✏️ЧИ ЗЕБОСТ ВАҚТЕ ТАВҲИДРО МЕОМУЗИ

Description
We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 1 month ago

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

? Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

?? КАТТАЛАР УЧУН!

? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

1 week, 6 days ago

بِزينَـةِ الإيـمان، وَاجْـعَلنا هُـداةً مُهْـتَدين

Аллоҳумма би-ъилмика-л ғайба ва қудратика ъала-л халқи аҳйини ма ъалимта-л ҳайата хайран ли ва таваффани иза ъалимта-л вафата хайран ли. Аллоҳумма инни ас-алука хашятака фи-л-ғайби ва-ш-шаҳадаҳ. Ва ас-алука калимата-л-ҳаққи фирризо ва-л-ғазаб. Ва ас-алука-л қасда фи-л-ғина ва-л-фақр. Ва ас-алука наъиман ла янфад. Ва ас-алука қуррата ъайнин ла танқатиъ. Ва ас-алука-р-ризо баъда-л-қазо. Ва ас-алука барда-л-ъайши баъда-л-мавт. Ва ас-лука лазата-н-назари ила ваҷҳика ва-ш-шавқа ила лиқоиқа фи ғайри зарроа музирраҳ. Ва ла фитнатин музиллаҳ. Аллоҳумма заййинна бизинати-л-имани ваҷъална ҳудатам муҳтадин. (Насоӣ 4/54,55)

Парвардигоро, васила меҷуям ба ъилми ғайбат ва қудратат бар халқ, ки зинда нигаҳдорӣ маро, то вақте ки медонӣ зиндагӣ бароям беҳтар аст. Ва бимирон маро ҳангоме, ки медонӣ вафот бароям беҳтар аст. Парвардигоро, аз ту мехоҳам, ки дар ниҳону ошкоро фурутан бошам. Ва аз ту мехоҳам сухани ҳақ гуфтан ҳангоми хушнудӣ ва хашм. Ва аз ту масъалат дорам миёнравиро дар тавонгарӣ ва тангдастӣ. Ва аз ту мехоҳам неъмате, ки аз байн наравад. Ва чашмрушание, ки поён наёбад. Ва хушнудӣ баъд аз ҳукумат. Ва аз ту мехоҳам зиндагии гувороро баъд аз марг. Ва аз ту мехоҳам лаззати нигаристан ба руятро ва шавқи дидори ту бидуни муптало шудан ва мусибати музир ва фитнаи гумроҳкунанда. Парвардигоро, моро ба зиннати имон биёрой ва моро аз ҳидоят диҳандагон ва ҳидоятёфтагон бигардон.

اللّهُـمَّ إِنِّـي أَسْأَلُـكَ يا اللهُ بِأَنَّـكَ الواحِـدُ الأَحَـد ،الصَّـمَدُ الَّـذي لَـمْ يَلِـدْ وَلَمْ يولَدْ، وَلَمْ يَكـنْ لَهُ كُـفُواً أَحَـد ، أَنْ تَغْـفِرْ لي ذُنـوبي إِنَّـكَ أَنْـتَ الغَفـورُ الرَّحِّـيم

Аллоҳумма инни ас-алука ё Аллоҳу би-аннака-л-воҳиду-л-аҳадус-самаду-л-лази лам ялид ва лам йулад ва лам яку-л-лаҳу куфуван аҳад, ан тағфира ли зунуби иннака анта-л-ғафуру-р-раҳим. (Нисоӣ 3/52)

Бор, Илоҳо, ман тавассул ба ин ки ту ягонаӣ ва шарике надорӣ ва бениёзе ҳастӣ, ки на зодааст аз ту касе ва на зоидашудаи аз касе ва набудааст барои у ҳамтое. Аз ту мехоҳам, ки биёмурзӣ гуноҳонамро, ҳар оина ту бисёр омурзанда ва бисёр меҳрубонӣ.

