Хусрав Саъдуллоҳ خسرو سعد الله

Description
We recommend to visit

🔞КАТТАЛАР УЧУН!

🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 4 days, 2 hours ago

🕵🏻‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

🔞 КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

💰 Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 3 weeks, 5 days ago

🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!

🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 3 weeks, 1 day ago

2 months, 3 weeks ago
**МЕЪМОРИ ШЕЪР

**МЕЪМОРИ ШЕЪР

Ба шоираи рангинхаёл Фарзонаи ХУҶАНДӢ

Дар ҳоли рӯъё бар кафам девони худро дод ӯ,
Садҳо дари андешаро дар як замон бикшод ӯ.

Дар сатрҳояш ҷо гирифт афсуни алфози дарӣ,
Ҳар дам фаротар меравад то қуллаи эҷод ӯ.

Номаш гиромӣ доштам, арзандаи ҳар васф шуд,
Дар роҳи қудсии сухан бошад маро устод ӯ.

Бедори ишқ асту ҷунун, то умқи матлаб меравад,
Меъмори шеър асту зи нав кохе кунад бунёд ӯ.

Бо боли ҷуръат меравад бар боми маъниҳои бикр,
Шояд ки моро ҳам диҳад бар кӯйи ҳарф иршод ӯ.

Чун роҳро тай мекунад бо корвони вожаҳо,
Оинаро сайқал диҳад аз мавҷи истеъдод ӯ.

@ Хусрав**https://t.me/xusravsadullo

3 months, 3 weeks ago

**ВАСФИ МУАЛЛИМ
(Дубайтиҳо)

Алифборо ба дасти ман ниҳодӣ,
Ба рӯям сад дари маънӣ кушодӣ.
Нахустустоди ман, дар ҳар ду олам
Бароят сабз гардад барги шодӣ!

Муаллим раҳнамои беҳтарин шуд,
Ба ангушти дилаш дониш нигин шуд.
Чу роҳи растагорӣ менамояд,
Сазовори ҳазорон офарин шуд.  

Муаллим ҷом бошад, бода – дониш,
Муаллим шоиру сарвода – дониш.
Барои ташнагони Замзами дил
Муаллим бо садоқат дода дониш.

Китоби ҳикмату маъно муаллим,
Чароғе дар раҳи фардо муаллим.
Ба нерӯе, ки дорад дар бисоташ
Ҷаҳонеро кунад эҳё муаллим.

© Хусрав**

https://t.me/xusravsadullo

3 months, 3 weeks ago

**МУАЛЛИМ - ҚУВВВАИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Гар муаллим набуд дар олам,
Хештанро намешинохт одам.

Панҷоҳ дарсади тамоми муваффақияти инсонҳо маҳз ба хидмати устоду муаллим вобастагӣ дорад. Ӯ на танҳо шогирдонро ба таълим фаро мегирад, балки тарбия ҳам мекунад. Дар ниҳоди инсонҳо хоҳиши инсони комил шуданро бедор мекунад ва тақвият мебахшад. Дар маркази осори бузургони фарҳанги мо консепсияи инсони комил меистад. Маҳз, тарғибу ташвиқи муаллим сабаб мешавад, ки ҷавонон барои камолоти хеш саъю ҳаракат карда, ба комёбӣ ноил мегарданд. Дар ҳар куҷое муаллими фидоӣ ҳаст, он ҷо машъали илму фарҳанг фурӯзон мегардад, дар ҳар куҷое таълиму тарбияи босифат ҳаст, он ҷо пешравиҳои назаррас ба чашм мерасанд. Муаллим танҳо чанд нафарро не, балки халқу миллатро тарбия мекунад ва рӯҳи худшиносиро дар байни ҷомеа ба вуҷуд меорад. Хушбахтии башарият ин аст, ки аз соати муқаддасе ба номи "дарс" оқилона истифода кардааст. Натиҷаи ҳамин аст, ки имрӯз дар пешрафти тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузургони зиёдро мушоҳида мекунем. Муаллим воқеан, бузургтарин масъулиятро ба дӯш дорад, ӯ Имоми Аъзамро ба камол расонд, то ки ниятҳои намозро ба мо осон кард, Хоразмиро таълим дод, то ки фанни ал-ҷабрро асос гузошт, Ибни Синоро тарбия кард, то бароямон "Донишнома" навишт, Мавлавиро ёд дод, то дар диёри Рум "Маснавӣ"-ро эҷод кард. Бедилро водор намуд, то дар сарзамини Ҳинд беш аз 65 ҳазор байт ашъорашро рӯйи коғаз овард...
Бо як сухан метавон гуфт, ки муаллим қувваи пешбарандаи ҷомеа аст.
Иди муаллимон ва мураббиёнро ба якояки устодону омӯзгорони ҳамзабону ҳамдиёрамон шодбош мегӯем ва барояшон барори кору саломатии бардавом ва саодати абадӣ масъалат дорем.

