Al Furqon || далелу роҳнамои мазҳаби ҳанафӣ.

Description
Эътиқодот. Ибодот. Муъомалот.

Барои Истифода ва бардошт аз матолиби ин саҳифа иҷозату изни ъом аст.

Барои дарёфти китобҳои Тоҷикӣ, ба ин саҳифа пайваст шавед:

https://t.me/kitobitojik
Advertising
We recommend to visit

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot

? Реклама: @YD_Reklama
??‍? Админ: @XokimBuva_ads

Last updated 2 months ago

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 2 months, 1 week ago

Kun.uz сайтининг расмий Telegram канали

O'zbekcha ? @kunuz
Русский ? @kunuzru
English ? @kunuzen
Тезкор ? @kunonline
Сайт: kun.uz
Реклама:
+998 78 113 10 10

Last updated 1 month, 2 weeks ago

2 months, 3 weeks ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Сиву якум гуноҳи кабира; Бепарвои ҳангоми пешоб кардан
Ки аз одати насоро аст

Худованд ﷻ мефармояд:

وَثِيَابَكَ فَطَهِّرۡ ﴿ ٤﴾

“Ва либосҳоятро покиза кун”.

[ Сураи 74. Муддассир, ояти 4]

Паёмбар ﷺ ҳангоме ки аз назди ду қабр мегузашт фармуд:

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: إِنَّهُمَا يُعَذَّبَانِ، وَمَا يُعَذَّبَانِ فِي كَبِيرٍ، أَمَّا أَحَدُهُمَا فَكَانَ لَا يَسْتَنْزِهُ مِنْ بَوْلِهِ، وَأَمَّا الآخَرُ فَكَانَ يَمْشِي بِالنَّمِيمَةِ.
Соҳибони ин ду қабр азоб дода мешаванд ва сабаби азобашон кори бузурге набуд (ки натавониста бошанд аз он парҳез кунанд) яке аз онҳо дар пешоб кардан беиҳтиёти мекард ва дигаре хабаркаши мекард.

[ Саҳеҳи Бухори, рақами 216, Саҳеҳи Муслим, рақами 292]

Аз Анас (разияЛЛаҳу анҳу) ривоят аст ки Паёмбар ﷺ фармуд:

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: تَنَزَّهُوا مِنَ البَوْلِ فَإِنَّ عَامَّةَ عَذَابِ القَبْرِ مِنْهُ.

Худро аз пешоб пок нигаҳ доред, ки бештар азоби қабр ба сабаби беиҳтиёти аз он аст.

[ Сунани Дори қутни 1/127]

Чунки касе ки бадану либоси худро аз пешоб покиза нигаҳ надорад, намозаш пазируфта намешавад.

2 months, 3 weeks ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Сиюм гуноҳи кабира; Хурдани гушти мурдор, хун ва гушти хук

Худованд ﷻ мефармояд:
قُل لَّآ أَجِدُ فِي مَآ أُوحِيَ إِلَيَّ مُحَرَّمًا عَلَىٰ طَاعِمٖ يَطعَمُهُۥٓ إِلَّآ أَن يَكُونَ مَيتَةً أَوۡ دَمًا مَّسفُوحًا أَوۡ لَحمَ خِنزِيرٍ فَإِنَّهُۥ رِجسٌ ﴿ ١٤٥﴾
“Эй Паёмбар! Бигу: дар ончи ки бар ман ваҳй шуда аст ҳеч чизи ҳароме намеёбам бар касе ки ғизо мехурад, ҷуз инки мурдор ё хуни ҷори шаванда ё гушти хинзир (хук) бошад ки инҳо палид ҳастанд”.

[ Сураи 6. Анъом, ояти 145]

Паёмбар ﷺ фармуд:

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: لَا يَدْخُلُ الجَنَّةَ لَحْمٌ نَبَتَ مِنْ سُحْتٍ، النَّارُ أَوْلَىٰ بِهِ.
Касе ки гушташ аз моли ҳаром руида бошад, ба биҳишт ворид намешавад ва ба оташ сазовортар аст.

