Why Pay for Entertainment? Access Thousands of Free Downloads Now!

СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او

Description
🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Шабакаи мо: @tojik

Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc
We recommend to visit

Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлсангиз бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз
👉 @Dunyo_tvbot


Реклама хизмати: @DT_REKLAMA

(© Биз юртдошларимизга энг сўнгги янгиликларни тезкорлик билан маълумот бериш учун бор куч-ғайратимизни ишга солмоқдамиз! )

Last updated 2 months ago

Прилагаем все усилия, чтобы своевременно, удобно и быстро информировать соотечественников о последних новостях!

Быстрые видео, новости и на другие темы👉 @Dunyo_tvbot
.
.
.
@DT_REKLAMA

Last updated 1 month ago

Xorazm viloyatidagi birinchi raqamli, eng katta va eng ommabop axborotlarni yetkazib boruvchi @Xorazmliklar telegram kanaliga xush kelibsiz!

🔹 Instagram.com/XorazmliklarUz
🌐 www.Xorazmliklar.uz

📩 Xabar yuborish: @Xorazmlik_Bot

💰Reklama: @iKhorezm

Last updated 2 weeks, 1 day ago

hace 3 días, 5 horas

"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСИ 147 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ МУХТАСАРИ ӮЗБЕКӢ

نَیَرزَد عَسَل، جانِ من، زَخمِ نیش
قناعت نَکوتَر به دوشابِ خویش
خُداوَند اَز آن بَنده خُرسَند نیست
که راضی به قِسمِ خُداوَند نیست...
مَخور هَولِ اِبلیس، تا جان دهد
هر آن کس که دندان دِهَد، نان دهد!
تواناست آخر خُداوندِ روز
که روزی رساند، تو چندین مَسوز!
نِگارَندَۀِ کودک اندر شِکَم
نَویسَندَۀِ عُمر و روزیست هم
خداوندگاری که عبدی خَرید
بِدارَد فَکَیف، آنکه عبد آفرید
تورا نیست این تَکیَه بر کِردُگار
که مملوک را بَر خُداوَندگار!

<hr>

Наярзад асал, ҷони ман, захми неш,
Қаноат накӯтар ба дӯшоби хеш!
Худованд аз он банда хурсанд нест,
Ки розӣ ба қисми Худованд нест!..
Махӯр ҳавли Иблис, то ҷон диҳад,
Ҳар он кас, ки дандон диҳад, нон диҳад!
Тавоност, охир, Худованди рӯз,
Ки рӯзӣ расонад, ту чандин масӯз!
Нигорандаи кӯдак андар шикам,
Нависандаи умру рӯзист ҳам!
Худовандгоре, ки абде харид,
Бидорад факайф, он ки абд офарид.
Туро нест ин такя бар Кирдугор,
Ки мамлукро бар худовандгор?!
@tojik

