни кӯча, раҳои ту мекунам.
Хира ба кӯча мешавам, аммо ту нестӣ,
Ёди ту, ёди меҳру вафои ту мекунам.
Худ номае барои худам менависаму
Онро ҳамеша пост ба ҷойи ту мекунам.
Вақте ки нома мерасад аз сӯйи ман ба ман
Мехонаму дубора ҳавои ту мекунам ...
✍ФАРОМАРЗ АРАБАМИРӢ
???
?
Тулӯъи партави ҳуснат бароям доварӣ дорад,
Хушо, ки дидани рӯи ту меҳри ховарӣ дорад.
Ба ишқам бо нигоҳи шӯхӣ мангар, эй малаксимо,
Дилам бар ваъдаи барбоди ту чун боварӣ дорад.
Ҷафоҳоят пазируфтам, пазироям, ки баъд аз ин
Фалак бар дидаи мо турфа нақшу соварӣ дорад.
Бигӯям шукри Яздоне, маро осуда медорад,
Ба посухи машаққат андаке ҳам ёварӣ дорад.
Зи оғӯши баҳори худ маро бебаҳра месозӣ,
Дарахти умри мо гаҳ хушку гаҳ бороварӣ дорад.
Маро дар оташи ишқат бисӯзонӣ, намемирам,
Муҳаббат ин чунин зӯру сари ҷанговарӣ дорад.
? #ҒАЗАЛ
✍? Шаҳзод КЕНҶАЗОДА
?
ЭЙ МАСЕҲОДАМ БИЁ!
Ҳайфи он рухсори зебо дар ниқоб афтодааст,
З-ин сабаб аҳли назарро изтироб афтодааст.
Ҳайфи он чашми кабуди пушти айнак гумшуда,
Ҳар нафас дар ҷустуҷӯву дар азоб афтодааст.
Соқиё, бас кун дигар соғаркашӣ, тоқат намонд,
Акси он лаъли сухангӯ дар шароб афтодааст.
Не имову не ишора, не ба шоми дил сафо,
Гӯиё ин дам хусуфи моҳтоб афтодааст.
Дасту дил бардошта аз кӯчаву бозорҳо,
Кори мо узлатнишинон бар китоб афтодааст.
Кист то гӯяд илоҷу чораи рафъи фироқ?
Ҳар суолу хоҳиши мо беҷавоб афтодааст.
Кофару габру мусалмон, ҳам насоро бегумон,
Аз тақозои замон сӯфимаоб афтодааст.
Ҳар куҷо ҳарф аз қазову наҳси офат мезананд,
Гӯиё олам ба дасти шайху шоб афтодааст.
Мевазад боду ҳавои ноумедӣ ҳар замон,
Ҷамъият дар инзивою инқилоб афтодааст.
Мекашад бори амонат ин замини хастаҷон
Киштии бишкастае дар зери об афтодааст.
Эй масеҳодам, биё ташхиси ҳоли мо бикун
Нолаву оҳи маризон беҳисоб афтодааст!
✍Илҳом Эшонзода
?
?
ХОСТАМ, АММО НАШУД...
Хостам як шом оғӯшат кунам, аммо нашуд,
Бӯса аз лабҳои хомӯшат кунам, аммо нашуд.
Хостам субҳе ба гӯшат хонда байти ошиқӣ ,
Шеъри худро ҳалқаи гӯшат кунам, аммо нашуд.
Хостам ёрам шавию дар миёни ошиқон
Фахр бо он ҳусни гулҷӯшат кунам, аммо нашуд.
Хостам хуни тамоми ошиқонат рехта,
То қиёмат ман сияҳпўшат кунам, аммо нашуд.
Баъди дилозорию беқадриҳои дам ба дам
Хостам як дам фаромӯшат кунам, аммо нашуд.
23.01.2020
✍КӮҲЗОД ФАТҲУЛЛО
?
???
Бо умеди дармон
Эй гули зебо, ту моро хонавайрон кардаӣ,
Кулбаи ободи моро ту парешон кардаӣ.
Як нигоҳу ҷилваат аз мо рабуда ихтиёр,
Ай париваш , бо нигоҳе зору ҳайрон кардаӣ.
Ман нагӯям хандаат белутфу хушку сарсарӣ,
Бо ҳамон як ханда дилҳоро пурармон кардаӣ.
Тӯпаланг аз рақси ту бо ноз меояд ба рақс,
Ин чӣ шӯре, боз дарёро хурӯшон кардаӣ.
То ба кай мерақсам аз шавқу ҷунунӣ ошиқӣ,
Кош, боре бо ҳамон як бӯса меҳмон кардаӣ.
Ман бубахшам он чи кардӣ бо дили овораам,
Лек ҳайфи ин тане ки зинда беҷон кардаӣ.
Мешавам ман он чун кӯҳи Сафеди барфпӯш,
З-оташи меҳрат агар онро ту арзон кардаӣ.
Ҳурсимо, махлиқо тундӣ макун бо ҷони ман,
Меравам бар кӯҳу саҳро гар ту фармон кардаӣ.
Мекашад ҷабру ҷафо Шоди Худо то охират,
Бар умеди он ки дардашро ту дармон кардаӣ
✍АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА
???
Инста: https://www.instagram.com/xdanyl_/
TWITCH: https://www.twitch.tv/xdanyl_
Реклама: @chocoboy711 и @lxxnyash
АРТЫ/ЭДИТЫ И ПРОЧЕЕ КИДАТЬ СЮДА: https://t.me/XdanylOfficialBot
Last updated 2 months ago
🔥Телеграмдаги энг зўр аёллар канали
⚡️Психологик пост/тест/контентлар
📝Кунлик мотивациялар
💝БЕПУЛ дарслар
Бизнинг сайт www.qizilpomada.uz
📍 instagram.com/qizilpomada
Last updated 1 month, 2 weeks ago