[ Муснади Аҳмад 3/321, Мустадраки Ҳоким 3/479]

Бинобарин! Касе ки қасдан яке аз инҳое ки ёд шуд бидуни зарурат бихурад, пас у аз ҷумла муҷримон аст, гумон намекунам ки мусалмоне гушти хукро қасдан бихурад, мумкин аст зиндиқони “ҷабалия” ва “таёмина” ки аз ислом берун ҳастанд, чунин коре бикунанд.

[ Ду гуруҳ аз фирқаи Исмоилияи ботиния ҳастанд.]

Мусалмонон ба ин эътиқод ҳастанд ки гуноҳи хурдани гушти хук бештар аз ошомидани хамр (шароб) аст.

Бози кардан бо нарди ба иҷмоъи мусалмонон ҳаром аст.

[ Фатовои ҳинди 3/368, авҷазул масолик 15/89, ал муғни 9/170, ал ум 6/213]

Бар ҳаром будани он ин фармони Паёмбар ﷺ кофи аст ки фармуд:

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: مَنْ لَعِبَ بِالنَّرْدَشِيرِ، فَكَأَنَّما صَبَغَ يَدَهُ فِي لَحْمِ الخِنْزِيرِ وَدَمِهِ.

Касе ки бо нарди бози намуд, чунон аст ки дасти худро дар гушту хуни хук ранг карда бошад.

[ Саҳеҳи Муслим, рақами 2260]

Бидуни шак фуру бурдани мусалмон дасташро дар гушту хуни хук аз бози кардан бо нарди сангинтар аст, пас чи гумон дори дар мавриди хурдани гушти хук ва нушидани хуни он? Худованд ﷻ моро ба миннату фазли худ аз иртикоби чунин коре дар паноҳ оварад.

2 months, 3 weeks ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Бисту нуҳум гуноҳи кабира; Ҳалола кардан

Дар ҳадиси саҳеҳ ба ривояти АбдуЛлоҳ ибни Масъуд (разияЛЛаҳу анҳу) омада аст ки

أَنَّ رَسُولَ اللهِ ﷺ لَعَنَ المُحَلِّلَ وَالمُحَلَّلَ لَهُ.
Паёмбари Худо ﷺ муҳаллил ва маҳуллал лаҳуро лаънат карда аст.

[ Ҷомеъи Тирмизи, рақами 1120, Сунани Насои 6/149 Муҳаллил: марде ки зани се талоқаро барои шавҳараш ҳалол мекунад. Муҳаллал лаҳу: марде ки барои ҳалола кардани занаш рози шавад, токи дубора бо у никоҳ кунад. ]

Низ бо исноди хуб аз ҳазрати Али (разияЛЛаҳу анҳу) монанди ин ҳадис ривоят шуда аст.

[ Ҷомеъи Тирмизи, рақами 1119, Сунани ибни Моҷа, рақами 1935]

Аммо агар анҷом диҳандаи ин кори зишт (яъне ҳалола) муқаллиде бошад ки ба рухсати ақволи мазоҳиб рафтор карда бошад ва мамнуъияти ин амал барояш нарасида башад, умед аст ки Худованд ﷻ уро маъзур бидонад ва аз гуноҳи у бигзарад.

2 months, 4 weeks ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Бисту ҳаштум гуноҳи кабира; Марднумойи зан ва заннумойи мард

Худованд ﷻ мефармояд:

وَٱلَّذِينَ يَجتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلإِثۡمِ وَٱلفَوَٰحِشَ َ ﴿٣٧﴾

“Ва касоне ки аз гуноҳони кабира ва аз корҳои зишт мепарҳезанд”.

[ Сураи 42. Шуро, ояти 37]

لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ المُخَنَّثِينَ مِنَ الرِّجَالِ، وَالمُتَرَجِّلَاتِ مِنَ النِّسَاءِ.
АбдуЛлоҳ ибни Аббос (разияЛЛаҳу анҳумо) фармуд ки Паёмбари Худо ﷺ мардони заннумо ва занони марднуморо лаънат карда аст.

