?КАТТАЛАР УЧУН!
?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 1 month ago
??♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
? КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot
? Реклама: @Xokimbuvareklama
Last updated 1 month, 3 weeks ago
?? КАТТАЛАР УЧУН!
? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 1 month, 3 weeks ago
🦋
📌ҲЕҶ ГОҲ ДЕР НАХОҲАД ШУД!
Дар наздикии хонаи истиқоматии мо дар шаҳри Бруклини Иёлоти Ню-Йорк китобхонаи ҷамъиятӣ мавҷуд мебошад. Ман тахминан шояд дар як ҳафта 1 ё 2 маротиба бо онҷо барои мутолеъаи китобҳои тахассусиям меравам, чун он китобҳо хело гарон аст, имкони ҳамаи онҳоро харидорӣ намуданро надорам. Шояд ин рафту омади ман як солро дарбар гирад. Дар ин як сол бо баъзе инсонҳо, ки ба китобхона меоянд ва дар як толори хоҳиш нишаста китоб мехонем, ошно гаштам.
Аммо як марди хело кӯҳансол тӯли ин муддат диққати маро ба худ ҷалб мекард. Ӯ хело машғул ва гоҳо тӯда-тӯда китобҳо дар рӯйи мизаш ӯро панаҳ мекард, ки ба чашм ноаён мегашт. Ба худ гоҳо мегуфтам, ба ин мӯйсафед дигар чӣ лозим ин қадар китобу китобхонӣ? Чизе шудӣ, нашудӣ, акнун ҳамин қадар шудӣ, умрат ба ҷое расид, рафта боқимондаи ҳаётро истироҳат кунед, амакҷон.
Якчанд рӯз пеш дар гӯшаи қаҳвахонаи китобхона ё худ ҳамон “Coffee room”, ки одатан дар ин ҷо агар Шумо аз мутолеъаи китобҳо зеҳнатон афсурда гардад, бо нӯшидани қаҳва каме истироҳат хоҳед кард ва бадан боз ба кори худ идома медиҳед, тасодуфан бо он марди кӯҳансол, ки зеҳнамро хело ҷалб карда буд, ҳамсӯҳбат гардидам. Каме бо ҳам шиносоӣ пайдо намудем, аммо маро одати кунҷкобиям қарор нагузошт ва аз он пирамард пурсон шудам: “Чаро Шумо ин қадар машғули китобхонӣ ҳастед? Аз ҳамаи мутолеъачиён Шумо зиёдтар ба хондан машғул ҳастед ҳатто ба қаҳванӯшӣ рафта истироҳат намекунед. Оё Шумо омӯзгор ҳастед ва ё рисолаи илмӣ дифоъ мекунед?”
Хело хандаи баланд карду гуфт, “не, ман барои ба донишгоҳ дохил шудан омодагӣ мегирам”.
Ин гуфтаҳо маро дар тааҷҷуб гузошт. Фикр кардам бо хандаи Амрикоӣ гуфт, ки кори худатро куну биниятро нахалон ба кори дигарон.
Боз саволе ба зеҳнам омаду пурсон гаштам: “Шумо чандсола ҳастед?”
Марди кӯҳансол гуфт, “агар то баҳор зинда мондам, ба 82 солагӣ мерасам”.
Ин ҷавоб маро бори дигар қонеъ кард, ки ин марди кӯҳансол маро масхара мекунад, зеро дар ҷавоби ҳар саволам бо ханда ҷавоб медод. Аз ин рафтораш хело озурда гаштаму гуфтам, олим шудан осон, одам шудан қин-да ва ба кори худам машғул гаштам.
Аммо имрӯз вориди китобхона гаштам, ҳамаги ӯро табрику таҳният намуда барояш таманиётҳо баён доранд. Фикр кардам шояд зодрӯз дорад, зеро дар гӯшаи қаҳвахонаи китобхона шириноҳои оросташударо мушоҳида намудам. Ман ҳам хостам ба таманиётҳо пайваст гардам ва худро барои табрикоти зодрӯз омода кардам, аммо вақте дуруст диққат намудам, он пирамард зодрӯз не, балки дар 82 солагиаш боз донишҷӯи Донишгоҳи Фордҳами Иёлоти Ню-Йорк гардидааст.
