Dive into the Ultimate Free Library: Your One-Stop Hub for Entertainment!

Qalam.taj

Description
🔳 Qalam.taj - Саҳифаи таълимӣ
🔳 Савганд ба қалам ва он чӣ менависанд. [68:1]

✓ Омӯзиши забони арабӣ
✓ Ҳадисҳои набавӣ
✓ Саволу ҷавоб
✓ Ақволи уламо
✓ Дарсҳои онлайнӣ
Advertising
We recommend to visit

Paid ads: https://telega.io/c/stalkerportall

Paid ads : https://adsly.me/@stalkerportall

Last updated 1 month, 1 week ago

https://t.me/joinchat/zX_QEb4T2VkxYjNi

Last updated 8 months, 1 week ago

SPORT2_tvning rasmiy kanali

https://uztv.tv/channels/sport1

Last updated 9 months, 1 week ago

1 week ago

•┈┈┈┈┈•✿🍀✿•┈┈┈┈┈•

«° https://t.me/qalamtaj °»

1 week ago

ОЯТИ ФАРЗ БУДАНИ ҲИҶОБ

Аллоҳ таъоло мефармояд:

يا أَيُّهَا النَّبِيُّ قُل لِّأَزْوَاجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَاء الْمُؤْمِنِينَ يُدْنِينَ عَلَيْهِنَّ مِن جَلَابِيبِهِنَّ ذَلِكَ أَدْنَى أَن يُعْرَفْنَ فَلَا يُؤْذَيْنَ وَكَانَ اللَّهُ غَفُوراً رَّحِيماً

Эй Паёмбар! Ба занонат ва ба духтаронат ва занони боимон бигӯ, ки рӯсариҳояшонро ба худ фурӯ пӯшанд. Ин наздиктар аст ба он ки шинохта шаванд ва озор набинанд ва Аллоҳ таъоло омурзандаи меҳрубон аст. (Аҳзоб: 59)

1 week, 2 days ago

Аз Абӯҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

صِنْفانِ مِن أهْلِ النَّارِ لَمْ أرَهُما، قَوْمٌ معهُمْ سِياطٌ كَأَذْنابِ البَقَرِ يَضْرِبُونَ بها النَّاسَ، ونِساءٌ كاسِياتٌ عارِياتٌ مُمِيلاتٌ مائِلاتٌ، رُؤُوسُهُنَّ كَأَسْنِمَةِ البُخْتِ المائِلَةِ، لا يَدْخُلْنَ الجَنَّةَ، ولا يَجِدْنَ رِيحَها، وإنَّ رِيحَها لَيُوجَدُ مِن مَسِيرَةِ كَذا وكَذا

Ду гурӯҳ аз дӯзахиёнро ҳанӯз ман надидаам. Гурӯҳе, ки тозиёнаҳое монанди думи гов дар даст доранд ва мардумро бо он мезананд. Гурӯҳи дигар заноне, ки зоҳиран либос пӯшидаанд, вале урён менамоянд (яъне, либоси баданнамо, танг ё шаффоф ё кӯтоҳ бар тан кардаанд). Бероҳагӣ мекунанд ва дигаронро низ ба каҷравӣ ташвиқ менамоянд. Сарҳояшон монанди кӯҳони шутур аст. Инҳо вориди биҳишт намешаванд ва ҳатто бӯи биҳиштро, ки аз фосилаи чандон ва чандон ба машом мерасад, намебӯянд. [ривояти Муслим: 2128]

2 months, 1 week ago
2 months, 1 week ago

ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - [19]

- РӮЗА ГИРИФТАН ДАР САФАР АМАЛИ НЕКЕ МАҲСУБ НАМЕШАВАД

Аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ ривоят аст, ки гуфт:

كَانَ رَسُولُ اللَّهِ ﷺ فِي سَفَرٍ، فَرَأَى رَجُلاً قَدْ اجْتَمَعَ النَّاسُ عَلَيْهِ، وَقَدْ ظُلِّلَ عَلَيْهِ