اللّهُـمَّ إِنِّـي أَسْأَلُـكَ بِأَنَّ لَكَ الْحَـمْدُ لا إِلـهَ إِلاّ أَنْـتَ وَحْـدَكَ لا شَـريكَ لَـكَ المَنّـانُ يا بَديـعَ السَّمواتِ وَالأَرْضِ يا ذا الجَلالِ وَالإِكْـرام، يا حَـيُّ يا قَـيّومُ إِنِّـي أَسْأَلُـكَ الجَـنَّةَ وَأَعـوذُ بِـكَ مِنَ الـنّار

Аллоҳумма инни ас-алука би-анна лака-л-ҳамда ла илҳа илла анта ваҳдака ла шарика лака ал-маннан ё бадиъа-с-самавати ва-л-арзи ё залҷалали вал икром ё ҳайю ё қаййуму, инни ас-алука-л ҷанната ва аъузу бика мина-н-нар. (Ибни Моҷа 2/329)

Парвардигоро, ба ростӣ ман аз ту дархост мекунам, зеро ҳеҷ маъбуде мустаҳиқи ситоиши барҳақ нест ба ҷуз ту. Ту яагонаӣ, нест шарике барои ту. Ту бисёр миннатгузорӣ.Эй офарандаи осмонҳо ва замин ва эй соҳиби бузургӣ ва бахшиш ва эй зинда ва эй тадбиркунанда аз ту биҳиштро мехоҳам ва аз дузах ба ту паноҳ мебарам.

اللّهُـمَّ إِنِّـي أَسْأَلُـكَ بِأَنَّـي أَشْـهَدُ أَنَّـكَ أنْـتَ اللهُ لا إِلـهَ إِلاّ أَنْـت ، الأَحَـدُ الصَّـمَدُ الَّـذي لَـمْ يَلِـدْ وَلَمْ يولَـدْ ، وَلَمْ يَكـنْ لَهُ كُـفُواً أَحَـد

Аллоҳумма инна ас-алука бианни ашҳаду аннака анталлоҳу ла илаҳа илла анта-л Аҳаду-с-Самаду-л-лази лам ялид ва лам йулад ва лам якуллаҳу куфуван аҳад. ( Абудавуд 2/62 ва Тирмизӣ 5/515)

Парвардигоро, ҳар оина ман аз ту масалат дорам, зеро ки шаҳодат медиҳам, ки ту Аллоҳ ҳастӣ ва нест маъбуди барҳақ, магар ту, ягона ва бениёз ҳастӣ, назодааст ва ту касе ва назоидашудаи ва касе ва набудааст барояш ҳамтое.

1 week, 6 days ago

🕯️30 Мусибате, ки РасулАллоҳ ﷺ аз Аллоҳи мутаъол паноҳ хостанд:

  1. Ширк
  2. Куфр
  3. Сахтии қалб
  4. Тарки ҳақ
  5. Мунофиқӣ
  6. Бахилӣ.
  7. Пирии фарсуда.
  8. Риё
  9. Мағлубият.
  10. Беқувватӣ
  11. Беэҳтиётӣ.
  12. Камбизоатӣ.
  13. Хори.
  14. Қарздорӣ
  15. Аз даст додани неъматҳо.
  16. Ғамгинӣ
  17. Ташвишӣ
  18. Бадӣ.
  19. Танбалӣ
  20. Тарсонагӣ
  21. Табиати бад.
  22. Ба хотири таърифи мардум дар бораи корҳои неки худ сухан гуфтан.
  23. Ороиши худнамои.
  24. Карӣ.
  25. Хомӯшӣ.
  26. Девонагӣ.
  27. Махав.
  28. Бемориҳои бад.
  29. Аз даст додани некӯаҳволӣ.
  30. Азоби ногаҳони ва ҳар чизе, ки боиси ғазаби Аллоҳи Мутаъол мегардад.

