DARULHADIS

Description
منهاج السنة النبوية

@omuzishiarabiy

@sharuramadon

@alazkarvadua


омӯзиши роҳи суннати пайғамбарӣ
We recommend to visit

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

?‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama? @activus_reclama

Last updated 1 year, 8 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 1 year, 8 months ago

1 year, 8 months ago

ҲАДИСИ ЁЗДАҲУМ ПАРҲЕЗ КАРДАН АЗ ЧИЗҲОИ ШУБҲАНОК

**الحـديث الحادي عشر

« دع ما يريبك إلى ما لا يريبك »

١١ — عَنْ أَبِي مُحَمَّدٍ الْحَسَنِ بْنِ عَلِيِّ بْنِ أَبِي طَالِبٍ سِبْطِ رَسُولِ اللَّهِ صلى الله عـليه وسلم وَرَيْحَانَتِهِ رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُمَا، قَالَ: حَفِظْت مِنْ رَسُولِ اللَّهِ صلى الله عـليه وسلم: « دَعْ مَا يُرِيبُك إلَى مَا لَا يُرِيبُك ».

رَوَاهُ التِّرْمِذِيُّ [رقم:٢٥١٨]، وَالنَّسَائِيّ [رقم: ٥٧١١]، وَقَالَ التِّرْمِذِيُّ: حَدِيثٌ حَسَنٌ صَحِيحٌ.

Аз Абу Муҳаммад Ҳасан ибн Алӣ ибн Абу толиб, писари духтари расули Аллоҳ ﷺ, ва хушбуяки у ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Аллоҳ ﷺ, (ин ҳадисро) ҳифз кардаам: «Раҳо кун он чиро, ки туро ба шубҳа меандозад ва бигир он чиро, ки туро ба шубҳа намеандозад [зеро дар ростӣ оромиши хотир аст ва дар дуруғ шакку шубҳа аст]».

Ин (ҳадис)-ро ат-Тирмизӣ 2518 ва ан-Насаӣ 5711 ривоят кардаанд. (Ат-Тирмизӣ) гуфтааст: ҳадиси ҳасану саҳеҳ аст.**

1 year, 8 months ago

ҲАДИСИ ДАҲУМ ДАР БАЁНИ САБАБҲОИ ИҶОБАТ НАШУДАНИ ДУО

**الحـديث العاشر «إن الله طيب لا يقبل إلا طيبا»

١٠ — عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ: قَالَ رَسُوْلُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: « إنَّ اللَّهَ طَيِّبٌ لَا يَقْبَلُ إلَّا طَيِّبًا، وَإِنَّ اللَّهَ أَمَرَ الْمُؤْمِنِينَ بِمَا أَمَرَ بِهِ الْمُرْسَلِينَ فَقَالَ تَعَالَى: « يَا أَيُّهَا الرُّسُلُ كُلُوا مِنْ الطَّيِّبَاتِ وَاعْمَلُوا صَالِحًا »، وَقَالَ تَعَالَى: « يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا كُلُوا مِنْ طَيِّبَاتِ مَا رَزَقْنَاكُمْ » ثُمَّ ذَكَرَ الرَّجُلَ يُطِيلُ السَّفَرَ أَشْعَثَ أَغْبَرَ يَمُدُّ يَدَيْهِ إلَى السَّمَاءِ: يَا رَبِّ! يَا رَبِّ! وَمَطْعَمُهُ حَرَامٌ، وَمَشْرَبُهُ حَرَامٌ، وَمَلْبَسُهُ حَرَامٌ، وَغُذِّيَ بِالْحَرَامِ، فَأَنَّى يُسْتَجَابُ لَهُ؟ ».

رَوَاهُ مُسْلِمٌ [رقم:١٠١٥].