[ Саҳеҳи Бухори, рақами 5886]

Паёмбар ﷺ фармуд:

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: لَعَنَ اللهُ الرَّجُلةَ مِنَ النِّسَاءِ.

Худованд ﷻ занонеро ки худро ба мардон мушобеҳ менамоянд, лаънат карда аст.

[ Сунани Абу Довуд, рақами 4099]

لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ الرَّجُلَ يَلْبَسُ لِبْسَةَ المَرْأَةِ ، وَالمَرْأَةَ تَلْبَسُ لِبْسَةَ الرَّجُلِ.

Абу Ҳурайра (разияЛЛаҳу анҳу) фармуд ки Паёмбари Худо ﷺ мардеро ки либоси занона бипушад ва занеро ки либоси мардона бипушад, лаънат карда аст.

[ Сунани Абу Довуд, рақами 4098, Сунани Насои, рақами 9253]

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: صِنْفَانِ مِنْ أَهْلِ النَّارِ لَمْ أَرَهُمَا: قَوْمٌ مَعَهُمْ سِيَاطٌ كَأَذْنَابِ البَقَرِ يَضْرِبُونَ بِهَا النَّاسَ، وَنِسَاءٌ كَاسِيَاتٌ عَارِيَاتٌ، مَائِلَاتٌ مُمِيلَاتٌ، رُؤُوسُهُنَّ كَأَسْنِمَةِ البُخْتِ المَائِلَةِ، لَا يَدْخُلْنَ الجَنَّةَ، وَلَا يَجِدْنَ رِيحَهَا، وَإِنَّ رِيحَهَا لَتُوجَدُ مِنْ مَسِيرَةِ كَذَا وَكَذَا.

Ду гуруҳ аз аҳли дузах ҳастанд ки ман ононро то ҳол надидаам:
афроде ки тозиёнаҳое монанди думҳои гов ҳамроҳ доранд ки мардумро бо он мезананд ва заноне ки либос пушидаанд аммо бараҳнаанд, худ моил ба беҳаёи ҳастанд ва дигаронро ба беҳаёи моил мекунанд, сарҳояшон монанди куҳони шутурҳои ду куҳона аст, дохили биҳишт намешаванд ва на буи биҳиштро меёбанд, бо инки буи биҳишт аз масофати дуру дароз мерасад.

[ Саҳеҳи Муслим, рақами 2128 ]

وَقَالَ النَّبِيُّ ﷺ: أَلَا هَلَكَ الرِّجَالُ حِينَ أَطَاعُوا النِّسَاءَ.
Огоҳ бошед! Мардон вақте ҳалок шуданд ки аз занон фармонбардори карданд.

[ Муснади Аҳмад 5/45]

Зоҳир кардани зару зевар, тило ва марворид аз зери ниқоб ва истифода аз мушку анбар ва монанди ин атрҳо, пушидани либосҳои рангоранг ва кафшҳои зебо ва монанди инҳо ончи ки назари мардонро ҷалб мекунад, аз ҷумла корҳое аст ки боъиси лаънат мешавад.

3 months ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Бисту ҳафтумум гуноҳи кабира; Даюси (қавводи)

Худованд ﷻ мефармояд:

وَٱلزَّانِيَةُ لَا يَنكِحُهَآ إِلَّا زَانٍ أَوۡ مُشرِكٞۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱلمُؤۡمِنِينَ ﴿ ٣﴾
“Ва зани зинокорро ҷуз марди зинокор ё мушрик никоҳ намекунад ва ин кор бар муъминон ҳаром шуда аст”.