▫️Бародар ва хоҳари азизам моҳам бояд ин мусибатҳоро як чизи одди напиндорем ҳамеша дуо кунем ва паноҳ ба Аллоҳ бубарем аз ин мусибатҳо зеро баъзе инҳо дунёву охирати моро нобуд месозад (((   [Паноҳ ба Аллоҳ]

1 week, 6 days ago
2 months, 3 weeks ago
السلام عليكم ورحمة الله وبركاته

السلام عليكم ورحمة الله وبركاته
Дар гуруҳи хоҳарон суолу ҷавоб бо шайх Абу Муҳаммад Мадани حفظه الله ورعاه
шуруъ шуд дохил шавед ва суолҳои худро матраҳ кунед بارك الله فيكم

https://t.me/ahli_sunnat_wal_jamoat

3 months ago
Ин оят барои шахсоне ҳаст, ки …

Ин оят барои шахсоне ҳаст, ки фаромуш кардаанд марги худро қиёматро?

۞مِنۡهَا خَلَقۡنَٰكُمۡ وَفِيهَا نُعِيدُكُمۡ وَمِنۡهَا نُخۡرِجُكُمۡ تَارَةً أُخۡرَىٰ 

Шуморо аз замин офаридем ва ба он бозмегардонем ва бори дигар аз он берун меоварем.20:55?

3 months ago

(Зимистонтро ғанимат бидор!)Ривоят шудаст аз Паёмбар صلى الله عليه وسلم гуфтанд*:
(الشتاء ربيع المؤمن)
رواه البيهقي.

(Зимистон баҳори мӯмин аст).**

Паёмбар صلى الله عليه وسلم зимистонро баҳори мӯмин гуфтанд зеро дар зимистон рӯзҳо кӯтоҳ шабҳо дароз, дар рӯзҳо Мӯмин рӯза мегирад бе машаққат дар шабҳо хобро гирифта ва шаб зиндадори мекунад, на дар рӯз монда на дар шаб хоб нарафта, балки дар бӯстонҳои тоъат ва майдонҳои ибодат истироҳат мекунад.

Ҳазрати Умар رضي الله عنه фармуданд:
(الشتاء غنيمة العابدين).
حلية الأولياء .
(Зимистон ғанимати Обидҳост).

Ва инчунин ҳазрати Абӯ ҳурайра رضي الله عنه гуфтанд:
( ألا أدلُّكم على الغنيمة الباردة؟ قالوا: بلى، قال: الصيام في الشتاء).
لطائف المعارف.

(Оё шуморо далолат накунам ба ғанимати бе заҳмат гуфтанд бале, гуфт: рӯза гирифтан дар зимистон).

Зеро рӯзадор дар зимистон на ташнагиро эҳсос мекунад на гушнагиро.

Имом Ҳасани Басрӣ гуфтанд:
(نعم زمان المؤمن الشتاء ليله طويل يقومه، ونهاره قصير يصومه)
التهجد لابن أبي الدنيا.

(Беҳтарин замони Мӯмин зимистон аст шабҳояш дароз аст шаб зиндадори мекунад ва рузҳояш кӯтоҳ аст рӯза медорад)*

✍?https://t.me/tolibilmaa

3 months, 1 week ago

Рукнҳои ла илаҳа иллаллоҳ Ин ҷумла ду рукн дорад: 1)Инкор: Ла илаҳа - нест маъбуде барҳақ. Ла = нест. Илаҳа = маъбуде барҳақ. 2) Исбот: Иллаллоҳ - магар Аллоҳ. Илла = магар. Аллаҳ = Аллоҳ. Яъне ибодатро танҳо барои Аллоҳе, ки анбозе…

3 months, 1 week ago

Фазилат ва аҳаммияти тавҳид

  1. Тавҳид яке аз бузургтарин аркони Ислом аст

Тавҳид яке аз сутутнҳои бузурги Ислом ба шумор меравад, зеро бе иқрори ин тавҳид ва Аллоҳро барои парастиш пазируфтану ғайри ӯро инкор намудан, имкон надорад шахс мусалмон ҳисобида шавад.