Дар яке аз сафарҳо расули Аллоҳ ﷺ мардеро диданд, ки мардум атрофи ӯ ҷамъ шуда ӯро зери соя гирифта буданд. Пурсиданд:

مَا لَهُ

Ӯро чи шудааст? Гуфтанд:

رَجُلٌ صَائِمٌ

Марди рӯзадор аст. Паёмбар ﷺ фармуданд:

لَيْسَ مِنْ الْبِرِّ أَنْ تَصُومُوا فِي السَّفَرِ

Рӯза гирифтан дар сафар кори хайр нест. [Ривояти Муслим: 1115 ва Бухорӣ: 1946]

2 months, 1 week ago
2 months, 2 weeks ago
2 months, 2 weeks ago

АДО НАМУДАНИ ҚАЗОИ (РӮЗАИ РӮЗҲОИ) РАМАЗОН ДАР РӮЗҲОИ ГУНОГУН ҲЕҶ БОНКЕ НАДОРАД

САВОЛ: 110
Марде қазои Рамазон дорад. Оё ҷоиз аст, ки қазои он рӯзаҳоро дар рӯзҳои гуногун адо намояд?

МАТНИ ҶАВОБ
Ҳамду сано барои Аллоҳ.
Бале, барои ӯ ҷоиз аст, ки қазоҳояшро дар рӯзҳои гуногун адо намояд, зеро Аллоҳ таъоло фармудааст:

ومَن كَانَ مَرِيضًا أَوْ عَلَىٰ سَفَرٍ فَعِدَّةٌ مِّنْ أَيَّامٍ أُخَرَ (البقرة: ١٨٥)

Ва ҳар кас бемор ва ё дар сафар бошад, бояд ба теъдоди рӯзҳои фавтшуда дар рӯзҳои дигар рӯза бидорад.(Бақара: 185)

Аллоҳ таъоло (дар ин оят) барои қазои рӯза пайдарпай буданро шарт накардааст.

Тавфиқ аз ҷониби Аллоҳ аст ва дуруду паёми Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад ва олу асҳоби ӯ бод.

Кумитаи доимӣ оид ба таҳқиқоти илмӣ ва фатводиҳӣ.
Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз. Шайх Абдурраззоқ Афифӣ. Шайх Абдуллоҳ ибни Ғадаён. Шайх Абдуллоҳ ибни Қаъуд.

[Фатово-л-лаҷнати-д-доимати ли-л-буҳуси-л-илмияти ва-л-ифто: 10/346]

2 months, 2 weeks ago

ҲАДИСҲОИ РАМАЗОНИ - [12]

- ДАР БОРАИ РӮЗАДОРЕ КИ АЗ РӮИ ФАРОМӮШИ БИХӮРАД Ё БИНӮШАД

Аз Абӯ Ҳурайра (Аллоҳ аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Расули Аллоҳ (дуруду паёми Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

مَنْ نَسِيَ وَهُوَ صَائِمٌ، فَأَكَلَ أَوْ شَرِبَ، فَلْيُتِمَّ صَوْمَهُ، فَإِنَّمَا أَطْعَمَهُ اللَّهُ وَسَقَاهُ

Агар касе рӯзадор буд ва дар ҳоли фаромӯши чизе хӯрд ва ё нӯшид, рӯзаашро комил кунад; зеро Аллоҳ ба ӯ об ва ғизо додааст. [Ривояти Муслим: 1155 ва Бухорӣ: 6669]

2 months, 3 weeks ago
We recommend to visit

Paid ads: https://telega.io/c/stalkerportall

Paid ads : https://adsly.me/@stalkerportall

Last updated 1 month, 1 week ago

https://t.me/joinchat/zX_QEb4T2VkxYjNi

Last updated 8 months, 1 week ago

SPORT2_tvning rasmiy kanali

https://uztv.tv/channels/sport1

Last updated 9 months, 1 week ago