Аз Абу Ҳурайра رضي الله عنه, ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ, гуфт: «Эй мардум, ҳамоно Аллоҳ пок аст ва ҷуз покӣ чизеро қабул накунад. Ба дурустӣ, Аллоҳ муъминонро бар он чи амр кардааст, ки паёмбаронро ба он амр карда буд. Ва Аллоҳ Таъала мефармояд: Эй паёмбарон аз покизаҳо бихуред ва корҳои шоиста бикунед, ки ман ба он чи анҷом медиҳед, огоҳам-[Муъминун, 23:51];
ва муъминон-ро фармуд:
Эй муъминон! Аз неъматҳои покизае, ки ба шумо рузӣ додаем, бихўред-[Бақара, 2: 172].
Сипас паёмбар ﷺ, мардеро зикр кард, ки сафари дурударозе мекунад, бо мўйҳои парешону гардолуд, дастонашро ба суйи осмон бардошта мегуяд: "Эй Парвардигори ман, Эй Парвардигори ман!" Дар ҳоле, ки таому шароб ва либосаш аз ҳаром буда ва аз ҳаром ғизо гирифтааст. Пас дар чунин ҳол чӣ гуна (дуои у) иҷобат мешавад?!»

Ин (ҳадис)-ро Муслим 1015 ривоят кардааст.**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ НУҲУМ АНДАР НАҲЙИ БИСЁР СУОЛ КАРДАН ВА САХТГИРӢ КАРДАН

الحــديث التـاسع

« ما نهيتكم عنه فاجتنبوه »

٩ — عَنْ أَبِي هُرَيْرَةَ عَبْدِ الرَّحْمَنِ بْنِ صَخْر رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ : سَمِعْتُ رَسُوْلَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُوْلُ : مَا نَهَيْتُكُمْ عَنْهُ فَاجْتَنِبُوْهُ، وَمَا أَمَرْتُكُمْ بِهِ فَأْتُوا مِنْهُ مَا اسْتَطَعْتُمْ، فَإِنَّمَا أَهْلَكَ الَّذِيْنَ مَنْ قَبْلَكُمْ كَثْرَةُ مَسَائِلِهِمْ وَاخْتِلاَفُهُمْ عَلَى أَنْبِيَائِهِمْ . [رواه البخاري ٧٢٨٨ ومسلم ١٣١٧]

Аз Абу Ҳурайра Абдурраҳмон ибн Сахр رضي الله عنه, ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Аллоҳ ﷺ, шунидам, ки мегуфт: «Он чи шуморо аз он наҳй кардаам, пас аз он дурӣ биҷуед ва он чи шуморо бар он амр кардаам, пас аз он ҳар қадар, ки тавонистед, иҷро бикунед. Ба дурустӣ, он умматонеро, ки пеш аз шумо буданд, саволҳои бисёрашон ва ихтилофашон бар паёмбарон ҳалок кардааст».

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 7288 ва Муслим 1317 ривоят кардаанд.**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ ҲАШТУМ ДАХЛНОПАЗИР БУДАНИ ХУНИ МУСУЛМОН ВА МОЛИ У

الحـديث الثـامن «أمرت أن أقاتل الناس»

٨ — عَنْ ابْنِ عُمَرَ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا أَنَّ رَسُوْلَ اللهِ صَلَّى الله عليه وسلم قَالَ :

أُمِرْتُ أَنْ أُقَاتِلَ النَّاسَ حَتَّى يَشْهَدُوا أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّداً رَسُوْلُ اللهِ، وَيُقِيْمُوا الصَّلاَةَ وَيُؤْتُوا الزَّكاَةَ، فَإِذَا فَعَلُوا ذَلِكَ عَصَمُوا مِنِّي دِمَاءَهُمْ وَأَمْوَالَـهُمْ إِلاَّ بِحَقِّ الإِسْلاَمِ وَحِسَابُهُمْ عَلَى اللهِ تَعَالىَ [رواه البخاري (٢٥) ومسلم(٢٢) ]

Аз ибн Умар رضي الله عنه, ривоят аст, ки расули Аллоҳ ﷺ, гуфт: «Ба ман фармуда шудааст, ки бо мардумон ҷанг кунам, то гувоҳӣ диҳанд, ки нест ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз Аллоҳ ва Муҳаммад расули Аллоҳ аст; ва то он, ки намоз барпо доранд ва закот бидиҳанд. Агар чунин кунанд, хунҳо ва молҳои худро аз ман боз хоҳанд дошт, магар он чи ба ҳаққи ислом собит шавад ва ҳисоби эшон бар Аллоҳи Таъалост.