Паёмбар ﷺ мефармояд: “Ислом ба панҷ рукн бино ёфтааст:

1) Гувоҳӣ додан ба ин ки ҳеҷ Маъбуде барҳақ вуҷуд надорад, магар Аллоҳ ва ин ки Муҳаммад ﷺ расули уст.
2) Барпо доштани намоз.
3) Пардохтани закоти мол.
4) Рузаи моҳи рамазонро доштан.
5) Ҳаҷи хонаи Аллоҳро ба ҷо овардан (албата, барои касоне, ки тавонашро дошта бошад).

  1. Тавҳид муҳимтарин аъмол ва аз воҷиботи аввалиндараҷа аст.

Тавҳид ба хотири манзалати бузург доштану аҳаммиятнокияш аз ҳамаи амалҳову машғулиятҳо аввалу муқаддам меистад. Ин аввалин каломест, ки шахс ба суи у даъват мешавад. Паёмбар ﷺ ҳангоме, ки Муозро ба Яман мефиристод, ба у гуфт:

«Ту назди қавме меравӣ, ки онҳо аҳли китобанд, пас аввалин чизе, ки он қавмро бояд ба он бихонӣ, ин гувоҳӣ додани онҳо ба ин аст, ки Худое магар Аллоҳ вуҷуд надорад» ва дар ривояти дигар «бояд ки Аллоҳро ба ягонагӣ бишносанд». (Ҳадиси муттафақун алайҳ)

  1. Ибодат қабул намешавад, магар бо тавҳид

Тавҳиди улуҳият шарти дуруст будани ибодат ва асоси қабули он аст. Ибодат, ибодат хонда намешавад, магар бо тавҳид. Ҳамон гуна, ки намоз бидуни таҳорат, намоз маҳсуб намешавад. Агар ширк дар эътиқод ворид шуд, ибодатро ботил месозад. Ҳамон тавре ки шиканандаи таҳорат ба миён биёяду таҳороатро бишканад. Ибодат бидуни тавҳид ширк маҳсуб шуда, тамоми амалҳоро нобуд месозад ва соҳибашро аз зумраи дӯзахиҳои ҷовидона мегардонад.

  1. Тавҳид дар дунёву охират сабаби осоиштагӣ ва ҳидоят аст.

Далели гуфтаи боло ин оят аст:

الَّذِينَ آمَنُوا وَلَمْ يَلْبِسُوا إِيمَانَهُم بِظُلْمٍ أُولَٰئِكَ لَهُمُ الْأَمْنُ وَهُم مُّهْتَدُونَ

«Касоне, ки имон овардаанд ва имони худро ба ширк намеолоянд, эминӣ аз эшон аст ва эшон ҳидоятёфтагонанд.» (Сураи Анъом: 82)

Мурод аз зулм инҷо ширк аст, ҳамон гунае, ки Паёмбар ﷺ баён намудааст:

Ибни Касир (рҳ) мегӯяд: «Аз мардумон онҳое, ки ибодатро холис аз барои Аллоҳ, ки анбозе надорад, анҷом доданд ва (дар ибодати худ касеро) ба Ӯ шарик насохтанд, онҳо рӯзи қиёмат дар амон буда ва роҳёфтагон дар дунёву охиратанд. Ҳарки тавҳиди комил дорад (Аллоҳро ба ягонагии том бишносад) ӯ дар амони комил ва ҳидояти комил қарор мегирад ва бидуни азоб дохили ҷаннат мегардад».

Ширк зулмтарини зулмҳо ва тавҳид адолаттарини адолатҳо мебошад.

?ام اسامه فارسی?

We recommend to visit

?КАТТАЛАР УЧУН!

?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!

Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot

Реклама: @SaraXabarda_reklama

Last updated 1 month ago

??‍♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!

? КАТТАЛАР УЧУН!

‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot

? Реклама: @Xokimbuvareklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago

?? КАТТАЛАР УЧУН!

? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!

Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...

Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot

☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama

Last updated 1 month, 3 weeks ago