Ин ҳодиса маро дар тааҷҷуб гузошт ва аз худ аз замин то осмон шарм кардам, ки ин пирамард дар 82-солагияш донишҷӯ гашту дар пайи илмомӯзӣ ҳаст, аммо мани ҳоло ба қавле ҷавон аллакай пир шудем ва майнаи сар дигар қабул намекунад, гуфта худфиребӣ карда гаштаам. Ҳатто ба китобхона гоҳо аз сари маҷбурӣ меоям.
Бовар кунед, хеле шарм кардам ва хостам бо Шумо ин ҳолатро дар миён гузорам, ки худфиребиро бояд канор гузошт, зеро барои муваффақ гардидан сину сол не, балки ирода ва талошу мақсад асос аст.
🦋
#Қиссаи_ҷолиб#
Зане дар бозор бо кӯзаи равған мегашт. Марди сарватманде бо ғуруру такаббур ва дар тан либосҳои гаронбаҳо аз наздаш мегузашт. Ногоҳ кӯза дар дасти зан ларзиду равған ба либосҳои мард рехт. Фиғони мард ба осмон печид:
- Эй зани беақл! Чӣ кор кардӣ? Медонӣ ин чӣ қадар арзиш дорад? Фавран ба ман пули онро бидеҳ!
Зани бечора гуфт:
- Ҷаноб, ман зани бенавое ҳастам ва пул надорам.
Мард гуфт:
- Ман коре надорам! Худи ҳозир ба ман 1000 динор арзиши либосҳоямро медиҳӣ!
- Ман ин миқдор пул надорам.
Мард гуфт:
- Ман коре надорам! Фавран 1000 динор пайдо кун!
Зани бечора ҳарчанд бо гиряву нола илтиҷо кард, вале қалби марди мағрур раҳме надошт.
Ин лаҳза ҷавоне ҳодисаро дида, назди мард омаду гуфт:
- Ҷаноб, ин зан бенаво аст, ӯро назди мардум шарманда мекунӣ. Ӯ аз куҷо 1000 динор ба ту медиҳад?
- Ман коре надорам! Фавран 1000 динор пайдо мекунад!
Пас ҷавон гуфт:
- Ман аз ҷониби ин зан медиҳам, бигир 1000 динор.
Мард пулро гирифту рафтанӣ шуд. Ҷавон ӯро садо кард:
- Қуҷо меравӣ?
- Ту чӣ кор дорӣ?
- Оё маблағи либосро гирифтӣ?
- Бале.
- Пас чаро либосро ба ман намедиҳӣ? Мехоҳӣ ҳам пул ва ҳам либосро бо худ барӣ?
Марди мағрур дар ҳайрат монд:
- Ман агар либосро бикашам, пас белибос чӣ гуна меравам?
Ҷавон гуфт:
- Ман коре надорам! Ман либосро харидам ва он аз ман аст. Ту чӣ мепӯшӣ, ба ман фарқе надорад. Худи ҳозир либосамро ба ман медиҳӣ.
Марди гуфт:
- Маро назди мардум шарманда мекунӣ?
Ҷавон гуфт:
- Ман коре надорам! Фавран либосамро ба ман медиҳӣ! Вагарна ба назди қозӣ мебарамат!
Аз ғуруру такаббури мард асаре намонда буд ва ба илтиҷо оғоз кард:
- Маро шарманда макун!
Вале ҷавон раҳму шафқат надошту такрор мекард:
- Ман коре надорам!
Пас мард гуфт:
- Бигир 1000 диноратро ва бирав.
Ҷавон гуфт:
- Мехоҳӣ либоси маро боз бихарӣ? Акнун нархи он 2000 динор аст. Хоҳӣ бихар, нахоҳӣ либосамро бидеҳ.
Мард ба фиғон омад:
- Чӣ гуна 2000? Ман бар ивази он 1000 гирифтам?
Ҷавон гуфт:
- Ман коре надорам! Хоҳӣ бихар, нахоҳӣ либосамро бидеҳ.
- Ин зулм аст.
- Акнун оид ба зулм сухан мекунӣ? Чаро ба ин зан зулм кардиву парвое накардӣ?
Пас мард хиҷолати зиёд кашиду маблағро ба ҷавон баргардонд ва аз зани бечора узр пурсид.
Фоидаҳои қисса:
- Ғуруру такаббур оқибат шармандагӣ меорад.
- Ба бечорагон дасти ёрӣ дароз кардан нишонаи ҷавонмардӣ мебошад.
- На ҳар чизро бо пул мешавад баркашид.
????
????