[ Сураи 24. Нур, ояти 3]

Аз Сулаймон ибни Билол аз АбдуЛлоҳ ибни Ясори аъраҷ аз Солим ибни АбдуЛлоҳ аз пдараш (разияЛЛаҳу анҳу) аз Паёмбар ﷺ ривоят карда ки фармуд:

قَالَ النَّبِيُّ ﷺ: ثَلَاثَةٌ لَا يَدْخُلُونَ الجَنَّةَ: العَاقُّ لِوَالِدَيْهِ وَالدَّيُّوثُ وَرَجُلَةُ النِّسَاءِ.
Се касе ҳастанд ки вориди биҳишт намешаванд: фарзанде ки нофармони падару модар бошад, даюс (ки ғайрат надошта бошад) ва зане ки худро ба мардон шабоҳат медиҳад.

[ Сунани Насои 5/80, муснади Аҳмад 2/69]

Исноди ин ҳадис саҳеҳ аст, магар баъзе гуянд ки: Солим ибни АбдуЛлоҳ аз падараш ибни Умар аз Умар (разияЛЛаҳу анҳумо) аз паёмбар ﷺ ривоят карда аст.

Бинобарин касе ки гумони зинокори ба ҳамсари худ дорад вале ба хотири муҳаббате ки ба он зан дорад, ё ба хотири ин ки зан бар у қарзе дорад ки у аз пардохти он оҷиз аст, ё ба хотири маҳрияи сангине ки дар зимма дорад ва наметавонад онро бипардозад, ё ба хотири фарзандони хурдсоле ки аз он зан дорад ва метарсад ки занаш уро назди қози бибарад ва аз қози бихоҳад то нафақаи фарзандонашро муъаян намояд ва аз бадкории занаш худро бе хабар нишон медиҳад, чунин шахсе пасттар (ва камтар) аз касе аст ки аз бадкории занаш хабар дорад ва ба он аҳаммият намедиҳад, ва касе ки ғайрату номус надорад дар у хайре нест.

5 months, 2 weeks ago

Оё шуморо хабар надиҳам аз бузургтарин гуноҳони кабира? Ин суханро се бор такрор намуд, Саҳобаи киром (разияЛЛаҳу анҳум) гуфтанд: бале эй Паёмбари Худо! Онҳазратфармуд: ширк овардан ба Худовнд, нофармонии падару модар, рови мегуяд: Онҳазрат ﷺ *такя карда буд, сипас нишаст ва фармуд: огоҳ бошед! Аз гуфтори зур (дуруғ) рови мегуяд: ин (сухан) ро онқадар такрор кард ки (ба худ) гуфтем ки кош хомуш мешуд (ва худро ба такрор заҳмат намедод).*
[ Саҳеҳи Бухори, рақами 2654]
Паёмбар ﷺ баён фармуд ки гуфтори дуруғ ва нофармонии падару модар аз бузургтарин гуноҳони кабираанд, дар сурате ки ин ду гуноҳ аз ҷумла ҳафт гуноҳи ҳалок кунанда зикр нашудаанд.

#Гуноҳони кабираhttps://t.me/alfurqon

5 months, 2 weeks ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Пешгуфтори нависанда

الحَمْدُ لِلَّهِ عَلىٰ الإِيمَانِ بِهِ وَ بِكُتُبِهِ وَ رُسُلِهِ وَ مَلَائِكَتِهِ وَ أَقْدَارِهِ، وَصَلَّى اللهُ عَلىٰ سَيِّدِنَا مُحَمَّدٍ وَ آلِهِ وَأَنْصَارِهِ، صَلَاةً دَائِمَةً تُحِلُّنَا دَارَ القَرَارِ فِي جِوَارِهِ.