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 25 ва Муслим 22 ривоят кардаанд.**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ ҲАФТУМ ДИН НАСИҲАТ АСТ

الحــديث السابع «الدين النصيحة»

٧ — عَنْ أَبِي رُقَيَّةَ تَمِيْم الدَّارِي رَضِيَ اللهُ عَنْهُ أَنَّ النَّبِيَّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ قَالَ: «الدِّيْنُ النَّصِيْحَةُ. قُلْنَا لِمَنْ؟ قَالَ: لِلَّهِ وَلِكِتَابِهِ وَلِرَسُوْلِهِ وَلأَئِمَّةِ الْمُسْلِمِيْنَ وَعَامَّتِهِمْ».

[رواه مسلم (٥٥)]

Аз Абу Руқайя Тамим ибн Авс ад-Дарӣ رضي الله عنه, ривоят аст, ки набий ﷺ, гуфт: «Дин(-и ислом) насиҳат аст». Гуфтем: "(Насиҳат) барои кист?" Гуфт: «(Насиҳат) барои Аллоҳ, барои Қуръон, барои расулаш ва барои пешвоёни мусулмонон ва барои оммаи онҳо».

[Мақсад аз насиҳат садоқату хайрхоҳист. Мусулмони асил дар муносибат ба Аллоҳ, ба китоби У, расули У, ба сарварони мусулмонон, умуман нисбат ба ҳамаи мусулмонон садоқату хайрхоҳӣ зоҳир менамояд, зеро чунин садоқат яке аз асосҳои муҳимтарини дини ислом аст].

Ин (ҳадис)-ро Муслим 55 ривоят кардааст.**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ ШАШУМ ДУРӢ ҶУСТАН АЗ МАКОНҲОИ ШУБҲАНОК

الحــديث السادس

« إن الحلال بين وإن الحرام بين »

٦ — عَنْ أَبِي عَبْدِ اللهِ النُّعْمَانِ بْنِ بَشِيْرٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا قَالَ: سَمِعْتُ رَسُوْلَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُوْلُ :

إِنَّ الْحَلاَلَ بَيِّنٌ وَإِنَّ الْحَرَامَ بَيِّنٌ وَبَيْنَهُمَا أُمُوْرٌ مُشْتَبِهَاتٌ لاَ يَعْلَمُهُنَّ كَثِيْرٌ مِنَ النَّاسِ، فَمَنِ اتَّقَى الشُّبُهَاتِ فَقَدْ اسْتَبْرَأَ لِدِيْنِهِ وَعِرْضِهِ، وَمَنْ وَقَعَ فِي الشُّبُهَاتِ وَقَعَ فِي الْحَرَامِ، كَالرَّاعِي يَرْعىَ حَوْلَ الْحِمَى يُوْشِكُ أَنْ يَرْتَعَ فِيْهِ، أَلاَ وَإِنَّ لِكُلِّ مَلِكٍ حِمًى أَلاَ وَإِنَّ حِمَى اللهِ مَحَارِمُهُ أَلاَ وَإِنَّ فِي الْجَسَدِ مُضْغَةً إِذَا صَلَحَتْ صَلَحَ الْجَسَدُ كُلُّهُ وَإِذَا فَسَدَتْ فَسَدَ الْجَسَدُ كُلُّهُ أَلاَ وَهِيَ الْقَلْبُ [رواه البخاري (٥٢) ومسلم (١٥٩٩)]