Вахте сторис мекни мардм мебинан меган чиба ика зики ика ть дунëра бад мебини не ма дунëра бад намебинм чун дунë хдш бадай вахте ки пушт надошта боши да пуштт хок мепошан вахте меафти даста не сурата мегиран пахш мекнан вахте касал да хона хоби хавар гирит намиëян ош хри миëян вахте фойдат набоша хох марди хох зан ай хона беруни даркор нести хичкада ба хаму хотир хар як инсон бояд ру пой хдш бошаву умед ба ягон зот набанда ва ай хдш намона мо бояд да помон рост бестем то ки шикастани мора хичка нафахма сарбаланди ва дили шод барой тамоми дустонам ???
ЗИНДАГИ КАРДАНРО АЗ КУДАКОН ОМУЗЕМ....
- Бе ягон сабаб таббасум мекунанд ;
- Агар афтиданд, дархол бармехезанд ва харакатро идома медиханд ;
- То он даме, ки чизи барои худ завковарро комилан наомузанд, ягон чиз садди рохи онхо шуда наметавонад ;
-Тарсро тамоман намедонанд ;
-Чанг карда, ранчонед хам, хафа намешаванд, кина намегиранд, зуд фаромуш мекунанд ;
- Бо як хадяи кучак хурсанд мешаванд ;
-Бехтарини бехтаринаш он чо, ки дуруг намегуянд ;
-Ва тез боваранд ;
-Хислатхои хуби инсони дар кудакиву дар кудакхо аст.
❤️❤️❤️❤️❤️
БОЗ ЯК РУЗЕ ГУЗАШТ АЗ УМРИ МО...
АЗ ВАРАКХОИ ЗАРРИНИ УМРИ МО ...
ШОМ ОМАД ПУРСИТОРА ДАР САМО...
УМРИ РИЗКУ ПОК АТО КУН БОЗ ХУДО...
???????????
ШОМАТОН БА ХАЙР БОШАД ДУСТОНИ ХУБАМ...❤️❤️
Дидӣ эй дил, оқибат захмат заданд,
Гуфта будам, мардумон инҷо баданд.
???????????????
Дидӣ эй дил, соқии ҷонат шикаст,
Он азизат аҳду паймонат шикаст.
???????????????
Дидӣ эй дил, дар ҷаҳон як ёр нест,
Ҳеҷ кас дар зиндагӣ ғамхор нест.
???????????????
Оҳ дидӣ, содагӣ ҷон додааст,
Ҷои худро гил ба симон додааст.
???????????????
Дидӣ охир ҳарфи ман бе ҷо набуд,
Аз барои ишқ инҷо ҷо набуд.
Навбаҳори умро дидӣ чӣ шуд?
Зиндагиро ҳеҷ фахмидӣ чӣ шуд?
????????????????
Дидӣ эй дил, дустиҳо бебаҳост
Камтарин чизе, ки меёби вафост.
Дидӣ ин гулҳо ҳама пажмурдаанд,
Рангҳо дар дуду сармо мурдаанд.
?????????????????
Оре, эй дил, зинда будан сода нест,
Байни одамҳо яке дилдода нест.
Бояд инҷо аз худ эй дил, гум шавӣ,
Оқибат ҳамранги ин мардум шавӣ
?КАТТАЛАР УЧУН!
?? ТВ-да кўрсатмайдиган ва халқга айтилмайдиган махфий янгиликларни ёритиб борамиз!
Янгиликлар бўлса бизга юборинг, биз каналга чиқарамиз:? @SaraXabar_Aloqabot
Реклама: @SaraXabarda_reklama
Last updated 1 month ago
??♂️ "ХОКИМ БУВА" нинг телеграмдаги расмий сахифаси шу, қолганлари фейк!
? КАТТАЛАР УЧУН!
‼️ Воқеа ёки ҳодисанинг гувоҳи бўлдингизми?
Унда бизга юборинг: @hokimbuva_murojaatbot
? Реклама: @Xokimbuvareklama
Last updated 1 month, 3 weeks ago
?? КАТТАЛАР УЧУН!
? Ўзбекистон ва Жаҳондаги муҳим воқеалар, энг тезкор ва махфий хабарлар!
Yaxshi Yomon - Бизни кузатиб боринг...
Воқеа ва ҳодисага гувоҳ бўлдингизми бизга юборинг: @YaxshiYomon_Bot
☎️ Реклама: @YaxshiYomonda_Reklama
Last updated 1 month, 3 weeks ago