🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🌐Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @Qoraxabar_aloqabot
☎️Реклама: @Qoraxabarda_reklama
Last updated 3 weeks, 4 days ago
Расмий «ПАТРУЛ УЗ» каналига хуш келибсиз!
Фақат янги, долзарб мавзулар!
Инстаграм: http://Instagram.com/Patruluz
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз: @Patrul_Aloqa_bot
Реклама: @Patrul_Admin
Last updated 2 months, 1 week ago
Тезкор янгиликлар фақатгина
@OPER_UZ 👈🏻да
Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлдингизми 👀
бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз👇🏻
@oper_uz_bot 👈🏽
Реклама учун 👉🏻 @oper_admin
Last updated 2 months ago
НАВИСАНДАИ ХУДШИНОСУ ХИРАДМАНД
Рӯзи 1-уми декабр нависандаи бомаҳорат ва худшиносу хирадманд ЮНУСИ ИМОМНАЗАР 60 - сола мешавад.
Аз номи ҷамоаи эҷодӣ ва муштариёни бешумори маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "ДУРДОНАИ ШАРҚ" соҳибҷашнро бо шасти камолот муборакбод намуда, зиндагинома ва як ҳикояи ӯро, ки дар шумораи якуми соли ҷории маҷаллаамон чоп шуда, боиси эътирофи мухлисони каломи бадеъ гашта буд, ин ҷо бознашр мекунем.
Шасти камолот муборак бошад нависандаи ҳақнигор, тарҷумони моҳир, бародари арҷманду самимӣ ва мухлиси беҳтарини "Дурдонаи Шарқ"!
Бо дуо аҳли эҷоди маҷалла
______________________
РӮЗГОР ВА ОСОРИ ЮНУСИ ИМОМНАЗАР
*🗒 ПУРРА: 👉* https://telegra.ph/RӮZGOR-VA-OSORI-YUNUSI-IMOMNAZAR-11-28
*👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:*
«ТАБАССУМИ МОДАР»
Бо ин ном китоби навбатии шоираи ҳассоси вилояти Сурхондарё Маъсумаи Бобокалон бо рухсати нашриёти “Маҳорат” рӯйи чопро дид.
Шеърҳои Маъсума дард доранд. Ҳамин дард аст, ки ба дасти ӯ қалам додааст, то дардҳои зиндагию оламро баён намояд. Дили ҳассоси ӯ некбин асту доим инсонҳоро ба некбинию покрафторӣ ва шукргузорӣ даъват менамояд. Қадру эъзози падару модар ва устодро дар ҷойи аввал мегузорад.
Беҳтараш шеърҳои Маъсумаи Бобокалонро хонеду худ қазоват намоед.
Абдушукур ИСМОИЛЗОДА,
сарвари Хонаи табъу нашри “Маҳорат”
*👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:*
#МИНБАРИ_САРМУҲАРРИР
«МАҶБУРӢ НЕ-КУ»
ё худ бидуни маърифат то куҷо меравем?!
Ҳоло суръати тараққиёти технологӣ ба дараҷаи гӯшношунид боло меравад. Меҳнати дастӣ кам шуда, ҷойи инсонро дар истеҳсолот техникаҳо иваз менамоянд. Кайҳост, ки омӯзгорон бо бӯр ба тахтаи синф навиштанро фаромӯш кардаанд. Чунон муаллимони дипломдор ба даргоҳи муқаддаси мактаб роҳ ёфтаанд, ки ҳатто таърихи рӯзро бехато навишта наметавонанд. Сатҳи дониши чунин “муаллимон”-ро аксар падару модарон медонанд. Шогирдон низ ҳамин гуна “омӯзгорон”- ро писанд намекунанд. Боз мо гила дорем, ки чаро мактабу муаллим беқадр аст? Ва агар ба баъзе омӯзгорони бесавод, ки камбудиҳои хешро намебинанд ва баҳри ислоҳи он намекӯшанд, дар бораи обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо ҳарф занем, бепарво “Маҷбурӣ не-ку!” мегӯянд ва ин суханро барои худ як навъ шиор ҳам кардаанд. На худ аз пайи навоварӣ шуда, мақолаҳои ба ёрии омӯзгоронро мехонанду на шогирдонашонро бо ганҷинаи бебаҳои маърифат ошно месозанд. Ин ҷо тараққиёти технологӣ чӣ айб дорад? Мо дар ҳолати бефарҳангиву бемаънавиятӣ то куҷо меравем? Ҷаҳолатро чӣ гуна мағлуб мекунем? Ҷаҳонро, ки дар мадори гирудорҳои зиёд қарор дорад, кӣ наҷот медиҳад?