hace 4 días, 8 horas

مرا از دردمندان خود آن نامهربان دانست
نگاهی کرد سویم، کز نگاهش میتوان دانست
Маро аз дардмандон худ он номеҳрубон донист,
Нигоҳе кард сӯям, к-аз нигоҳаш метавон донист.
گاه گاه از چشمِ مردم چشم می پوشم، ولی
تا نظر در خود کنم، بینم، که چشمم سوی اوست
Гоҳ-гоҳ аз чашми мардум чашм мепӯшам, вале
То назар дар худ кунам, бинам ки чашмам сӯи ӯст.
چو سوختم، مبر، ای باد، خاکسترم از درِ دوست
که دشمنم نکند سَرزَنِش، که هرجاییست
Чу сӯхтам, мабар, эй бод, хокистарам аз дари дӯст,
Ки душманам накунад сарзаниш, ки ҳарҷоист!
چو شمع سوختَم از عشق وشُستم از جان دست
هنوز گِریه نمیدارَدَم زِ دامان دست
Чу шамъ сӯхтам аз ишқу шустам аз ҷон даст,
Ҳанӯз гиря намедорадам зи домон даст.
هرچند، که اَبرویِ تو جُز رَهزَنِ دین نیست
محراب دعاییست که در رویِ زمین نیست
Ҳарчанд, ки абрӯи ту ҷуз раҳзани дин нест
Меҳроби дуоест, ки дар рӯи замин нест.
یا رب، منِ بیدل ز که پرسم خبرت را
چون هر که بَکویِ تو رسد، بیخَبر آید
Ё Раб, мани бедил зи кӣ пурсам хабаратро,
Чун ҳар ки ба кӯйи ту расад, бехабар ояд.
سوختم بی تو، ندانم،که اسیرانِ فراق
با چُنین آتشِ جانسوز چه سان ساخته اند؟
Сӯхтам бе ту, надонам, ки асирони фироқ
Бо чунин оташи ҷонсӯз чӣ сон сохтаанд?
گِرِه شد در دلم صد آرزو از رشکِ نَخجیرَش
که او از زَخم پیکان مُرد و من از حَسرَتِ تیرش
Гиреҳ шуд дар дилам сад орзу аз рашки нахҷираш,
Ки ӯ аз захми пайкон мурду ман аз ҳасрати тираш.
مرا گر جان رود از مِهرِ آن مه برندارم دل
که جان دادن بود آسان و دل برداشتن مشکل
چوآیم جانب کویِ تو، صد منزل یکی سازم
اگر بیرون روم، در هر قدم صد جا کنم منزل
پس از عمری چه باشد گر کنی یاد گرفتاری
که در عمر خود از یاد تو یک ساعت نشد غافل
مرا گویند: مُشکِل های عشق از صبر بکشاید
اگر بودی مرا صبری، نبودی کارِ من مشکل
Маро гар ҷон равад, аз меҳри он маҳ барнадорам дил,
Ки ҷон додан бувад осону дил бардоштан мушкил.
Чу оям ҷониби кӯйи ту, сад манзил яке созам,
Агар берун равам, дар ҳар қадам сад ҷон кунам манзил.
Пас аз умре чӣ бошад гар кунӣ ёди гирифторе,
Ки дар умри худ аз ёди ту як соат нашуд ғофил.
Маро гӯянд: Мушкилҳои ишқ аз сабр бикшоянд,
Агар будӣ маро сабре, набудӣ кори ман мушкил...
تَرسَم که دیده چون بِکُشایم نَبینَمَت
دیده ز بیمِ هجر تو برهم نمیزنم
Тарсам, ки чун дида бикушоям, набинамат,
Дида зи бими ҳаҷри ту бар ҳам намезанам.
سینه را پرویزن ازتیر تو میخواهد دلم
تا ز هر روزن بود سوی توام راه دلم
(پَرویزَن = پروزن ـ آردبیز، اِلَک، غِربال، هلهال )
Синаро парвезан аз тири ту мехоҳад дилам,
То зи ҳар равзан бувад сӯи туам роҳи дилам.
(Парвезан //парвӣзан = парузан – ордбез, элак, ғирбол, ғарбел)
به گلگشت چمن سروی نداد از قامتش یادم
که همچون سایه بیخود گشته در پایش نیفتادم
Ба гулгашти чаман сарве надод аз қоматаш ёдам,
Ки ҳамчун соя бехуд гашта дар пояш наяфтодам.
بی غمِ عشقِ تو صد حیف ز عُمری که گذشت
پیش از این کاش گرفتار غَمَت میبودم
Бе ғами ишқи ту сад ҳайф зи умре, ки гузашт,
Пеш аз ин кош гирифтори ғамат мебудам!
مَن که چون لاله کفن غرق بَخون آمَده ام
از دل خاک بَعشق تو برون آمده ام
Ман, ки чун лола кафан ғарқ ба хун омадаам,
Аз дили хок ба ишқи ту бурун омадаам.
گفتی که از پا خار غم بیرون کش و آسوده شو
خاری که در دل بشکند از پا چه سان آید برون؟
Гуфтӣ, ки аз по хори ғам берун кашу осуда шав,
Хоре, ки дар дил бишканад, аз по чӣ сон ояд бурун?
ای، مرا غرقه بَخون دیدهٔ خونبار از تو
سینه مجروح، جگر ریش، دل افگار از تو
گاه تیرِ تو کشم از دل و گه ناوکِ آه
آه تا چند کَشم این همه آزار از تو؟!
Эй, маро ғарқа ба хун дидаи хунбор аз ту,
Сина маҷрӯҳ, ҷигар реш, дил афгор аз ту.
Гоҳ тири ту кашам аз дилу гаҳ новаки оҳ,
Оҳ то чанд кашам ин ҳама озор аз ту?!
از چشمِ نیم مستت سرگشته آنچنانم
کز مردمان گریزم چون آهوی رمیده
Аз чашми ниммастат саргашта ончунонам,
К-аз мардумон гурезам чун оҳуи рамида.
Мавлоно Аҳлии Туршезӣ

