🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 2 weeks, 4 days ago
🕵🏻♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
🔞 КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot
💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻💻 Админ: @XokimBuva_ads
Last updated 3 days, 17 hours ago
🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!
🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 4 days, 11 hours ago
Дандонпизишки солхӯрда писарашро,ки ба наздикӣ донишгоҳро хатм карда буд, ба ҷойи худ гузошта,ба таътил рафт.
Вакте ки аз таътил баргашт, писараш фахркунон гуфт:
-Медонед, падар, ман яке аз мизоҷҳоятонро табобат кардам. Шумо сӣ сол боз дандони бемори ӯро мунтазам табобат мекардед Ман онро канда партофтам!
Инро шунида падар ба ғазаб омад:
- Оҳ, каллакаду! Ҳамон дандон буд,ки ман туро хонондам, мошин харидам, бӯстонсаро сохтам... Ту аҳмоқ бошӣ, онро канда партофтӣ?!
Аз ӯзбекӣ тарҷимаи Т.Шокиров.
https://t.me/jahonitojikon_group
Дар пойтахт имрӯз Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии "Китоби Душанбе" оғоз шуд.
Он ду рӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон давом мекунад.
Дар он амояндагони корхонаҳои табъу нашри кишварҳои ИДМ, инчунин Туркия, Эрон ва Чин иштирок менамоянд.
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
Пӯлод Толис (Тобистон).pdf
Садриддин Айнӣ - Дӯстон, арзи умедам бар нигори ман баред
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
Самарканд - 1890 год. Фотографии французского путешественника Поля Надара
Подпишитесь на https://t.me/KoriIsmat1917
“Бигзор, маро Шашмақом мӯя кунад…”
Ба https://t.me/KoriIsmat1917 обуна шавед
???
Ҳар қадар рост бигўӣ, ба хато мепечӣ,
Равӣ ҳар қадр ба боло, ба бало мепечӣ.
Дар ҷавонӣ ба қади сарви тару тозаи ёр,
Фасли пирӣ ба қади хушки асо мепечӣ.
Баъди бехешиву бекешиву хомандешӣ
Чун пушаймон шавӣ аз худ, ба худо мепечӣ.
З-осмон дастату поят зи замин канда шавад,
Аз ҷазо гар бигурезӣ, ба қазо мепечӣ.
Гар насўзӣ ба ғами халқ, бисўзад гўрат,
Шодии халқ нахоҳӣ, ба азо мепечӣ.
Ба ту мегўяму бар хешу ба ҳар каҷрафтор:
Аз раҳи рост бароӣ, ба куҷо мепечӣ?
Лоиқ Шералӣ
Беҳ аз ман кас андар ҷаҳон айби ман,
Надонад ба ҷуз Олим-ул-ғайби ман.
Ба маҳшар гувоҳи гуноҳам гар Ӯст,
Зи дӯзах натарсам, ки корам накӯст.
Саъдӣ
Қиссаи мулоқоти Озарахш бо Маҷнун
Як саҳар Маҷнун сари роҳам гирифт,
Аз гиребони саҳаргоҳам гирифт
Гуфт:,,Эй оворамарди пурмағал,
Тӯшаат ҳангомаву байту ғазал
Инчунин кибру ғурурат аз куҷо,
Ғамнавозиву сурурат аз куҷо?!
Зарраӣ, ҳампои дунё метапӣ,
Қатраӣ, бо набзи дарё метапӣ
Ишқ мегӯиву мастӣ мекунӣ,
Ёргӯён худпарастӣ мекунӣ
Розҳоят дар забони ошиқон,
Ҳамкаломи лоиқу нолоиқон
Шеъри ту ранҷи дили шабҳои ман,
Вирдгардон дар лаби Лайлои ман
Бо чунин овозаву созу сиришт,
Ҳеҷ медонӣ, ки дарди ишқ чист?
То фалак бонги диро бардоштӣ,
Меҳнати роҳи муҳаббат доштӣ?
Толибӣ, ё ошиқӣ, ё шоирӣ,
Аз кадомин дудмон ёдоварӣ?!''
Гуфтамаш, Маҷнуни ҷонбозон, салом,
Дар вуҷудат гардиши гардун ғулом
Номи ту сарномаи сад достон,
Шуҳратат аз бостон то бӯстон
Қаҳрамони қиссаи соҳибдилон,
Орзуи дилбарону хушгилон
Ман суханпардози номӣ нестам,
Гарди домони Низомӣ нестам
Дар сифоти ту надорам ҳарфи ноб,
Чун Ҳилолӣ дилкашу олиҷаноб
Лек аз сӯи Худованди назар
Як навоям ҳаст дар ҷону ҷигар
Мезанад мизроб бар тори вуҷуд,
Бо дурахшу бо сафову бо суруд
Он нафас дар қолаби худ нестам,
Ҷуз паёме дар лаби худ нестам
Мекунам парвоз то авҷи фалак
Бехабар аз мансаби мулку малак
Лаб ба лаб бо ишқи дунёи худам,
Волаву маҷнуни Лайлои худам
Толибам, ё ошиқам, ё шоирам,
Аз ҳама девонаву маҷнунтарам''
Дасти Маҷнун аз гиребон канда шуд,
Ашкрезон маст андар ханда шуд
Бозгашту домани саҳро гирифт,
Нолае бар лаб зи байти мо гирифт:
''Лаб ба лаб бо ишқи дунёи худам,
Волаву Маҷнуни Лайлои худам!''
Озарахш
🔞КАТТАЛАР УЧУН!
🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 2 weeks, 4 days ago
🕵🏻♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
🔞 КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_bot
💰 Реклама: @YD_Reklama
🧑🏻💻 Админ: @XokimBuva_ads
Last updated 3 days, 17 hours ago
🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!
🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 4 days, 11 hours ago