Аз Абу Абдуллоҳ ан-Нуъмон ибн Башир رضي الله عنه, ривоят аст, ки гуфт: аз Расули Аллоҳ ﷺ, шунидам, ки мегуфт: «Ба дурустӣ ҳалол ошкору равшан аст ва ба дурустӣ ҳаром ошкору равшан аст ва дар миёни ҳалолу ҳаром чизҳои шубҳаноке вуҷуд доранд, ки онҳоро бисёре аз мардум намедонанд. Пас ҳар ки аз чизҳои шубҳанок парҳез кунад, барои дину шарафи худ аз гуноҳ пок шавад. Ва ҳар ки дар шубҳаҳо афтад, монанди чупонест, ки шутурони худро дар гирди ҳарими дигарон мечаронад ва дур нест, ки дар он ҳарим дохил шуда бошад. Огоҳ бошед, ки ҳар подшоҳеро ҳаримест; огоҳ бошед, ки ҳарими Аллоҳ дар замин чизҳои ҳаромкардаи Уст; огоҳ бошед, ки дар бадан пораи гуште ҳаст, ки агар он дуруст шавад, тамоми бадан дуруст мешавад; ва агар он вайрон шавад тамоми бадан вайрон мешавад; огоҳ бошед, ки он гуштпора қалб аст».

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 52 ва Муслим 1599 ривоят кардаанд.**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ ПАНҶУМ ДАР БАЁНИ НАҲЙИ БИДЪАТ ОВАРДАН ДАР ДИН

الحـديث الخامس

«من أحدث في أمرنا هذا ما ليس منه فهو رد»

٥ — عَنْ أُمِّ الْمُؤْمِنِيْنَ أُمِّ عَبْدِ اللهِ عَائِشَةَ رَضِيَ اللهُ عَنْهَا قَالَتْ : قَالَ رَسُوْلُ الله صلى الله عليه وسلم :

مَنْ أَحْدَثَ فِي أَمْرِنَا هَذَا مَا لَيْسَ مِنْهُ فَهُوَ رَدٌّ. [رواه البخاري (٢٦٩٧) ومسلم (١٧١٨) .

وفي رواية لمسلم : مَنْ عَمِلَ عَمَلاً لَيْسَ عَلَيْهِ أَمْرُنَا فَهُوَ رَدٌّ ]

Аз модари муъминон Аиша رضي الله عنها, ривоят аст, ки гуфт:

Расусли Аллоҳ ﷺ, гуфт: «Ҳар касе ба ин кори мо (шариати исломӣ) чизи наве дохил кунад, ки аз он нест, он амр мардуд аст».

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 2697 ва Муслим ривоят кардаанд.

Ва дар ривояти Муслим 1718 чунин омадааст:

«Ҳар касе дар дини мо амалеро эҷод кунад, ки бар он амри мо нест, пас он амал мардуд аст».**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ ЧАҲОРУМ АМАЛҲО БО ХОТИМААШОН ВОБАСТААНД

الحـديث الرابـع

«إن أحدكم يجمع في بطن أمه»

٤ — عَنْ أَبِي عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَبْدِ اللهِ بنِ مَسْعُوْدٍ رَضِيَ اللهُ عَنْهُ قَالَ : حَدَّثَنَا رَسُوْلُ اللهِ صلى الله عليه وسلم وَهُوَ الصَّادِقُ الْمَصْدُوْقُ : إِنَّ أَحَدَكُمْ يُجْمَعُ خَلْقُهُ فِي بَطْنِ أُمِّهِ أَرْبَعِيْنَ يَوْماً نُطْفَةً، ثُمَّ يَكُوْنُ عَلَقَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يَكُوْنُ مُضْغَةً مِثْلَ ذَلِكَ، ثُمَّ يُرْسَلُ إِلَيْهِ الْمَلَكُ فَيَنْفُخُ فِيْهِ الرُّوْحَ، وَيُؤْمَرُ بِأَرْبَعِ كَلِمَاتٍ: بِكَتْبِ رِزْقِهِ وَأَجَلِهِ وَعَمَلِهِ وَشَقِيٌّ أَوْ سَعِيْدٌ. فَوَ اللهِ الَّذِي لاَ إِلَهَ غَيْرُهُ إِنَّ أَحَدَكُمْ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّةِ حَتَّى مَا يَكُوْنُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا إِلاَّ ذِرَاعٌ فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الْكِتَابُ فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ فَيَدْخُلُهَا، وَإِنَّ أَحَدَكُمْ لَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ النَّارِ حَتَّى مَا يَكُوْنُ بَيْنَهُ وَبَيْنَهَا إِلاَّ ذِرَاعٌ فَيَسْبِقُ عَلَيْهِ الْكِتَابُ فَيَعْمَلُ بِعَمَلِ أَهْلِ الْجَنَّةِ فَيَدْخُلُهَا. [رواه البخاري (٣٢٠٨) ومسلم (٢٦٤٣)].