Ин китоб дар шинохти гуноҳони кабира ба сурати иҷмоли ва тафсили муфид аст, Худованд ﷻ ба раҳматаш моро аз онҳо боз дорад, Худованд ﷻ мефармояд:

إِن تَجتَنِبُواْ كَبَآئِرَ مَا تُنهَوۡنَ عَنهُ نُكَفِّرۡ عَنكُمۡ سَيِّـَٔاتِكُمۡ وَنُدۡخِلكُم مُّدۡخَلًا كَرِيمًا﴿ ٣١﴾

“Агар аз кабоири ончи наҳй шудаед (яъне гуноҳони кабира) парҳез ва худдори кунед, гуноҳони (сағираи) шуморо меомурзем ва шуморо ба ҷойгоҳи нек (биҳишт) ворид мегардонем”.
[ Сураи 4. Нисо, ояти 31]
Худованд ﷻ бар асоси ин оят уҳдадор шуда аст, ки ҳар касе ки аз гуноҳони кабира парҳез кунад уро ба биҳишт ворид мекунад, дар дигар ҷой мефармояд:

وَٱلَّذِينَ يَجتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلإِثمِ وَٱلفَوَٰحِشَ وَإِذَا مَا غَضِبُواْ هُمۡ يَغفِرُونَ﴿ ٣٧﴾

“Ва (муъминон) касонеанд ки аз гуноҳони кабира ва корҳои зишт дури мекунанд ва чун хашмгин шуданд, мебахшанд”.
[ Сураи 42. Шуро, ояти 37]
Ва низ мефармояд:

ٱلَّذِينَ يَجتَنِبُونَ كَبَٰٓئِرَ ٱلإِثمِ وَٱلفَوَٰحِشَ إِلَّا ٱللَّمَمَۚ﴿ ... ٣٢﴾

“Касоне ки аз гуноҳони бузург ва корҳои зишт ҷуз лағзишҳои кучак парҳез мекунанд, Парвардигорат нисбат ба онон дорои омурзиши
фарохе аст”.

[ Сураи 53. Наҷм, ояти 32]
Паёмбар ﷺ фармуданд:

الصَّلَوَاتُ الخَمْسُ، وَالجُمُعَةُ إِلَى الجُمُعَةِ، كَفَّارَةٌ لِمَا بَيْنَهُنَّ، مَا لَمْ تُغْشَ الكَبَائِرُ.

Намозҳои панҷгона ва намози Ҷумъа то Ҷумъаи дигар, каффора ва пушонандаи гуноҳон ҳастанд то вақте ки шахс муртакиби гуноҳи кабира нашуда бошад.

Пас лозим донистем то дар бораи гуноҳони кабира барраси кунем ки онҳо чи гуноҳонеанд, то ки фарди мусалмон битавонад аз онҳо дури ҷуяд, пас аз барраси дарёфтем ки уламо дар бораи онҳо ихтилофи назар доранд, бархе гуфтаанд: онҳо ҳафт гуноҳ ҳастанд ва ба ин сухани Паёмбар ﷺ истидлол кардаанд:
اِجْتَنِبُوا السَّبْعَ المُوبِقَاتِ ...

Аз ҳафт гуноҳи ҳалок кунанда дури кунед, (сипас ин гуноҳонро ёд кард):
ширк, сеҳр (ҷодугари), куштани нафс, хурдани моли ятим, хурдани моли рибо, гурехтан аз майдони ҷанг ва туҳмат задан ба занони покдоман.

[ Саҳеҳи Бухори, рақами 2766]

Аз (АбдуЛлоҳ) ибни Аббос (разияЛЛаҳу анҳумо) ривоят аст ки фармуд: гуноҳони кабира аз ҳафт, ба ҳафтод наздиктаранд, бешак ин қавли ибни Аббос дуруст аст, дар ҳадиси ёд шуда ҳаср (ва муъаян кардани) гуноҳони кабира вуҷуд надорад, қавли мустанад дар ин бора ин аст ки ҳар кас муртакиби гуноҳи бузурге шуд ки ҳад ва уқубате дар ин дунё дорад, монанди қатл (куштан), зино, дузди, ё барои он ваъиде дар охират аз қабили азоб ё ғазаб ё таҳдид омада аст ва ё муртакиби он бар забони Паёмбарамон Муҳаммад ﷺ лаънат шуда бошад, қатъан он гуноҳ кабира аст.
Бархе аз гуноҳони кабира аз бархе дигар базургтаранд, магар намедонед ки Паёмбар ﷺ ширкро аз гуноҳони кабира шумурдаанд, бо инки муртакиби он дар дузах абади аст ва ҳечгоҳ бахшида намешавад, Худованд ﷻ мефармояд:

إِنَّ ٱللَّهَ لَا يَغۡفِرُ أَن يُشۡرَكَ بِهِۦ وَيَغۡفِرُ مَا دُونَ ذَٰلِكَ لِمَن يَشَآءُۚ ﴿ ٤٨﴾

“Худованд ﷻ *аз инки ба У ширк варзанд намебахшад ва ҷуз он барои ҳар кас ки бихоҳад мабахшояд”.*
Ва мефармояд:
إِنَّهُۥ مَن يُشۡرِكۡ بِٱللَّهِ فَقَدۡ حَرَّمَ ٱللَّهُ عَلَيۡهِ ٱلۡجَنَّةَ وَمَأۡوَىٰهُ ٱلنَّارُۖ ٍ﴿ ٧٢﴾

“Ҳамоно касе ки ба Худовандширк варзад, Худованд ﷻ *биҳиштро бар у ҳаром карда аст ва ҷойгоҳи у оташи (дузах) аст”.*
Пас лозим аст миёни ин нусус ҷамъ кард, Паёмбар ﷺ фармуданд:

أَلَا أُنَبِّئُكُمْ بِأَكْبَرِ الكَبَائِرِ؟ قَالَهَا ثَلَاثاً، قَالُوا: بَلىٰ يَا رَسُولَ اللهِ، قَالَ: الإِشْرَاكُ بِاللهِ، وَعُقُوقُ الوَالِدَيْنِ ، وَكَانَ مُتَّكِئًا فَجَلَسَ، فَقَالَ: أَلَا وَقَوْلُ الزُّورِ، فَمَا زَالَ يُكَرِّرُهَا حَتّىٰ قُلْنَا: لَيْتَهُ سَكَتَ.

5 months, 2 weeks ago

// Тарҷумаи китоби гуноҳони кабира //
Тарҷумаи ҳоли соҳиби китоб: Имом Шамсуддини Заҳаби

Ному насаб
Имом, Ҳофиз, муаррихи ислом, Шамсуддин Абу АбдуЛлоҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Усмон ибни Қоймоз ибни АбдуЛлоҳ Туркмани, Фориқи, Шофеъи, Димашқи, машҳур ба имом Заҳаби (раҳматуЛлоҳи алайҳи).

Ҷои пайдоиш ва зодгоҳ
Имом Заҳаби дар моҳи Рабиъул аввал соли 673 ҳиҷри, дар деҳаи “куфр батно” аз тавобеъи Ғутаи Димашқ, дар як хонаводаи Туркмани аз маволии қабилаи бану Тамим ки дар шаҳри “маёфориқин” аз машҳуртарини “Диёри Бакр” сукунат доштанд, чашм ба ҷаҳон гушуд.

Парвариш
Имом Заҳаби (раҳматуЛлоҳи алайҳи) дар хонаводаи аҳли илму дин павариш ёфт, хонаводааш уро барои фароигирии илм назди машоихи номдори Димашқ фиристоданд, дар кудаки аз дасти машоихи худ шаҳодатномаҳои илми дарёфт намуд, ҳануз ба 18 нарасида буд ки инояту алоқааш ба фарогирии илм комилан равшан ва ошкор гардид, ба ёдгирии илми қироъот ва ҳадис эҳтимом варзид, тезҳушии у дар муноқаша ва фаҳми масоил, тавони шугуфтангези у дар ҳифзу ёдовари, ҳиммати баланд дар дидор бо уламо ва мусофират дар талаби илм, уро ба ин самт кашид.
Барои ёдгирии илми қироъот ва ҳадис ба сурати шафоҳи (рубару) дар назди машоихи машҳури он замон дар дохили сарзамини Шом талош кард, сипас ба Миср ва Шом сафар кард ва барои расидан ба ин ҳадафи нек бештар шаҳрҳоро зиёрат намуд, то инки дар илмомузи овозааш дар ҷаҳони ислом печид, пас аз инки дар илми қироъот ба дараҷаи имом ва дар илми ҳадис ба дарҷаи ҳофиз расид ва дар нақди илми, олими барҷаста ва дар илми ҷарҳ ва таъдил соҳиби назари ҳуҷҷат гардид, толибони илм аз ҳар суй ба дидани у меомаданд.