Бо иродат Хусрав Саъдуллоҳ**https://t.me/xusravsadullo

5 months ago
10 months, 1 week ago

Наврӯзи ГУЛЗОД,
номзади илмҳои филология, дотсент

БА ШОГИРДАМ ХУСРАВИ САЪДУЛЛОҲ
Тифли уммедам сухан чун дурру гавҳар мезанад,
Нахли меҳраш дар вуҷудам решаву сар мезанад.

Гар фазо ҷавлонгаҳи боли каломаш ин саҳар,
Субҳи дигар  шуҳраташ тахти Сикандар мезанад.

Водии пурбодро бо сорбони орзу
Аз сари ҳиммат қадам мисли қаландар мезанад.

Роҳ дураш боду васли орзуҳо дам ба дам,
К-аз баҳораш бар хазонам мушку анбар мезанад.                                 

Нохудои киштии баҳри дамонро шавқи ишқ
Чун насими накҳате раҳ сӯйи Кавсар мезанад.

Дар тариқи ишқ, Хусрав, мон чу Гулзод устувор,                                
Ин нишонат дар дили нокомӣ ханҷар мезанад.

https://t.me/xusravsadullo

12 months ago
[#Maqolalar](?q=%23Maqolalar)

#Maqolalar
**NUQTASIZ YOZILGAN QOʻLYOZMALAR
yoxud shonli oʻtmishimiz pasporti hisoblanmish qadimiy manbalar haqida

Har bir xalq oʻz madaniyatiga ega. Ularning tafakkuri, dunyoqarashi, bilimi yozishmalar orqali bizgacha yetib kelgan. Qadimiy yozma manbalar buyuk tariximizning koʻzgusidir.
Bular orqali ulugʻ ajdodlarimiz tomonidan yaratilgan muhtasham adabiyot, sanʼat, madaniyat, ilm-maʼrifat obidasi haqida koʻp maʼlumotlarga ega boʻlamiz.
**
Maʼlumotlarga koʻra, Oʻzbekistondagi muzey, kutubxona, arxiv fondlar va boshqa tashkilotlarda 100 mingdan ziyod qadimiy yozma manbalar saqlanadi. Ular ichida qoʻlyozmalar, tarixiy hujjatlar va toshbosmalar bor. Shu jumladan, 40 mingdan koʻproq manbalarni qoʻlyozmalar tashkil etadi.

Manbalar ichida nuqtasiz yozilgan qoʻlyozmalar barmoq bilan sanarli boʻlsa ham, oʻsha davrning oʻziga xos yozish uslubidan dalolat beradi. Biz bunday manbalar orqali oʻrta asr olimlarining zakovati darajasi hamda kotiblarning xat koʻchirish mahoratidan xabardor boʻlishimiz mumkin. Bu usulda koʻchirilgan manbalarning ayrimlari mantiq ilmiga tegishli. Asl ajdodi bizning diyorimizdan chiqqan Mirzo Abdulqodir Bedilning devoni Markaziy Osiyoda sevib oʻqilardi. Bedilning ijodi hindiy uslubida yozilgani uchun uni tushunish qiyin kechadi. Bundan tashqari, Bedil devonlari, asosan, shikasta xatida koʻchirilgan edi. Shikasta xatini hamma ham oʻqiy olmasdi...

Batafsil: 👉 bukhari.uz/?p=33785&lang=oz

📝 Кирилл алифбосида ўқинг
Yaqinlaringizga ulashing!
🌐* bukhari.uz 💬 Telegram 📱 Facebook 📹 Instagram 💬Twitter 📹 YouTube 📹 TikTok 💬 OK 🌐*** Taplink

12 months ago

Унвони мақола: "Нуқтасиз ёзилган қӯлёзмалар" (Дастнависҳои бенуқта)

https://t.me/xusravsadullo

1 year, 3 months ago

ҲЕЧ КАС АЗ ПЕШИ ХУД ЧИЗЕ НАШУД...