Инак, вақти он расид, ки сӯйи маърифат қадамҳои устувор гузорем. Омӯхтан айб нест. Китоб устоди беминнат аст. Дубора ба мутолиа рӯ оварем. Китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳоро бихонем. Ва шояд ин қадами мо, ки ба сӯйи олами одобу адабиёт ва маърифат мегузорем, зарбае ба ҷаҳолат гардад.
Хоҳиш мекунам, ки ба гумони бади “Маҷбуран журнал ё газета хонед” мегӯяд, наравед. Ё мисли баъзе дӯстон “Ба ҳурмати Асадулло ин бор маҷалларо гирифтам, дафъаи дигар намегирам” гуфта, бори миннатро бар дӯши мо нагузоред. Бовар кунед, ки ҷамоаи мо шабу рӯз талош намуда, маводи ҷолиб ҷамъ мекунад ва бе маош, бо машаққатҳо маҷалларо чоп мекунанд. Мекӯшем, то қадри имкон барои соҳибмаърифати мардум саҳм гузорем. То ҷавонони мо “Китобу рӯзномаю маҷаллаи тоҷикӣ нест, чиро хонем?” – гуфта баҳона пеш наоранд.
**Ин навиштаҳои мо ба Шумои азиз, ки бо ихлосу меҳр маҷалларо гирифта, ба мутолиа оғоз намудед, нигаронида нашудааст. Аз Шумои соҳибмаърифат хоҳиш мекунем, ки инро бо садои шунаво хонед, то дар дили атрофиёнатон ҳам чароғи маърифат фурӯзон шавад.
То бо шӯълаи маърифат ҷаҳонро рӯшан намоему ҷаҳолатро бо тору пудаш нест созем!**
Бо мо бимонед. Мо бо Шумоем!
*✍️ АСАДУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
сармуҳаррири маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии “ДУРДОНАИ ШАРҚ”*
*👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:*
#обуна
«ДУРДОНАИ ШАРҚ» ОИНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ӮЗБЕКИСТОН АСТ!
(Қироати шеър дар иҷрои аъзоёни маҳфили "Адаб"-и факултаи филологияи ДДСамарқанд)
Ба маҷаллаи мазкур обуна шавед!
📢 Индекси обуна: 5591.
Телефонҳо барои муроҷиат :+998932378178+998933378178 Бо мо бошед: 👇*👇*👇**https://t.me/oriyonsamarqand
«ДУОИ МОДАР»
Маҷмӯаи ҳикояҳои нависандаи пуртаҷриба Сафияи Носир бо рухсати нашриёти “Маҳорат” дар Самарқанд рӯйи чопро дид.
📖 ПУРРА: 👉 https://telegra.ph/DUOI-MODAR-11-20
#ЗОДРӮЗ_МУБОРАК
Имрӯз яке аз тарғибгарону дӯстдорони маҷаллаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангии "Дурдонаи Шарқ" ҲОҶӢ САЛОҲИДДИН ИБРОҲИМОВ зодрӯз доранд.Ҷашни шукронаи умри азизатон муборак бошад бародари соҳибмаърифат. Сарбаланду некном бимонеду дардро набинед.
*👇 Ба мо ҳамроҳ шавед:*
#обуна
«ДУРДОНАИ ШАРҚ» – ОИНАИ АДАБИЁТИ ТОҶИК ДАР ӮЗБЕКИСТОН
Ба маҷаллаи мазкур обуна шавед!
📢 Индекси обуна: 5591.
Телефонҳо барои муроҷиат :+998932378178+998933378178 Бо мо бошед: 👇*👇*👇**https://t.me/oriyonsamarqand
🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🌐Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @Qoraxabar_aloqabot
☎️Реклама: @Qoraxabarda_reklama
Last updated 3 weeks, 4 days ago
Расмий «ПАТРУЛ УЗ» каналига хуш келибсиз!
Фақат янги, долзарб мавзулар!
Инстаграм: http://Instagram.com/Patruluz
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз: @Patrul_Aloqa_bot
Реклама: @Patrul_Admin
Last updated 2 months, 1 week ago
Тезкор янгиликлар фақатгина
@OPER_UZ 👈🏻да
Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлдингизми 👀
бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз👇🏻
@oper_uz_bot 👈🏽
Реклама учун 👉🏻 @oper_admin
Last updated 2 months ago