Аз Абу Абдурраҳмон Абдуллоҳ ибн Масъуд رضي الله عنه, ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ ﷺ, ва у содиқ ва масдуқ аст, ба мо гуфт: «Ба вуҷуд овардани ҳар кадоми шумо дар батни модараш дар чиҳил руз ба таври оби манӣ воқеъ мегардад, пасон ба монанди ҳамон (миқдор) хуни баста мегардад, боз монанди ҳамон (миқдор) порчаи гўште мегардад. Сипас малоикае ба суйи у фиристода мешавад, пас вай руҳро дар он медамад, пас он (малоика) ба чаҳор чиз амр карда мешавад: ба навиштани ризқи он (шахс), муддати зиндагонии он (шахс), амали он (шахс) ва бадбахтӣ ё хушбахтии он (шахс). Қасам бар Аллоҳе, ки ҳеҷ маъбуде барҳақ ҷуз У нест, ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, то байни у ва байни биҳишт (масофаи) як оринҷ намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда, амали аҳли дузахро анҷом медиҳад, пас дар он дохил мешавад. Ба дурустӣ, яке аз шумо ҳатман амали аҳли дузахро анҷом медиҳад, то байни у ва байни дузах (масофае) намемонад, вале тақдираш бар вай сабқат карда амали аҳли биҳиштро анҷом медиҳад, пас дар он дохил мешавад.

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 3208 ва Муслим 2643 ривоят кардаанд.**

1 year, 8 months ago

**ҲАДИСИ СЕЮМ ДАР БАЁНИ АРКОНИ ИСЛОМ

الحـديث الثالث

«بني الإسلام على خمس»

٣ — عَنْ أَبِي عَبْدِ الرَّحْمَنِ عَبْدِ اللهِ بْنِ عُمَرَ بْنِ الْخَطَّابِ رَضِيَ اللهُ عَنْهُمَا قَالَ : سَمِعْتُ رَسُوْلَ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَقُوْلُ :
بُنِيَ اْلإِسْلاَمُ عَلَى خَمْسٍ : شَهَادَةُ أَنْ لاَ إِلَهَ إِلاَّ اللهُ وَأَنَّ مُحَمَّداً رَسُوْلُ اللهِ وَإِقَامُ الصَّلاَةِ وَإِيْتَاءُ الزَّكَاةِ وَحَجُّ الْبَيْتِ وَصَوْمُ رَمَضَانَ. [رواه البخاري (٨) ، ومسلم (١٦) ، والترمذي (2609) والنسائي (٨/١٠٧)]

Аз Абу Абдурраҳмон Абдуллоҳ ибн Умар ибн Хаттоб رضي الله عنهما, ривоят аст, ки гуфт: "Аз Расули Аллоҳ ﷺ шунидам, ки мегуфт: «Бунёди ислом бар панҷ (чиз) аст: гувоҳӣ додани он, ки нест маъбуде ба ҷуз Аллоҳ ва он ки Муҳаммад Расули Аллоҳ аст; ва барпо доштани намоз; ва додани закот; ва ҳаҷҷи Хона; ва рузаи моҳи Рамазон»".

Ин (ҳадис)-ро ал-Бухорӣ 8,4514 ва Муслим 16 ривоят кардаанд**

1 year, 11 months ago
We recommend to visit

Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.

?‍⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!

Reklama? @activus_reclama

Last updated 1 year, 8 months ago

Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...

Абу Али Ибн Сино

Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!

Реклама: @Dr_Ergashoff

Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot

Last updated 1 year, 8 months ago