Дар ҷамъият ҳар як нафар аз устоду муаллим дарс мегирад, таҷриба меомӯзад, баъд ба ягон комёбӣ ноил мегардад, вазир ҳам, шофир ҳам, муҳандис ҳам, чӯпон ҳам мадюни хидмати муаллим аст. Дар ҷомеае, ки муаллим қадру манзалати баланд дорад, пешравиву тараққиёт низ беш ба назар мерасад. Зеро муаллим чашми ҷамъият аст, агар чашм солим набошад, инсон самти роҳро гум мекунад.
Ба муносибати Иди муаллимон ва мураббиён якояки шумо устодону муаллимон ва мураббиёни арҷмандро шодбош мегӯям ва бароятон саломатии мустаҳкам, умри бобаракат ва комёбиҳои касбӣ таманно дорам. Дарси босифати муаллим мисли китобест хонданӣ. Ҳамин китобро ҳамеша қадр кунем ва муқаддас дорем.
Ид муборак бод!

Эй муаллим, ҳар каломи ту китоби ҳикмат аст,
Ҷавҳари андешаҳоят мисли тило қимат аст.

Бо алиф аз ростиву якдилӣ дам мезанӣ,
Ҳар варақ дарсе, ки мегӯӣ, паёми ваҳдат аст.

Дар дили мо ҳак намоӣ нақши бедориву нанг,
Сурмае, ки мекашӣ бар чашми ҷон, беминнат аст.

Чун ба самти илму ирфон муршиди раҳ мешавӣ,
То нафас боқист, ин шогирди ту дар хидмат аст.

Дар ту неруи бузурге ҳаст бо номи хирад,
Ганҷи дониш дар ниҳоди аҳли имон қудрат аст.

Бо чароғи маърифат, бо шамъи фарҳанги бузург,
Нур мепошӣ, ки ин хислат туро дар фитрат аст.

Ҳар гаҳе аз пеши мактаб бигзарам, ояд ба ёд
Дарсҳои ту, ки сартопо фурӯғи ҳиммат аст.

Ман ба поси ҳар сабақ беш  эҳтиромат мекунам,
Он ки ҳарфе ёд бидҳад, лоиқи сад ҳурмат аст.

@ Хусрав

https://t.me/xusravsadullo

1 year, 4 months ago
Дар озмуни "Барои Ватан зиндагӣ кунем" …

Дар озмуни "Барои Ватан зиндагӣ кунем" ҷиҳати ба забони тоҷикӣ тарҷума кардани ғазалҳои Заҳириддин Муҳаммад Бобур ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон дарёфт гардид.

https://t.me/xusravsadullo

1 year, 5 months ago
**16 август – Зодрӯзи Абӯалӣ ибни …

**16 август – Зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино

МАРДИ ҲАМАДОН**Марди ҳамадон буд, бирафту Ҳамадон зист,
Маҷмӯаи ҳикмат шуду пуршӯру тавон зист.

Ҳар кас, ки шавад огаҳи асрори камолаш,
Ангушти таҳайюр бигазад ин ки чӣ сон зист?

Ҳар шаб сари эҷод нишасту қаламе зад,
Ҳарчанд, ки бо дағдағаи подшаҳон зист.

Дар фалсафа бас нуктаи пурбор бигуфт ӯ,
Чун нуқтаи паргор дар он давру замон зист.

Дар илми табобат набувад кас ба мисолаш,
Оинаи таҳқиқ шуду оинасон зист.

“Қонун”-у “Шифо” хон, бикушо “Номаи дониш”,
То он ки бидонӣ чи бузурге ба ҷаҳон зист.

Ҳарчанд ба зудӣ пайи лаббайки аҷал рафт,
Бо дарди башар лек зиёд аз ҳамагон зист.

Хусрав https://t.me/xusravsadullo

We recommend to visit

🔞КАТТАЛАР УЧУН!

🇺🇿 ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:👉 @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 4 days, 2 hours ago

🕵🏻‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

🔞 КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

💰 Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 3 weeks, 5 days ago

🇺🇿 КАТТАЛАР УЧУН!

🌐 Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 3 weeks, 1 day ago