hace 4 días, 8 horas

ВА БОЗ ҲИКОЯТИ ПАНДОМЕЗ:

Аз ҳар ки дилат карона гирад,
Ӯро сабук аз миёна бардор.

Дар “Торихи саломӣ” мазкур аст, ки чун Асфор бинни Шерӯя ба қасди Рай ба Симнон нузул кард, ӯро бар он доштанд, ки Абӯҷаъфари Симнониро ҳалок кунад. Абӯҷаъфар чун ин хабарро битарсид ва қалъа маҳкам дошт, бар он қалъа мутаҳассин (дар паноҳ) шуд. Чун Асфор вилояти Райро ба ҳавзаи тасхир даровард, Дайламиро бо сипоҳи гарон бад-он қалъа фиристод. Ҳарчанд хостанд, ки он қалъаро бигиранд, муяссар нашуд. Ба охир Дайламӣ якеро восита кард, ки миёни ӯву Абӯҷаъфар сулҳ андохт ва таъкиди сулҳро маслаҳат дар он диданд, ки Абӯҷаъфар Дайламиро ба қалъа бараду меҳмондорӣ кунад. Абӯҷаъфар зиёфате тартиб карду Дайламиро талабид. Дайламӣ бо сарони сипоҳ ва далерони лашкари худ мувозаа (қароргузорӣ) кард, ки чун бо эшон ба қалъа дароянд, ҳама ба иттифоқ Абӯҷаъфарро ба қатл расонанд. Чун Дайламӣ ба дари ҳисор расид, Абӯҷаъфар ҳукм кард, ки Дайламӣ танҳо ба ҳисор дарояд. Ва ӯ танҳо даромаду мардуми ӯ берун монданд. Абӯҷаъфарро оризаи ниқрис (бемории ирсӣ) падид омада буду маҷоли ҳаракат надошт. Бар ғурфае нишаста буд, ки аз даричаҳои он ғурфа хандақ ва саҳро ба назар даромадӣ. Дайламиро он ҷо талабид ва замоне аз ҳар навъ суханон мегуфтанд. Дайламӣ дар аснои он ҳол Абӯҷаъфарро гуфт: Хилват кун, то сир аз асрори мамлакат бо ту бигӯям. Абӯҷаъфар фармуд, то ҷумлаи худдом аз ғурфа бирафтанд, ҷуз ғуломаке хурдсоле, ки ҳавоиҷи (ниёзҳо, хоҳишҳо) эшонро муҳайё кардӣ, намонд. Чун ғурфа хилват шуд, Дайламӣ дари ғурфаро барбаст ва ханҷар кашида Абӯҷаъфарро ҳалок кард. Ва он ғуломак аз тарс бехуд шуда буду маҷоли дам задан надошт. Бас, расани торики абрешимин, ки дар соқи мӯза дошт, берун оварду бар мавзеъе аз он даричаҳо маҳкам карду аз ғурфа ба лаби хандақ фуруд омад ва ошно (шино) карду аз хандақ бигузашт ва ба лашкаргоҳи худ омад. Агар Абӯҷаъфар ҳазм варзидӣ, бо ӯ хилват накардӣ, хасмро бар худ фурсат надодӣ ва дар вартаи ҳалок наяфтодӣ.
Дар ахбор ва осор аз ин ҳикоёт бисёр ҳаст, ки ба воситаи тарки ҳазм сар барбод додаанд. Ва агар хирадманд тааммул кунад, донад, ки ҳеч ҳисоре маҳкамтар аз ҳазму эҳтиёт нест ва ҳеч мӯҳлика махуфтар аз ғафлату таҳовун (саҳлангорӣ) на, чунонки гуфтаанд. Назм:

Ба ҳазм кӯш, ки ин раҳ раҳе пур аз хатар аст,
Ба эҳтиёт қадам неҳ, ки даври шӯру шар аст.
Ҳамин ки абр биборад, чунон тасаввур кун,
Ки сел мерасаду хонаи ту бар гузар аст.
Мабош ғофилу аз ҳазм бар карона машав,
Ки ҳазм тири балои замонаро сипар аст.
Касе, ки оқибатандешу дурбин бошад,
Муқаррар аст, ки аз худ ҳамеша бохабар аст.
Чу бохабар бувад аз худ ниҳоли давлати ӯ,
Аладдавом ба боғи мурод борвар аст.
МАВЛОНО ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ

hace 2 meses
hace 2 meses
hace 2 meses, 1 semana

آنچان را آنچنان خوانید، عزیزان.

hace 4 meses, 1 semana

ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ. ҲИКОЯТИ ДИГАР:
Яке аз акобири дин фармуда, ки: Ман дар ҳама умр бо касе некӯӣ накардаам. Мулозиме пурсид, ки: Аладдавом файзи эҳсону инъоми шумо ом асту бештари ин шаҳр мушғули ниаму маҳзузи карами шумоанд, маънии ин сухан, ки мефармоед, ки ман некӣ накардаам, равшан созед. Фармуд, ки: Рост гуфтам. Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло, дар каломи мӯъҷазнизоми худ бад-ин ваҷҳ гуфта, ки: “Ин аҳсантум аҳсантум ли ‘анфусикум” агар некӯӣ кунед, некӯӣ карда бошед бо нафсҳои худ. Бас, чун хоссийяти эҳсон роҷеъ бо нафси ман аст, бас ман некӯӣ бо нафси худ карда бошам ва дар ҷониби бадӣ низ ҳамчунин аст: “Ва инна асо’тум фалаҳо”ва агар бадӣ кунед, бо нафсҳои худ кунед, чи уқубати он ҳам ба шумо бозгардад. Байт**:

Ки некӯӣ накуӣ оварад пеш,
Агар бад мекунӣ, бад оядат пеш. ЭЗОҲ:
“إِنْ أَحْسَنتُمْ أَحْسَنتُمْ لِأَنفُسِكُمْ... ”
(Агар некӣ кунед, барои хеш некӣ кардаед) [Исро – 17, ояти 7]“...وَإِنْ أَسَأْتُمْ فَلَهَا...”
(...Ва агар бадӣ кунед, пас барои он аст...) [Исро – 17, ояти 7]
Дар нусхаи Б нахуст ин байт омада:
Накӯӣ кун чу акнун медиҳад даст,
Бадӣ бигзор, агарчи қудратат ҳаст).

@tojik

hace 4 meses, 1 semana

ҲУСАЙН ВОИЗИ КОШИФӢ. ЯК ҲИКОЯТ:
Овардаанд, ки бародари Султон Маҳмуди ғозӣ ғуломеро аз бандагони дирамхарида, ки аз вай гуноҳи азим дар вуҷуд омада буд, бифармуд, то дар пеши вай фурӯ кашиданд ва чӯб заданд. Ғулом ба тазаллум ба даргоҳи султон омад. Султон дарҳол амр кард, то таблу нақора ва кӯсу аламу тамомии асбоби салтанат ба дари хонаи бародараш бурданд. Бародар чун он ҳол мушоҳида намуд, аз ғояти хавфу изтироб бе таваққуф ба даргоҳи султон омад ва сари ниёз бар замини хузӯъ ниҳоду гуфт: Аз банда чӣ гуноҳ содир шудаву кадом ҷарима воқеъ гашта, ки мӯҷиби ин бошад*? Султон фармуд, ки: Агар салтанат ҳаққи ман аст, ту бо фурӯ кашидани ғулом ва чӯб задан чӣ кор дорӣ? Боистӣ, ки он ҳолат ба назди ман расидӣ, то тафаҳҳус кардаме ва нагузоштаме, ки аз молик ба мамлук ҳайф равад ва на аз мамлук бар молик. Ва Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло, бандагонро ба ман супурда, ҷавоби он маро бояд гуфт, на туро! Баъд аз он ба шафоати бисёр бародарро афв фармуд. Байт:

Сиёсат нашояд зи корогаҳон,
Ки он хос бошад ба шоҳаншаҳон.
Далерӣ макун бар дари шаҳриёр,
Муҳиммоти шоҳон бад-эшон гузор.

ЭЗОҲ:
Хузӯъ – тавозӯъ, фурӯтанӣ
*Дар нусхаи Б ин ҷумла илова шуда: Ки султон асбоби салтанат ба дари хонаи банда фиристад.
@tojik

hace 4 meses, 1 semana

ҲИКОЯТИ ДИГАР:
Овардаанд, ки подшоҳе бо яке аз мулозимони худ гуфт, ки: Сирре бо ту хаҳам гуфт, бояд ки ба кас магӯӣ! Гуфт: Нагӯям! Подшоҳ гуфт: Ман аз бародари худ андешанокам, пеш аз онки аз ӯ қасде зоҳир шавад, дар садади дафъи ӯ мебошам: бояд ки ту пайваста маро муҳофизат кунӣ! Он кас қабул кард ва фурсат талабида бо бародари вай бигуфт. Бародар аз вай миннатдор шуд ва гуфт: Ҳақ бар ман собит кардӣ, маро хабардор сохтӣ. Ӯ низ дар муҳофизати худ кӯшид. Қазоро бародараш вафот карду салтанат бад-ӯ расид. Филҳол, ки бар тахт нишаст, навкари бародарро талабид ва ҳукм кард, ки сарашро бибуранд. Гуфт: Эй малик, гуноҳи ман чист? Гуфт: Онки сирри бародарам фош кардӣ ва бо вуҷуди ин ҳама инъом, ки дар ҳаққи ту фармуда буду туро маҳрами асрори худ сохта, сири ӯро нигоҳ натавонистӣ дошт, маро бар ту ҳеч эътимод намонад. Бас, ӯро ба қатл расонид. Ва ба сабаби он ки роз напӯшид, дар вартаи ҳалок афтод. Байт:

Ба пири майкада гуфтам, ки чист роҳи наҷот?
Бидод ҷоми маю гуфт: Роз пӯшидан.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
@tojik

hace 4 meses, 1 semana

https://t.me/jahonitojikon_group
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракатуҳ!
https://t.me/jahonitojikon_group

We recommend to visit

Воқеа ва ходисага гувоҳ бўлсангиз бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз
👉 @Dunyo_tvbot


Реклама хизмати: @DT_REKLAMA

(© Биз юртдошларимизга энг сўнгги янгиликларни тезкорлик билан маълумот бериш учун бор куч-ғайратимизни ишга солмоқдамиз! )

Last updated 2 months ago

Прилагаем все усилия, чтобы своевременно, удобно и быстро информировать соотечественников о последних новостях!

Быстрые видео, новости и на другие темы👉 @Dunyo_tvbot
.
.
.
@DT_REKLAMA

Last updated 1 month ago

Xorazm viloyatidagi birinchi raqamli, eng katta va eng ommabop axborotlarni yetkazib boruvchi @Xorazmliklar telegram kanaliga xush kelibsiz!

🔹 Instagram.com/XorazmliklarUz
🌐 www.Xorazmliklar.uz

📩 Xabar yuborish: @Xorazmlik_Bot

💰Reklama: @iKhorezm

Last updated 2 weeks, 1 day ago