Фаълият ва корнамаҳо
Имом Заҳаби дар Димашқ маносиби илмии мутаъаддиде бар уҳда дошт, аз ҷумла хитобат, тадрис ва шайхул-ҳадис дар марокизи ҳадисшиноси, дар дорул-ҳадиси турбати Умми Солиҳ, дорул-ҳадиси Зоҳирия, дорул-ҳадис ва Қуръон танкизия ва дорул-ҳадиси Фозилия.
Ин вазоиф уро аз таҳқиқ ва таълиф боз надошт, балки ба василаи навиштаҳо ва таълифоташ сарвати илмии бузург ва мубораке аз худ ба ҷой гузошт, ки шумораи онҳо ба 215 китоб мерасад, ки шомили мавзуъоти қироъот, ҳадис, мусталаҳул ҳадис, таърих, шарҳи ҳол, ақоид, усули фиқҳ ва илми бардагон (ғуломон) буда аст.

Ситоиши уламо
Шайххул ислом ибин Ҳаҷари асқалони (раҳматуЛлоҳи алайҳи) :
Ман оби замзамро ба ин ният нушидам ки дар қудрати ҳифз ба мартаби имом Заҳаби бирасам.
Ҳофиз ибни Касир (раҳматуЛлоҳи алайҳи):
Шуюх ва ҳофизони ҳадис ба имом Заҳаби хатм шудаанд.
Шогирдаш Тоҷуддин субуки (раҳматуЛлоҳи алайҳи) дар китоби “шазаротуз заҳаб” гуфта аст:
Устодамон Абу АбдуЛлоҳ, равшангар ва ганҷинае аст ки назире надорад, у марҷаъ ва ҳал кунандаи мушкилоти (илми) аст, дар ҳифз имоми дунё аст, дар лафзу маъно тилои замон аст, шайхи ҷарҳу таъдил аст ва марди мардон дар ҳар соҳа аст, гуё ҳамаи умматро якҷо ҷамъ карда, онгоҳ ба онон нигариста ва мисли як шахси ҳозир аз онон хабар дода аст.
Имом Ҷлолуддин Суюти (раҳматуЛлоҳи алайҳи) дар китоби “зайли тазкиратул ҳуффоз” гуфта аст:
Чизе ки ман мегуям ин аст ки акнун муҳаддисин дар илми риҷол (ровиён) шиноси ва дигар улуми ҳадис, ниёзманд ба чаҳор шахсиятанд, Муззи, Заҳаби, Эроқи ва ибни Ҳаҷар (раҳматуЛлоҳи алайҳим аҷмаъин).

Вафот
Имом Заҳаби дар авохири умраш нобино шуд ва ҳафт сол пас аз нобино шуданаш зиндаги кард ва шаби душанбе, севуми Зул қаъда, соли 748 ҳиҷри дори фоинро вадоъ гуфт ва дар қабристони Бобуси сағир дар Димашқ ба хок супурда шуд. (раҳматуЛлоҳи алайҳи)

#гуноҳоникабираhttps://t.me/alfurqon_tj

We recommend to visit

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot

? Реклама: @YD_Reklama
??‍? Админ: @XokimBuva_ads

Last updated 2 months ago

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 2 months, 1 week ago

Kun.uz сайтининг расмий Telegram канали

O'zbekcha ? @kunuz
Русский ? @kunuzru
English ? @kunuzen
Тезкор ? @kunonline
Сайт: kun.uz
Реклама:
+998 78 113 10 10

Last updated 1 month, 2 weeks ago