Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.
🧑⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!
Reklama👉 @activus_reclama
Last updated 5 days, 8 hours ago
Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...
Абу Али Ибн Сино
Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!
Реклама: @Dr_Ergashoff
Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot
Last updated 6 days, 4 hours ago
Киссаи Модари бачакуш
Хабари якбора ду келин фотиҳа кардани Гулрезро шунида, кампири Салима ба хонаи ҳамсояаш ба муборакбодӣ рафт ва дар омади гап гуфт: «Духтарам якбора ду келин фаровардан хосияти хуб надорад, беҳтараш арӯсҳоро пасопеш дар ду ҳафта биёред, то ки ягон бадбахтӣ рӯй надиҳад». Гулрез маслиҳати кампири рӯзгордидаро «гапи куҳна» номида, аз пайи кори худ шуд ва тӯйи осмонкаф ороста, дар як рӯз ба хонааш ду келини нозанин овард. Ҳасан ҳамсоядухтарро нағз дида ба занӣ гирифту ба Ҳусейн аз ҳамсояқишлоқ духтаракеро келин карданд. Модар аз бахти писаронаш хурсанд буду худоро шукр мегуфт, ки хайрият ба зиндагияш ду писари охирашро ҳам бо дастони худаш хонаобод намуд. «Акнун мурам ҳам, беармон меравам»,-мегуфт, холаи Гулрез қаду басти писару келинҳояшро тамошокунон ва табассум мекард. Пештар ду писару чор духтарашро ҳамроҳи ҳамсари меҳрубонаш Раҷаб бо тӯю тамошо хонадор карда бошад ҳам, Гулрез ҳамеша дар орзуи дидани тӯйи домодии дугоникҳояш Ҳасану Ҳусейни қоматбаланду камонабрӯи мисли як себи дукафон ба якдигар монанд буд. Марги ногаҳонӣ якбора аз гиребони шавҳараш Раҷаб дошту ӯро бармаҳал аз зану фарзандонаш рабуд. Мардаки бечора баҳори панҷову ҳаштуми умрро аз сар мегузаронду дилаш якбора аз кор монд. Пас аз марги ногаҳонии падари фарзандонаш Гулрез дар ҳарос афтид. Вай метарсид, ки Худо накарда, ягон рӯз ӯ ҳам нохост мурда монад, писаронашро бе падару модар кӣ оиладор мекунад? Ҳамин савол Гулрезро шабу рӯз азоб медод, аз ҳамин хотир қарор дод, ки Ҳасану Ҳусейнро якбора хонадор мекунад. Модари ормоншикаста рӯзи дуюми тӯй бо хотири ҷамъ субҳи содиқ аз хоб бархоста ба даргоҳи Худованд намози шукрона хонд. Духтарҳою келинҳояш дар бадали чанд рӯзи тӯй аз ташвишҳои зиёди меҳмондорӣ хаста шуда, ҳоло масти хоб буданд. Холаи Гулрез худаш ҷорӯбро гирифта аз паси рӯбучини ҳавлӣ шуд. «Келинҳо ҳоло мисли меҳмонанд, бигзор ду-се ҳафта дам гиранд, баъд худашон аз паи корҳои хона мешудагистанд»,- мегуфт хушдомани хушбахт худ ба худ. Ҳамин вақт дари хонаи Ҳасан кушода шуд ва ҳамсоядухтар Шабнам тӯри ҳариру қоштиллои арӯсӣ дар сар аз дар баромад. Ҳавлӣ рӯфтани хушдоманашро дида, Шабнам се маротиба ба ӯ таъзим намуду сипас чолокона ҷорӯбро аз дасташ гирифта гуфт: -Холаҷон, илтимос дигар ҳеҷ вақт ин корро накунед! Мардум ба ҳоли мо механданд. Наход одам якбора ду келин биёраду худаш ҳавлӣ, рӯбад? Холаи Гулрез ба ақлу тамизи келинаш қоил шуда бо чеҳраи хандон ба хона даромад. Келини дигари Моҳбону қарибиҳои нисфирӯзӣ бедор шуда, чашмонашро молида- молида ба рӯи ҳавлӣ баромад. Шабнам аллакай ҳамроҳи авсунҳояш ҳама корҳоро ба анҷом расонида буд ва барои хӯрдани хӯроки нисфирӯзӣ дастурхон меорост. Онҳо сари як дастурхон нишаста таоми пухтаи арӯсакро баҳ-баҳкунон хӯрданд. Арӯси нодида Холаи Гулрез мушоҳида намуд, ки келини хурдӣ, Моҳбону ҳамеша дарашро қулф карда мемонад. Ҳусейн дар хона хоб бошад ҳам, Моҳбону баробари аз дари ҳуҷрааш берун шудан, калидро тоб дода, дарро маҳкам мекард. Хушдоман аз ин рафтори келин дар ҳайрат меафтид, чунки дар хонаи онҳо на ягон одами бегона буд, на кӯдаки хурдсоле, ки даромада чизу чораи арӯсро кобад ё беҷо кунад. Боре кампири ҳамсоя, момаи Салима шоҳиди ин рафтори арӯс гашта гуфт: -Гулрез, ин духтари нодидаро аз куҷо ёфтӣ? Магар келинат аз хонаи падараш хазинаи Амир Олимхонро ҳамроҳаш овардааст, ки дарро қулф карда, калидро ба кисааш мезанад?! Гӯй, ки минбаъд ин корро накунад! -Дар урфият мегӯянд, ки «чизатро ба ҷо мону ҳамсояатро дузд нагир», шояд ҳамин кораш беҳтар бошад,-даст афшонд холаи Гулрез. Аслан барои вай чандон аҳамият надошт, ки келинҳояш дарро қулф мекунанд ё не, зеро то зарураш нашавад, ба хонаи келинҳо намедаромад. «Зиндагияшон бо шавҳарҳояшон хуб бошад, кифоя аст»,- мегуфт холаи Гулрез ва ба ягон кори келинҳо дахолат намекард.
Давом дорад...
Фикрхои шуморо интизорам.Илтимос Реаксия моне дар Видиохои мепартофтаам
❤️?????⚡️❤️??
╔═┅۩۞۩ ✵ ❤️ ✵ ۩۞۩┅═╗
Дастнависи✍️ А ❤️
Суханхои Аламовар
╚═┅۩۞۩ ✵ ❤️ ✵ ۩۞۩┅═╝
Сизнинг соғлиғингизга ғамхўрлик қиладиган шифокорлар жамоаси. Тиббиёт ҳақида оддий сўзлар билан.
🧑⚕️Каналда берилган маълумотларни шифокор маслахати билан қўлланг!
Reklama👉 @activus_reclama
Last updated 5 days, 8 hours ago
Ваҳиманинг ўзи ярим касалликдир.
Ҳотиржамлик ярим соғликдир.
Сабр эса шифонинг бошланишидир...
Абу Али Ибн Сино
Каналда берилаётган маълумотларни шифокор маслаҳати билан қўлланг!
Реклама: @Dr_Ergashoff
Тиббий саволлар учун: @Tibbiyot_aloqabot
Last updated 6 days, 4 hours ago